БОЗТОБИ АҲАМИЯТИ ТАШАББУСИ НАВИ ТОҶИКИСТОН ДАР “АЛ-АҲРОМ”
Чанде пеш, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Дере нагузашта ин ташаббуси Тоҷикистон номи кишвари моро дигарбора ба сархати расонаҳои хориҷӣ бурд. Бахусус, дар ин бора сомона ва расонаҳои бонуфузи кишварҳои араб, аз ҷумла “Ал-Аҳром” гузориши муфассал нашр кард.
“Ал-Аҳром” зери унвони “Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи таърихиеро таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нави рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, якдилона қабул кард” маводе ба нашр расонд, ки дар он исми Тоҷикистон ба некӣ ёд мешавад. Нашрия таъкидан менависад, ки ташаббуси мазкур, аслан, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 24-уми сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.
Гуфта мешавад, ки санади мазкур бо бархӯрдорӣ аз пуштибонии якдилонаи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қадами муҳиме дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ, мебошад.
Илова бар ин, ин қатънома, ҳамчунин, механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян мекунад. Яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки он ба ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Манбаъ зикр мекунад, ки амали намудани ин рӯйкардҳо ба таъсиси низомҳои бехатар, боэътимод ва боварибахши зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, мувозинати байни танзим, навоварӣ ва механизмҳои худидоракунии дохилиро таъмин карда, барои дигар минтақаҳои ҷаҳон намунаи ибрат хоҳад буд.
Яке аз сархатҳои ҷолиби гузориш он аст, ки ҳатто дар мавриди Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе маълумот меорад ва зикр мекунад, ки он ба тезондани раванди татбиқи ташаббусҳои асосии марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла самтҳои зерини марбута, мусоидат хоҳад кард:
– пешбурди барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисон ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни паркҳои технологӣ дар минтақа;
– роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳои минтақа;
– ташкили шабакаи муштараки марказҳои ҷамъоварии маълумот барои афзоиши дастрасӣ ба зерсохтори ҳисоббарорӣ дар кишварҳои минтақа;
– ҳамоҳангсозии талошҳои миллӣ бо мақсади қабули принсипҳои умумии мудирияти ҳамоҳангшуда, масъулиятнок ва худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ;
– пешбурди ташаббусҳои марбутаи ҷаҳонӣ бо шарикони байналмилалӣ.
Гузориши овардаи мо яке аз он матолибе мебошад, ки дар фазои иттилоотии кишварҳои араб бо номи Тоҷикистон давр мезананд. “Ал-Аҳром” дар ин матлаб чунин хулоса мекунад: “Бешубҳа, қабули қатъномаи Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ нақши муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва аҳамияти таърихии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд”.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
