МАРКЕТИНГИ РАҚАМӢ. АҲАМИЯТ ВА ВАЗИФАҲОИ ОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

11 август 2025, Душанбе
19


Дар ҷаҳони муосир технологияҳои рақамӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии субъектҳои хоҷагидорӣ маҳсуб меёбанд. Маркетинги рақамӣ (digital marketing) аз ҷумлаи технологияҳои рақамӣ буда, яке аз воситаҳои муҳими пешбурди маҳсулот ва хизматрасонӣ бо истифода аз шабакаҳои интернет ва воситаҳои рақамӣ барои ҷалб ва фарогирии бештари истеъмолкунандагон мебошад.
Абдураҳмон Ҳакимзода, мудири кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки мафҳуми маркетинги рақамӣ аввалин маротиба соли 1990 дар ҷаҳон истифода бурда шуд. Асри рақамӣ бо пайдо шудани интернет ва рушди платформаи “Web 1.0”, ки барои ёфтани маълумоти лозимӣ ба воситаи интернет истифода мешавад, робитаи зич дорад. Он замон маркетологҳо дар тамоми ҷаҳон ба платформаи рақамӣ ва амалӣ гаштани стратегияҳои худ, ки он вақт интернет он қадар васеъ паҳн нашуда буд, бовар надоштанд. Соли 1993 аввалин баннери интерактивӣ ба вуҷуд омад, ки баъди он HotWired чандин чунин баннерҳоро барои таблиғи худ ихтироъ кард. Ҳамин тавр, соли 1994 дар бозори рақамӣ технологияҳои нав пайдо гардиданд.
Бино ба шарҳи ӯ, вазифаҳои асосии маркетинги рақамӣ пешбурди мол ва хизматрасониҳо, ҳамзамон, афзоиши амалисозии онҳо бо ёрии усулҳои гуногун, аз қабили ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳ доштани иттилоот дар бораи истифодабарандагони молу хизматрасониҳои ширкат, баланд бардоштани шуҳрати бренд ва амсоли инро дар бар мегирад.
Тавре ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, самти дигари муҳим ин дастгирии истифодабарандагон, яъне ба муштариён пешниҳод намудани хизматрасониҳо қабл аз харид, дар вақти харид ва баъди он мебошад. Дастгирии дурусти истифодабарандагон имкон медиҳад, ки камбудиҳои маҳсулот бартараф ва дараҷаи назарҳои бад кам карда шавад. Истифодабаранда бояд ғамхорӣ ва кумакро оид ба беҳтар намудани маҳсулоти ширкат эҳсос намояд. Бояд ҷалби бештари истифодабарандагонро ба даст оварем. Агар замима ё маҳсулоти ширкат дар бозор нодир набошад, он гоҳ таҷрибаи истифодабаранда яке аз нишондиҳандаҳои асосии таъсир ба интихоби он ба шумор меравад.
Ҳамин тавр, маркетинги рақамӣ ҳамчун шакли пешбурди маҳсулот ва хизматрасонӣ бо истифода аз технология, восита, шабака, усул, интернет-хизматрасониҳо ва дигар имкониятҳои муҳити рақамӣ оид ба пешбурди брендҳои ширкату корхонаҳо дар бозори рақобатӣ ва афзоиши фурӯши маҳсулот нигаронда шудааст.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.08.2025 №: 154