Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад

11 август 2025, Душанбе
23


Шурои иҷроияи директорони Бонки ҷаҳонӣ татбиқи барномаи «Дастгирии сиёсати рушди устувор – Тоҷикистони рақобатпазир ва фарогир»-ро, ки ба маблағи 50 миллион доллари ИМА аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) ҳамчун грант маблағгузорӣ мешавад, тасдиқ намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ин амалиёт ҷузъи муҳими ҳамкории стратегии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ буда, ҳадафи он дастгирии барномаҳои ислоҳотии Ҳукумат дар самти густариши рақобат дар иқтисод, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ, таҳкими бахши давлатӣ барои беҳтар намудани сифат ва дастрасӣ ба хизматрасониҳо мебошад.


Ҷаласаи Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламенти Қазоқистон
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламенти Қазоқистон баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар он масъалаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ба вазъи феълии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои он, бахусус тавсеаи инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.


Омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ вобаста ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз 16-ум то 18-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, брифинг доир шуд.
Дар ҳамоиш ба масъулони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон оид ба ҷараёни омодагӣ ба Форум, масъалаҳои марбут ба корҳои тадорукотӣ, барномаи чорабинӣ ва ҷузъиёти логистикӣ маълумоти муфассал манзур гардид.
Ёдовар мешавем, ки Форум бо мақсади ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ, густариши ҳамкориҳо, муаррифии иқтидори табиӣ, фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат гузаронда мешавад.


Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар шаҳри Абу-Забӣ мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар АМА Ашрафҷон Гулов бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Аморот шайх Абдулло ибни Зойид оли Наҳаён доир гашт.
Зимни мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба миёни Тоҷикистону АМА ва роҳҳои густаришу тақвияти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст.


Дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия
Дар шаҳри Анкара сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия Содиқ Имомӣ бо президенти Иттиҳоди палатаҳо ва биржаҳои молии Туркия (TOBB) Рифат Ҳисарҷиклиоғлу вохӯрд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, зарурати густариши робитаҳо байни доираҳои соҳибкории ҳар ду давлат таъкид шуд.


Ҳамкории Тоҷикистон бо БР СММ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш
8-уми август дар шаҳри Душанбе раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода бо роҳбари Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Судипто Мукерҷи мулоқот кард.
Дар Кумита ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки зимни он дурнамои ҳамкории минбаъда баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки Барномаи рушди СММ яке аз шарикони боэътимод дар татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, бо дастгирии Барнома 7 гӯшаи эҷодӣ дар марказҳои ҷавонони мамлакат таъмир ва бо техникаи муосир муҷаҳҳаз гашта, майдончаи варзиш дар ноҳияи Рӯшон таъмир шуд.

Санаи нашр: 11.08.2025 №: 154