ШОМИ ШАНБЕ

Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «АДИБОНИ МУОСИРИ ТОҶИК»
Дар ин филворд ном ё насаби адибони муосири тоҷик ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛОҲ
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ГРОССМЕЙСТЕР»:
1. Абдусатторов. 2. Карлсен. 3. Доммараҷу. 4. Алехин. 5. Фирӯзҷоҳ. 6. Прагнанандҳа. 7. Накамура.
8. Амонатов. 9. Каруана. 10. Эригайси. 11. Фишер. 12. Карпов. 13. Каспаров. 14. Полгар. 15. Тал. 16. Вашйе-Лаграв. 17. Бронштейн. 18. Авербах. 19. Чибурданидзе. 20. Ифан.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ЮДИТ – БЕҲТАРИН БОНУИ ШОҲМОТБОЗ
Коршиносони шоҳмот дар таърих Юдит Полгари маҷористониро миёни занон пурзӯртарин шоҳмотбози тамоми давру замонҳо эътироф мекунанд.
Аз ҳама аҷиб он аст, ки Юдит миёни бонувон чемпиони ҷаҳон нест, зеро ӯ танҳо бо мардон қувва меозмуд. Ӯ унвони гроссмейстериро миёни мардон ҳанӯз дар 15-солагияш касб мекунад.
Юдит Полгар тули фаъолияти касбияш чемпионҳои ҷаҳон Борис Спасский, Анатолий Карпов, Гарри Каспаров, Вишванатан Ананд ва Магнус Карлсенро мағлуб кардааст.
Алексей Широв, ки яке аз гроссмейстерҳои қавии олам ба ҳисоб меравад, дар бораи ин хонуми эъҷозкор чунин гуфтааст: «Бонуи ниҳоят пурмаҳорат аст; мот гузоштанро ҳанӯз 20 гашт пешакӣ ҳис мекунад».
Аз русӣ тарҷимаи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА
АВВАЛИН ЭЛЕКТРОМОБИЛ
Чуноне ҳамагон шоҳидем, имрӯзҳо дар олам электромобилҳо маъруфияти зиёд касб менамоянд. Аммо дар ҳамин ҳол кам касоне медонанд, ки ихтирои электромобил падидаи нав набуда, таърихи беш аз садсола дорад.
Тибқи иттилои сомонаи www.ecofactortech.com аввалин электромобилро соли 1839 Роберт Андерсони шотландӣ сохтааст.
Тарҳи он хеле одӣ буда, шакли аробаро дошт. Дар Британияи Кабир ин автомобилро «аробаи барқӣ» ном мебурданд. Электромобилро батареяҳои барқӣ ба ҳаракат медароварданду суръаташ дар як соат 15 километрро ташкил медод.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА
FACEBOOK ҲАЁТИ МӮЙСАФЕДИ БЕКАСРО ТАҒЙИР ДОД
Раймундо Арруда Собринои наздик 80-сола ҳарчанд бехонаву дар кӯчаву паскӯчаҳо ба хорӣ ба сар мебурд, беш аз 35 сол шеъру ҳикоя эҷод мекард. Умед дошт, ки рӯзе нигоштаҳояшро касе мехонад.
Ниҳоят он рӯз фаро расиду соли 2011 Шалла ном бонуи шиносаш яке аз шеърҳои ӯро дар саҳифаи Facebook ба оламиён паҳн кард.
Дар як муддати кӯтоҳ офаридаҳояш сазовори таҳсину мақбули дилҳову шуҳраташ ҷаҳонӣ мешавад.
Дар авҷи шуҳрат дар зиндагии ӯ боз воқеаи дигари фараҳбахше рух медиҳад. Бародаре, ки солиёни зиёд бедарак буд, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ Раймундоро пайдо мекунад ва ҳоло онҳо дар хонаи боҳашамате дар ҳалқаи пайвандону наздикон умр ба сар мебаранд.
