АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

12 август 2025, Сешанбе
27
МОЛИЯ
Вазир дар бораи ғанисозии буҷетҳои маҳаллӣ ибрози андеша кард
Дар шашмоҳаи аввали соли равон даромади буҷети давлатӣ 27,5 миллиард сомонӣ ё 111,5 дарсадро ташкил намуд. Дар таркиби даромади буҷетӣ саҳми пардохтҳои андозӣ 12,7 миллиард сомонӣ ё 113,7 дарсади нақша ва пардохтҳои гумрукӣ 5,7 миллиард сомонӣ ё 112,2 дарсади нақшаро дар бар мегирад. Ҳамзамон, дар қисми даромади буҷет саҳми лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба 3,3 миллиард сомонӣ расид, ки аз ин 2,4 миллиарди он маблағи грантӣ ва 822,4 миллион маблағҳои қарзӣ мебошад.
Ин иттилоъро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон ироа дошт.
Дар ин радиф, ба гуфтаи вазир, даромади буҷети ҷумҳуривӣ ба 115,5 дарсади нақша ё 14,5 миллиард сомонӣ расида, воридоти маблағҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ 6,4 миллиард сомониро ташкил дод, ки 110,7 дарсади нақша аст. Вазир дар посух ба пурсиши хабарнигори рӯзнома роҳҳои ғанигардонии буҷетҳои маҳаллиро ба рушди бахши хусусӣ, бахусус истифодаи имкониятҳо дар самти истеҳсолот, рабт дода, аз рушди бештари онҳо дар ояндаи наздик изҳори бовар кард. Ба иттилои ӯ, ҳоло 10 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, қисме аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд то ҳол аз буҷети давлатӣ мусоидати молиявӣ (субвентсия) мегиранд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
ВАЗОРАТИ АДЛИЯ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ сари вақт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Вазорати адлия ва сохторҳои он 19 ҳазору 33 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 3609-то кам аст.
Ҳамаи онҳо мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор гирифта, дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои ҷумҳурӣ хулосаҳои дахлдор бароварда шуда, ба муроҷиаткунандагон пешниҳод гаштанд. Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 3 лоиҳаи қонун, 5 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.
Ин нуктаро Музаффар Ашуриён, вазири адлия, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт ва гуфт, ки дар ин давра, дар самти баррасии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ аз ҷониби мутахассисони Вазорат 2354 мавод мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо хулосаҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.
Шодмон АБДУРАҲИМ
ВКД
Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар мадди аввал
Дар давраи ҳисобатӣ, дар кишвар 13089 ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ сабт гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1285 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин давра 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 23 нафар барои содир намудани 73 ҷиноят ошкор шуд.
Дар ин хусус Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 333 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва 1574 ҷиноят аз тарафи ҷавонон содир гардид. Бинобар риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати роҳ дар ҳудуди мамлакат 635 садамаи нақлиётӣ ба амал омада, 279 нафар ба ҳалокат расида, 224 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.
– Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти шабонарӯзиро баҳри ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии зиддисӯхторӣ, ҳаракат дар роҳ, ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ, равона намудаанд, – гуфт Рамазон Раҳимзода.
Шодмон АБДУРАҲИМ
Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар мамлакат 8,1 фоизро ташкил дод
Дар нимсолаи якуми соли равон устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 70,8 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,1 фоизро ташкил дод. Мавриди зикр аст, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат дар моҳҳои январ-июни солҳои 2021-2025 нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2016-2020 2,9 баробар афзоиш ёфтааст.
Ин матлабро Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт ва илова намуд, ки дар моҳҳои январ-июни панҷ соли охир новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 8,1 фоизро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраҳои 5 соли қаблӣ (2016-2020) 1,9 банди фоизӣ баланд мебошад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ПРОКУРАТУРА
273 миллион сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқ рӯёнда шуд
Дар нимсолаи аввали соли 2025 ба мақомоти прокуратура 22 ҳазору 19 муроҷиат ворид гашт, ки дар асоси онҳо ҳуқуқу манфиатҳои 1657 шаҳрванд ҳифз гардиданд. Ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо оид ба замин, кормандони прокуратура 5233 нафарро ба ҷавобгарӣ кашиданд, 90,5 гектар замини ғасбгашта ба ҳолати аввала баргардонда шуд.
Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори генералӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гашт, ки прокуророн бо натиҷаи санҷиши вазъи риоя ва иҷрои қонунгузорӣ доир ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, ҳолатҳои зиёди дуздӣ ва талафоти беасоси қувваи барқ, тасарруфи таҷҳизот ва маблағҳои соҳа, порагирӣ, ғайриқонунӣ аз эътибор соқит намудани қарздории муштариён, беасос иваз кардани ҳисобкунакҳои барқӣ, ворид кардани тағйирот ба барномаи биллингӣ ошкор намудаанд.
Баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 3 ҳазору 813 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ кашида, 175 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 273 млн сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқ рӯёнда шуд.
Шодмон АБДУРАҲИМ
НУСРАТУЛЛО ДАВЛАТЗОДА:
“Мушкилоти техникӣ аз омилҳои пеш нарафтани пардохтҳои ғайринақдист”
Тайи шашмоҳаи аввали соли равон нақшаи даромади андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ 113 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 11 миллиарду 187,4 миллион сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 12 миллиарду 715,7 миллион сомонӣ ворид шуд. Бақияи қарзи андозӣ 975 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли пешӣ 235,6 дарсад ё 235,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Барои рӯёндан ва пешгирии зиёдшавии бақияи қарзи андоз аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба қарздорон 9,1 қарор оид ба маҷбуран ситондани андоз қабул шуд, ки маблағи он 670,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин хусус Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт.
Раиси Кумита дар мавриди пардохти ғайринақдии андозҳо ва амалиёти электронӣ изҳор дошт, ки ин иқдом ҳоло дар мадди назари аввал буда, тайи шашмоҳаи аввали сол 197,4 ҳазор субъекти хоҷагидор эъломияву ҳисоботи худро ба мақомоти андоз ба тарзи электронӣ пешниҳод намуданд. Ин 77,4 дарсади шумораи умумии субъектони хоҷагидорро ташкил медиҳад. Нусратулло Давлатов сабаби ба амалиёти электронӣ нагузаштани дигар андозсупорандагонро аз ҳисоби мушкилоти техникӣ доштани онҳо арзёбӣ кард.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
КОРРУПСИЯ
637,9 миллион сомонӣ ба манфиати давлат
Мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 246 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронда, 637,9 миллион сомониро ба манфиати давлат барқарор карданд.
Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод. Ҳамчунин, кормандони Агентӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар муассисаҳо 972 вохӯрӣ гузаронда, 1058 ҳолати содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқамандро ошкор намуданд.
Шодмон АБДУРАҲИМ
АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ, МЕҲНАТӢ, ИҶТИМОӢ ВА ЗАМИНАВӢ ЗИЁД МЕШАВАНД
Аз якуми сентябри соли равон нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 дарсад зиёд, яъне индексатсия мешаванд. Дар ин маврид ҳаштуми феврали соли равон фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид.
Тибқи ин фармон нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва заминавӣ мавриди индексатсия қарор ёфта, нафақаи суғуртавӣ аз 470,57 сомонӣ ба 517,63 сомонӣ, меҳнатӣ аз 586 сомонӣ ба 644,65 сомонӣ, иҷтимоӣ аз 330,60 сомонӣ ба 363,66 сомонӣ, нафақаи заминавӣ аз 325 сомонӣ ба 357,50 сомонӣ баробар мегардад.
Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт ва таъкид кард, ки ба ҳолати якуми июли соли равон шумораи нафақахӯрон ба 858191 кас расид ва 170052 нафарашро маъюбон ташкил медиҳанд.
Кароматулло АТО
Санаи нашр: 12.08.2025 №: 155