БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

12 август 2025, Сешанбе
26
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, бо ҷараёни омодагиҳо ба соли нави таҳсил дар Гимназияи №1-уми шаҳри Хуҷанд, кӯдакистони №9 ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд.
Зимни боздид ва суҳбат бо омӯзгорон масъалаи таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва истифодаи усулҳои нави таълим таъкид карда шуд. Дилрабо Мансурӣ масъулонро ҷиҳати таъмини пурраи хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, фароҳам овардани шароити таҳсил, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба соли таҳсили 2025-2026 вазифадор намуд.
Ба муовини Сарвазир иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии Гимназияи №1 аз 5 ошёна иборат буда, бо дарназардошти фарогирии 1400 хонанда дар ду баст бунёд мешавад ва то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор
МУЛОҚОТИ ХУРШЕД ШЕРАЛИЗОДА БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГИИ АГЕНТИИ ҶОПОН ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Ҳайати Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) таҳти роҳбарии хонум Негиши Саичи бо муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Шерализода мулоқот анҷом дод. Дар рафти мулоқот масъалаи амалисозии "Лоиҳаи беҳтаргардонии таҷҳизоти сканеркунии борҳо дар нуқтаи назорати гумрукӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд", ки дар хатсайри байналмилалии транскаспӣ ҷойгир аст, баррасӣ гардид.
Хонум Негиши Саичи аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳим барои JICA дар минтақа ба ҳисоб меравад ва таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ муҳим мебошад.
Гурӯҳи кории JICA масъалаи таҳияи тадқиқоти муфассал ва такмили лоиҳаи мазкурро бо ҳадафи таҳкими инфрасохтори сканеркунии гумрукӣ мавриди арзёбӣ қарор дод.
Зикр шуд, ки ҳайати JICA, ҳамчунин, бо намояндагони воҳидҳои марбутаи Хадамоти гумрук, аз ҷумла раёсати ташкили назорати гумрукӣ, маъмурияти СИАЯ, раёсати молиявию хоҷагӣ ва раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит вохӯриҳои алоҳида анҷом дода, дар мавриди самтҳои дахлдор ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Намояндагони ҷопонӣ, инчунин, аз Маркази коркарди маълумоти Хадамоти гумрук боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос гардиданд. Дар ин замина, сардори маъмурияти СИАЯ ба ҳайати меҳмонон дар бораи фаъолияти низомҳои мавҷуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо Протоколи ҷаласа оид ба гузарондани тадқиқоти омодасозӣ барои лоиҳаи такмили таҷҳизоти сканеркунии борҳо дар гумруки Спитаменро, ки дар хатсайри байналмилалии транскаспӣ ҷойгир аст, ба имзо расонданд. Инчунин, омодагии хешро ҷиҳати густариш ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти фаъолияти гумрукӣ изҳор доштанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
КӮЛОБ. БУНЁДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО АВҶИ ТОЗА МЕГИРАД
Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру навоҳӣ бунёду навсозии иншоот ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар партави тадбирҳои созандагии Ҳукумати мамлакат, соҳибкорону сокинони шарафманди кишвар дар таҷдиду таъмири роҳҳои кӯчаю деҳоти дурдаст саҳм мегузоранд.
8-уми август раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Кӯлоб бо сокинони деҳаи Хонаобод мулоқот намуда, бо рафти корҳои мумфаршкунӣ дар деҳаи мазкур шинос гардид.
Дар асоси дастуру ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон ҳудуди 1 километр роҳи маҳаллаи Офтобрӯяи шаҳрро мумфарш намуда, дар ободии Ватан саҳм гузоштанд.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
“НАВРӮЗНОМА”
“Мо, тоҷикон, таърихи куҳану фарҳанги ғанӣ дорем ва аз ин сарвати бебаҳои миллии худ ифтихор мекунем. Вале, мутаассифона, шахсоне низ ҳастанд, ки ё ба сабаби маълумоти кофӣ надоштан ва ё огоҳона аз тариқи расонаҳои хабарӣ расму оин ва ё суннатҳои волои миллии моро нодида мегиранд, ё таҳти шубҳа қарор медиҳанд.
Чунончи, дар арафаи Ҷашни Наврӯз сару садоҳое баланд шуданд, ки гӯё он барои мардуми мо оини бегона аст ва аз нигоҳи дини ислом ҷашн гирифтани Наврӯз мамнуъ мебошад. Ин фикр мутлақо хатост ва барои раванди худшиносии миллӣ, ки мо мехоҳем наслҳои ҷавонро дар ҳамин руҳия тарбия кунем, хатари ҷиддӣ дорад”, – бо таъкид изҳор дошта буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Пас аз он дар бораи Наврӯз, махсусан дар барои таҷлили он, матолиби зиёд ба табъ расиданд, ки муаллифонашон маҳбубияти онро бозгӯ карданд. Наврӯз ҷаҳонӣ шуд. Ҳамасола дар яке аз кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон, бо дастури Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих, расму оинҳои Наврӯзи тоҷикон пажӯҳиш мешаванд, ки он дар боло бурдани ҳиссу ифтихори миллӣ мусоидат мекунад.
Нашри китоби “Наврӯзнома” аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ давоми мантиқии иҷрои ин амали муфид дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин асар навиштаҳо, пажӯҳишҳои олимони кишвар дар бораи Наврӯз ҷой гирифтаанд. “Таърихи пайдоиши Наврӯз бар асоси достону ривоятҳо”-и Фарангис Шарифзода, “Наврӯз-сароғоз ва ойинаи қаднамои тамаддуни Аҷам”-и Акбари Турсон, “Таҷлили Наврӯз дар Афғонистон”-и Додоҷон Обидов, “Бунёди аслии Ҳафт син”-и хони наврӯзӣ”-и Равшан Раҳмонӣ, “Наврӯзи ниёгон фаро расид”-и Сайфиддин Назарзода аз ин қабиланд. “Наврӯзнома” аз се бахш иборат аст. Дар бахши аввал мақолаҳои илмии кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ҷой дода шудаанд. Ин бахш бештар масъалаҳои таърихӣ, ташаккул, расму оин ва маросими ҷашнгирии Наврӯз дар Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Бахши дувум шеъру таронаҳои эҷоднамудаи кормандони ин Пажӯҳишгоҳро дар бар мегирад. Дар бахши сеюм намунаи осори шифоҳии мардум, ки дар бойгонии Институт маҳфузанд, ҷой дода шудаанд.
Ҳамин тавр, “Наврӯзнома” бори дигар собит месозад, ки ин Ҷашн таърихи қадима дошта, мардум дар ҳамаи давру замон аз он гарм истиқбол намудаанд.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.08.2025 №: 155