ИСТАРАВШАН. РОҲҲО РАМЗИ ОБОДИАНД

08 август 2025, Ҷумъа
12
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шаҳру деҳот рушду нумӯ ёфта, зебою дилрабо гардида истодаанд, ки нишони сулҳу ваҳдат буда, аз тантанаи давлатдории навини тоҷикон дарак медиҳад. Аз ҷумла, бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бунёд ва азнавсозии роҳҳо дар сатҳи баланд ҷараён доранд.
Маврид ба зикр аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеа аз рӯзҳои аввали фаъолияти кориашон ҳадафҳои стратегии мамлакатро муайян намуданд, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз онҳост.
Дар баробари бунёди иншооти таъиноташон гуногун, масъалаи таҷдиду навсозии роҳу кӯчаҳо низ дар маркази таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қарор дорад.
Чанде пеш, дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода корҳои мумфаршкунии роҳи деҳаҳои Қалъаи Баланд, Қалъачаи Калон, маҳаллаи Ясии деҳоти Гули Сурх, шаҳраки Истаравшан, деҳоти Зарҳалол ва шаҳраки Дилшод оғоз гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои мумфаршкунӣ, асосан, бо ташаббуси соҳибкорон ва аҳолии деҳот ба роҳ монда мешавад.
Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор
Санаи нашр: 08.08.2025 №: 153