Омодасоз Кароматулло АТО
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ТАБРИКОТИ ҒАЙРИМУҚАРРАРӢ
Оне, ки ҳамасола роҳбарони давлатҳо мардумони худро ба муносибати иду ҷашнҳо табрик мекунанд, як амри воқеӣ ва далели башардӯстист. Аммо боз ҳастанд табрикоте, ки дар таърих назир надоранд. Фарзи мисол, вақте роҳбари як давлат дар рӯзи ид мардуми кишвари дигарро табрик мекунад, дар назар ғайриодӣ менамояд. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки соли 1987 мардуми собиқ шуравиро ба муносибати 1-уми январ – Соли нави мелодӣ на Михаил Горбачёв, балки Роналд Рейган, Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табрик намуда буд. Асли воқеа ин аст, ки баъди имзои шартнома байни Иттифоқи Шуравӣ ва ИМА дар бораи нобуд сохтани ракетаҳои миёна ва кӯтоҳпарвоз ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки ба ин муносибат, мардумони кишвари якдигарро бо фарорасии Соли нави мелодӣ расман тавассути телевизион табрик мекунанд. Ҳамин тавр, баробари занги соат ва фарорасии 1-уми январ Михаил Горбачёв мардуми Амрико ва Роналд Рейган мардуми шуравиро табрик намуданд.
Воқеан, табрикоти солинавии ҳар ду роҳбар ҳам аз дӯстӣ оғоз гаштаву бо таъкиди тақвияти сулҳу осоиш миёни мардумон анҷом меёбад, ки шоистаи таваҷҷуҳ аст.
Аз русӣ тарҷумаи С. РАҲМОНЗОДА
ДАР ҲАҚИҚАТ, САГ ВАФОДОР АСТ
Духтараки амрикоӣ Лилия, Макс – саги хизматии модари пулисашро ниҳоят дӯст медошт. Вақте модарашро аз даст дод, мақомот аз рӯи қоида сагро ба музояда гузошт.
Вақте Максро беш аз 3000 доллар нарх карданд, аз чашмони Лилия ашк ҷорӣ шуд, зеро ӯ ҳамагӣ 52 доллар дошт. Ногаҳон дар миёни музояда Макс Лилияро дида, ба назди ӯ шитофту паҳлуяш нишаст. Духтарак бо ашки резон сагро сахт ба оғӯш гирифт. Иштирокдорони музояда аз асли воқеа хабардор шуда, дархостҳои худро бозпас гирифтанд ва ба Лилия имкон доданд, ки Максро бо 52 доллари доштааш харида, ба хона барад.
Ёдовар мешавем, ки дар баъзе иёлатҳои Амрико пас аз ба нафақа баромадан, сагҳои хидматӣ ба музояда гузошта мешаванд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ГӮШКАШӢ
Дар бораи хобондани чилики пой гуфта будем, аммо дар бораи мусобиқаи гӯшкашӣ оё шунидаед? Шояд танҳо эскимосҳо шунида бошанд, зеро чунин мусобиқа дар доираи бозиҳои ҷаҳонии эскимосҳои Ҳиндустон гузаронда мешавад.
Моҳияти мусобиқаи гӯшкашӣ чунин аст: ба гӯши ду ҳариф, ки муқобили якдигар нишастаанд, ресмони мумдор мебанданд. Бо оғози мусобиқа, варзишгарон бояд ресмонро ба сӯйи худ кашанд. Бозӣ то он даме ки ресмон аз гӯши яке аз рақибон ҷудо шавад ва ё яке аз онҳо таслим гардад, идома меёбад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
РЕАНИМАТСИЯ
Духтур чун мебинад, ки бемор баъди наркоз ба худ омадааст, даъво мекунад:
– Як одами каппа-калон чаро пеш аз ҷарроҳӣ дасту почак зада, осмонро ба сар бардоштед? Ақаллан фикри ҳамсаратонро накардед, ки мабодо тарсида мемонад, бечора?
