ХАРИТАҲОИ МОҲВОРАВИИ РАҚАМӢ. НАЗОРАТИ ПИРЯХҲО МУҲИМ АСТ
Харитаҳои моҳворавии рақамӣ дар омӯзиши пиряхҳо ва равандҳои метеорологӣ, яъне пешгӯии вазъи боду ҳаво, нақши муҳим доранд. Ин аст, ки дар сартосари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, мониторинги тағйирёбии иқлим бо ёрии харитаҳои моҳворавии рақамӣ, масалан, Google Eearth, Landsat, Sentinel анҷом дода мешавад. Олимону мутахассисони соҳа бо истифода аз чунин харитаҳо ҳаракати пиряхҳо, обшавӣ ва ё афзоиши онҳоро пайгирӣ менамоянд.
Дар робита ба ин, Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, иброз дошт, ки дар самти яхшиносӣ дар ҷумҳурӣ мониторинги доимии пиряхҳо бо усули аэровизуалӣ бо истифода аз чархбол ва, ҳамчунин, фаъолияти экспедитсияҳо ба роҳ монда мешавад. Азбаски анҷом додани омӯзиш ва таҳқиқоти пиряхҳо бо усули пиёда мушкил буда, вақт талаб менамояд, мутахассисони Агентӣ аз харитаҳои моҳворавии рақамӣ ва дронҳо самаранок истифода мебаранд. Агентӣ, ки бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ҳамкории зич ба роҳ мондааст, ба харитаҳои рақамӣ дастрасӣ дорад.
Дарвоқеъ, харитаҳои рақамӣ чун технологияи пешрафта корҳои омӯзишию таҳқиқотӣ ва дигар самтҳои алоқаманд ба обу иқлимро хеле осон дақиқ менамоянд. Дар самти метеорология низ барои омӯзиш ва пешгӯии вазъи боду ҳаво истифода шуда, маълумот оид ба ҳарорат, боришот, шамол, фишор ва ғайраро нишон медиҳанд.
Камолиддин Назирзода, муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ, изҳор дошт, ки харитаҳои рақамӣ дар асоси аксҳои моҳворавӣ таҳия шуда, мунтазам навсозӣ ва коркард мешаванд. Агентии обуҳавошиносӣ дорои бойгонии маълумот оид ба обу иқлим ва пиряхшиносӣ мебошад, ки аз ҷониби олимони тоҷик ва хориҷа тули садсолаҳо омӯхта шудааст. Маълумот дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла дар харитаҳо, ҷо шуда, махзани азимеро ташкил медиҳанд, ки олимон ва мутахассисони соҳа аз онҳо самаранок истифода мебаранд. Вале, бо назардошти пешрафти илму техника, ки мушоҳидаҳои кайҳонӣ вусъат ёфтаанд, харитаҳои рақамӣ бештар мавриди истифода қарор дода мешаванд. Аз ин ҷост, ки дар Агентии обуҳавошиносӣ ба баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ҷиҳати кор бо технологияи муосир тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ мутахассисони яхшинос тариқи квота дар донишигоҳҳои байналмилалӣ таҳсил намуда, соҳибкасб мегарданд.
Харитаҳои рақамӣ, дар навбати худ, барои муқоисаи тасвирҳои гуногун ҷиҳати сабти тағйирот дар майдони пиряхҳо ва ғафсии ях низ ёрӣ мерасонанд. Системаҳои иттилоотии ҷуғрофӣ имкон медиҳанд, ки дар харитаҳо топографияи пиряхҳо ва релефи гирду атроф сохта шаванд, ки барои беҳтар фаҳмидани сохтори пиряхҳо мусоидат мекунад. Бо истифодаи маълумот аз харитаҳо ва моделҳои рақамӣ муҳаққиқон метавонанд пешгӯӣ кунанд, ки пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим чӣ гуна тағйир меёбанд.
Таҳияи Барномаи минтақавии аз пиряхҳо то хоҷагидорон низ барои пешбурди мониторинги пиряхҳо ва дастгирии хоҷагидорон ҷиҳати мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо равона мегардад. Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд ва Фонди «иқлими сабз» роҳандозӣ гардида, амалисозии он ба маблағи 3,5 миллиард доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Барнома 9 мамлакат – кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Қафқоз – Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Покистонро фаро гирифта, аллакай, корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд.
Ҳамин тариқ, дар самти ҳифзу нигоҳдории пиряхҳо, ки аз масъалаи муҳим дар ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад, истифода аз илм ва технологияҳои муосир, ба монанди харитаҳои моҳворавии рақамӣ, бамаврид аст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 08.08.2025 №: 153
