Шиносоии муовини Сарвазир бо нашъунамои пахта

08 август 2025, Ҷумъа
20
Гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода бо кишти такрорӣ ва нашъунамои пахта дар ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни шиносоӣ ба вазъи истифодаи замин, парвариши зироати кишоварзӣ, риояи талаботи агротехникӣ ва имконияти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли пахта таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки истифодаи дурусти захираҳои мавҷуда ва ҷалби мутахассисони соҳа бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар хоҷагии деҳқонӣ қарор дошта бошад.
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Дафтари минтақавии Созмони байналмилалии муҳоҷират
Дар шаҳри Авазаи Туркманистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Конфронси сеюми СММ оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур ба хушкӣ бо роҳбари Дафтари минтақавии Созмони байналмилалии муҳоҷират барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Артур Эркен вохӯрд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Вазорат иттилоъ доданд.
Афзоиши ҳаҷми миёнаи музди меҳнат дар ҷумҳурӣ
«Натиҷаи татбиқи самараноки стратегияву барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуда, ба ҳолати 1-уми июни соли 2025 музди миёнаи меҳнати кормандони ҳамаи соҳаҳои ҷумҳурӣ 2665,9 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,2 фоиз ё 519,9 сомонӣ зиёд шудааст», – омадааст дар ҳисоботи интишорнамудаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Ҳамчунин, дар ҳисобот омадааст, ки музди миёнаи меҳнат дар соҳаҳои маориф 2441,92, тандурустӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ 1951,61, фарҳанг ва варзиш 2305,33, мақомоти идоракунӣ, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ 2275,67 сомониро ташкил медиҳад.
Иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф
6-уми август дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ оид ба ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф ҷаласаи корӣ баргузор гашт.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, зимни баррасии масъалаҳо иброз гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои муассир, аз ҷумла бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмиру таҷдиди синфхонаҳо, ҷалби омӯзгорони соҳибихтисос, ташкили даврҳои такмили ихтисосу семинарҳои омӯзишӣ ва тавсеаи соҳаи таҳсилоти томактабӣ, зарур мебошад.
Санаи нашр: 08.08.2025 №: 153