– Духтурҷон, ман ҳам барои ҳамсарам дод гуфтам, охир ӯ бояд ҷарроҳӣ мешуд, на ман.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
БО ПУЛИ СУҒУРТА
Ҳуҷраи ҷарроҳ:
– Духтур мехи дар болои гӯши бемор даромадаро дида мепурсад?
– Дард мекунад?
– Ҳмммм.
– Кашида гирифтан даркор?
– Ҳмммм.
– 100 сомонӣ.
– Чӣ хел 100 сомонӣ? Ман суғурта дорам-ку.
– Бо пули суғурта мо метавонем мехро камтари дигар зада, дарун дарорем, то дар вақти хоб ба шумо халал нарасонад.
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
10 НАФАРЕ, КИ ДАР СОҲАИ ТИБ ТАҲАВВУЛОТ КАРДАНД
3. КЛАВДИЙ ГАЛЕН (солҳои 129-216 милодӣ)
Табиби бузурги Рими Қадим, ки муддати тулонӣ дар мактаби гладиаторҳо ҳамчун ҷарроҳ кор мекард, бори нахуст дар таърихи тиб усулҳои нави табобати захмҳо ва давои устухонҳои баромадаву шикастаро ихтироъ намуд. Гален, инчунин, аввалин шуда, усули кушодани мағзи сарро ихтироъ кард ва тавзеҳ дод.
Табиб озмоишҳояшро ғайр аз одамон дар ҳайвонҳо низ мегузаронд. То ихтирои Гален касе фикр намекард, ки узвҳои ҳайвону одам монанданд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ПАНҶ ДОНИШГОҲИ БУЗУРГТАРИНИ ОЛАМ
1. Донишгоҳи миллии озоди ба номи Индира Ганди
Донишгоҳи миллии озоди ба номи Индира Ганди (Indira Gandhi National Open University), воқеъ дар пойтахти Ҳиндустон – Деҳлии Нав, соли 1985 таъсис ёфтааст ва яке аз маконҳои бузургтарини илму маърифат дар тамоми ҷаҳон ба шумор меравад. Донишгоҳи мазкур дорои 67 маркази минтақавӣ, тақрибан 3000 маркази дастгирии донишҷӯён дар сартосари Ҳиндустон ва марказҳо дар 36 кишвари дигар мебошад. Дар Донишгоҳ аз 3,5 то 4 миллион донишҷӯ таҳсил мекунад.
Таҳияи З. ҚУТБИДДИН
НИТА АМБАНИ ВА ДОРОИИ Ӯ
Нита Амбани яке аз сарватмандтарин бонуи Ҳиндустон мебошад. Шавҳари ӯ Мукеш Амбани низ миллиарддор буда, дороии оилаи онҳо ба 117,8 миллиард доллари ИМА (марти соли 2024) мерасад.
Хонаи 27-ошёнаи ӯ яке аз гаронарзиштарин биноҳо дар ҷаҳон буда, 173 метр баландӣ дошта, масоҳаташ 37 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳар як ошёна бо тарзи тарроҳии хос оро ёфтааст. Бино 9 лифт, 3 майдон барои фуруди чархбол, гаражи 6-ошёнаи зеризаминӣ, кинотеатр, меҳмонхонаи боҳашамат ва дигар ҷойҳои диданибоб дорад.
Мошини тамғаи «Мерседес»-аш бо алмос оро дода шудааст. Дар маҷмуъ, ин оила 170 мошини гаронарзиш дорад.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ЧӢ ТАВР ЯК ҶАВОНИ ОДӢ БА РАМЗИ ҲОЛЛИВУД ТАБДИЛ ЁФТ?
