НУРОБОД. 35-СОЛАГИИ ҶАШНИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ МОНДАГОР ХОҲАД БУД
Сокинони шарафманди ноҳияи Нуробод бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ифтихор аз ватандорӣ таҳти роҳбарӣ ва дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, амалигардонии ҳадафҳои Стратегии Ҳукумати мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саъю кӯшиш доранд.
Бо тасдиқи ин гуфтаҳо Фатҳуддин Солеҳзода раиси ноҳияи Нуробод иброз дошт, ки аҳли заҳмати ноҳия бо талошу заҳмат ва боварӣ ба ояндаи нек нимсолаи якуми соли 2025-ро бо нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ҷамъбаст намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ иҷрои қисми даромади буҷети ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 105,1 фоиз, даромади буҷети маҳаллӣ ба ҷойи 8 миллиону 299 ҳазору 999 сомонӣ, 10 миллиону 643 ҳазору 558 сомонӣ таъмин гардид.
Дар ноҳия ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ 1411 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуд ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 145 субъекти фаъолияткунанда зиёд аст.
Дар нимсолаи якум бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон 8,1 миллион сомонӣ қарзҳои хурд доданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта 0,4 миллион сомонӣ бештар мебошад. Ба ҳолати имрӯза дар ноҳия 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мегардад, ки маблағи умумии аз ин ҳисоб азхудшуда 155,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 4850,9 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуд, ки аз ин 1651,4 га ғалладона ва лӯбиёиҳо, 340,8 га зироатҳои техникӣ, 636 га картошка, 391,3 га сабзавот ва 1829,3 га зироатҳои хӯроки чорво мебошад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои корҳои бунёдкорию созандагӣ ба шарафи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) бунёди 10 корхонаи хурди истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои коркарди чӯб, дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли хишти сабук, лӯлаҳои полиэтиленӣ, мебел, коркарди сангу шағал, мева (шарбат), маҳсулоти қаннодӣ ва нонӣ пешбинӣ шудааст, ки то имрӯз 8-тои он бо таъсиси 25 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиону 382 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 1,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҷамъоварии маблағи қувваи барқи истифодашуда 5,9 миллион сомонӣ ё 88,1 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 104 дарсадро, ташкил медиҳад.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026», бо қарори раиси ноҳияи Нуробод нақшаи чорабиниҳо иборат аз 22 банд тасдиқ гардид.
Барои ҳамаҷониба омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, нақшаи захиракунии миқдори зарурии сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, гази моеъ ва маводҳои зидди лағжиш, тасдиқ гардид.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 257 иншоот дар нақша аст, ки то имрӯз 180 иншоот сохта ба истифода дода шуд. Аз ин ҳисоб 276 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, корҳои сохтмону ободонӣ дар 73 иншооти дигар идома доранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 12.08.2025 №: 155
