НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН. РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ САЙЁҲӢ ДАР МАРҲАЛАИ НАВ
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол ободу зебо гардида, инфросохтори он батадриҷ рушд мекунад. Дар давраи истиқлоли давлатӣ дар ноҳия даҳҳо биноҳои маъмуриву маишӣ қомат афрохта, роҳҳову пулҳо бунёду навсозӣ шуданд.
Танҳо дар зарфи даҳ соли охир дар ноҳия биноҳҳои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, қасри фарҳанг, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, бахши ҳифзи муҳити зист, бозори марказӣ, муассисаҳои таълимии №№ 1, 8, 20, 28 боғи Парчам ва Нишони давлатӣ, бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, фонди нафақа, нозироти андоз, комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, филиали бонки давлатии «Амонатбонк №65», корхонаи коркарди меваю сабзавот, коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, шуъбаи маориф, кумитаи идораи замин, маркази ҷавонон ва аз ҳама муҳим қитъаи роҳи байналмилалии Кӯлоб – Қулма қитъаи Шуробод – Шоҳон ва Шамсиддин Шоҳин – Кӯлоб мавриди истифода қарор дода шуда, айни ҳол сохтмони майдони варзиш барои 6 ҳазор ҷойи нишаст, бинои маъмурии корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия, муассисаи томактабӣ дар маркази ноҳия ва дигар иншооти муҳим бо маром идома дошта, аксарият соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Сокинони ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати пиёда сохтани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат ҳамеша дар талош мебошанд. Зеро аз соли 2022 инҷониб тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия то рӯзи Ҷашн дар ноҳия сохтмони 216 иншооти хурду бузурги маишиву хизматрасонӣ, маъмурӣ, роҳу пулҳо ба нақша гирифта шудааст, ки то ин муддат 135 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар тули истиқлоли давлатӣ маҳз бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия бамаротиб афзоиш ёфта, вазъи соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ беҳтар гардиданд. Дар ин муддат шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 47, тандурустӣ 50 ва фарҳанг ба 33 адад расонда шуданд.
Имрӯз хурду калони ноҳия бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъона саъю талош намуда истодаанд. Бешак, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин макони дилрабоеро мемонад, зеро маҳз бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ва қомат афрохтани биноҳои маишию хизматрасонӣ ва маъмурию ҷамъиятӣ имрӯз симои худро ба куллӣ тағйир дода, қобили таваҷҷуҳ гардидааст.
Фаридун РАҲМОНИЁН,
мудири бахши рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Санаи нашр: 12.08.2025 №: 155