Силвестр Сталлоне бо фалаҷи тарафи чапи рӯй ва нуқси нутқ таваллуд мешавад. Наврасӣ ва ҷавонии ӯ оворагиҳои зиёд дошт. Аз нокомиву зиндагии хоксорона ҳатто боре ноилоҷ сагашро мефурӯшад, то шикамсерӣ нон хӯрад. Аммо як воқеа ҳаёти ӯро ба кулли тағйир дод. Вай пас аз тамошои муҳорибаи Муҳаммад Алӣ ва Чак Уэпнер, дар давоми 3,5 рӯз сенарияи филми «Рокки»-ро навишт ва дар он нақши асосиро офарид.
Филм 220 миллион доллар даромад ба даст оварда, се ҷоизаи «Оскар», аз ҷумла «Беҳтарин филм»-ро сазовор гашт ва ба Сталлоне 2,5 миллион доллар фоида овард.
Имрӯз дороии ӯ беш аз 400 миллион доллар аст.
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
ДУ РАҲНАМОӢ
Тоҷире аз Бағдод дар бозор Баҳлулро вохӯрда, пурсид:
– Ҳазрат маслиҳат медодед, аз савдои чӣ хел мол фоидаи калон бигирам?
– Оҳану пахта харед, – ҷавоб дод Баҳлул.
Тоҷир фармударо иҷро кард ва фоидаи калон ба даст оварда, мағрур шуд.
Ниҳоят вақте бори дуюм Баҳлулро дид, боз пурсид:
– Эй Баҳлули девона, мегуфтӣ, ман чӣ хел мол савдо кунам, ки аз он фоидаи калон гирам?
– Пиёзу харбуза харед, – ҷавоб дод Баҳлул.
Тоҷир пиёзу харбуза харид, аммо сол гарм омаду ҳама молаш пӯсид. Тоҷир маҷбур шуд онҳоро ба дарё андозад.
Пас аз он Баҳлулро ҷустуҷӯ кард, ёфту бо ғазаб гуфт:
– Аз маслиҳати ту зарари зиёд дидам, қарздор шудам-ку?!
– Ба ту маслиҳате додам, ки ба саломат мувофиқ буд... Бори аввал ба ман “Ҳазрат” – гӯён муроҷиат кардӣ, ман бо эҳтиром ҷавоб додаму маслиҳат, вале дафъаи дигар маро “девона” гуфтӣ ва ман мисли девона туро роҳнамоӣ кардам, – гуфт Баҳлул.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
Ягона футболбозе, ки дар таърихи чемпионати ҷаҳон дар як бозӣ панҷ (пента-трик) гол задааст, бозигари тими Русия Олег Соленко мебошад. Ӯ 28-уми июни соли 1994 зимни вохӯрии дастааш бо тими Камерун (марҳалаи гурӯҳӣ) дар 59 дақиқа ба дарвозаи ҳариф панҷ тӯб ворид карда, рекорд гузошт, ки то ҳол пойдор аст. 75 ҳазор мухлис дар майдони футбол шоҳиди ин рӯйдоди таърихӣ гардида буд.
Ҳамлагари рус, инчунин, ба дарвозаи тими Шведсия як голи дигар зада, бо Христо Стоичкови булғорӣ (ҳар ду шашголӣ заданд) беҳтарин нишонзани ҷоми ҷаҳонии соли 1994 дониста шуда буд.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
КӮДАК АЗ ПАДАРУ МОДАР ЧӢ МЕРОС МЕГИРАД?
Фарзанд қобилиятҳои зеҳниро аз кӣ мерос мегирад? Агар писар бошад, аз модар, духтар бошад, аз ҳар ду волидайн. Ҳуҷайраҳои модар бештар ба хотира, тафаккур, нутқ ва дарк таъсир мерасонанд. Ҳуҷайраҳои падар ба руҳия, ғариза ва ҳиссиёт.
Қади кӯдак аз падар, чуқураки рухсор (ямочка) аз модар, чуқураки манаҳ аз падар, саломатии дандонҳо ва надоштани вазни зиёдатӣ аз падар (агар падар фарбеҳ бошад, кӯдак низ зуд вазн мегирад), бемориҳои руҳӣ, асосан, аз падар ба фарзандон мерос мемонад. Хусусиятҳои хоб аз модар мегузарад. Агар модар сабукхоб ё вазнинхоб бошаду бедорхобӣ кашад, эҳтимол фарзандаш низ ҳамин хел мешавад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ҶЕНИФЕР ЛОПЕС ВА АСРОРИ ҶАВОНИИ Ӯ
Чаро Ҷенифер Лопес дар синни 56-солагӣ 30-сола менамояд? Вай се сирри ин қадар ҷавон монданро ошкор кардааст. Аввалан, ин машқҳое мебошанд, ки ӯ дар як рӯз ду соат анҷом медиҳад, махсусан машқҳои ҷаҳидан бо ресмон ва давидан. Барои ин, ӯ дар як ҳафта 10 ҳазор доллар ба мураббиёни шахсӣ ва диетологҳо маош медиҳад.
Дуюм, назорати қатъии парҳез. Ҷенифер дар як рӯз ҳазор доллар барои харидани меваи черника, тухми чиа ва лосос харҷ мекунад. Ӯ аз хӯрдани шакар ва хӯрокҳои коркардшуда худдорӣ ва дар як сол барои витаминҳо 10 ҳазор доллар сарф менамояд.
Сеюм, хоби комил ва омодагии равонӣ. Ҷенифер ҳар шаб камаш 7 соат хоб мекунад. Ҳар саҳар 30 дақиқа ба йога машғул мешавад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
Чорасози бечора
Адиби ҳамсоя дирӯз китобашро бо номи “Чӣ гуна пулёб шавем?” навишта тамом кард. Имрӯз бошад, дар ҷустуҷӯйи маблағ аст, то онро илоҷе карда ба нашр расонад.
Аз англисӣ тарҷумаи Шодмон АБДУРАҲИМ
Хабари хуш
– Ҳамсоя, сагатон имрӯз боз як мурғи дигарамро хӯрдааст.
– Ташаккур барои хабари хуш, кори ман осон шуд. Имрӯз ба ин ҷинояткор хӯрок намедиҳам.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
КӮДАК АЗ ПАДАРУ МОДАР ЧӢ МЕРОС МЕГИРАД?
Фарзанд қобилиятҳои зеҳниро аз кӣ мерос мегирад? Агар писар бошад, аз модар, духтар бошад, аз ҳар ду волидайн. Ҳуҷайраҳои модар бештар ба хотира, тафаккур, нутқ ва дарк таъсир мерасонанд. Ҳуҷайраҳои падар ба руҳия, ғариза ва ҳиссиёт.
Қади кӯдак аз падар, чуқураки рухсор (ямочка) аз модар, чуқураки манаҳ аз падар, саломатии дандонҳо ва надоштани вазни зиёдатӣ аз падар (агар падар фарбеҳ бошад, кӯдак низ зуд вазн мегирад), бемориҳои руҳӣ, асосан, аз падар ба фарзандон мерос мемонад. Хусусиятҳои хоб аз модар мегузарад. Агар модар сабукхоб ё вазнинхоб бошаду бедорхобӣ кашад, эҳтимол фарзандаш низ ҳамин хел мешавад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ОДАТҲОИ АҶИБ
КОРЕЯИ ҶАНУБӢ
1. Дар ин кишвар “4” ҳамчун рақами бадбахтӣ дониста мешавад, зеро талаффузи он (са) ба калимаи марг монанд аст. Бинобар ин, дар бисёр биноҳо ошёнаи чорумро “f” менависанд ё рақамашро намегузоранд.
2. Дар Корея ҳини маросими азодорӣ чӯбчаро дар ғизо рост гузоштан иҷозат аст. Ҳарчанд анҷоми ин кор дар рӯзҳои муқаррарӣ таҳқир дониста мешавад.
3. Дар Корея дӯстдоштаҳо оғози шиносоияшонро пас аз ҳар 100 рӯз ҷашн мегиранд.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
Санаи нашр: 08.08.2025 №: 153
