“ҲАҚИҚАТИ СУҒД”. ҶИЛОИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ ДАР ОЙИНАИ ТАЪРИХ
Инкишоф ва рушди ҳаёти ҳар як давлату миллатро бидуни васоити ахбори омма, бахусус матбуот, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Матбуот инъикосгари ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад. Бо ифтихор бояд иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои ахбори омма рушд намуда, шумораи рӯзномаву маҷаллаҳо бамаротиб афзоиш ёфт, ки ин гувоҳи фаъолияти озоди матбуот ва дигар расонаҳои хабарӣ ба шумор меравад.
Миёни нашрияҳои маҳаллӣ Нашрияи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” ҳамчун яке аз куҳантарин ҷаридаҳои мамлакат нуфуз ва мавқеи шоиста дорад.
Ин минбари озоди иттилоотӣ тули 95 соли фаъолияти ибратбахши хеш дар тарбияи садҳо нафар рӯзноманигорону эҷодкорон саҳми арзандаи таърихӣ гузоштааст. Имрӯзҳо идораи нашрияро фазои хуби эҷодӣ фарогир буда, ҳар як корманди он пайи эҷоду тозакориҳо мебошад. Ҳамин муҳити хуби рӯзнома боис гаштааст, ки миёни дигар расонаҳои матбуотӣ дар вилоят ва берун аз он шуҳрати беандоза касб намуда, ҳар як шумораи он ҳам аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва ҳам аз лиҳози ороиш бо санъати баланд ба нашр мерасад. Ин ҳама обрӯву шуҳрат натиҷаи заҳмати шабонарӯзии аҳли эҷодӣ ва техникии рӯзнома мебошад.
Рӯзнома 25-уми марти соли 1930 таъсис ёфта, шумораи аввалини он бо номи «Роҳи колхозчӣ» дар шаҳри ҳамонвақтаи Ленинобод бо хатти арабиасоси тоҷикӣ нашр гардида, дар нахустшумораи он аз ҳаёти меҳнаткашон ва барзгарон матолиб ба нашр расиданд. Баъди нашри 61-ум, рӯзнома номи худро ба “Пролетари Хуҷанд” иваз намуд. Муҳаррири аввалини рӯзнома Муҳаммадҷон Ҳасанов буд. Бо қарори мақомоти кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Хуҷанд, Шурои вакилони халқии шаҳр ва Бюрои иттифоқи касаба солҳои гуногун бо номҳои «Пролетари Хуҷанд», «Болшевики Хуҷанд», «Бо роҳи ленинӣ», «Стахановчӣ» ва «Ҳақиқати Ленинобод» фаъолияти худро пеш мебурд.
Дар эҳё ва рушду такомули рӯзнома саҳми фарзонафарзандони миллат академикҳо Бобоҷон Ғафуров, Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, шоиру нависандагон Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Ҳоҷӣ Содиқ, Аминҷон Шукӯҳӣ нақши барҷаста доранд. Рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ» 3-юми августи соли 1933 дар баробари рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» таъсис ёфт. Аммо 17-уми январи соли 1935 муттаҳид намудани ҷарида бо «Пролетари Хуҷанд» ва «Бо роҳи ленинӣ» ба миён омад. Соли 1940 пас аз таъсиси вилояти Ленинобод рӯзнома номи "Стахановчӣ"-ро гирифт. Аз соли 1948 "Ҳақиқати Ленинобод" ва аз соли 2001 он «Ҳақиқати Суғд» ном дорад.
Имрӯзҳо дар ин даргоҳи бонуфуз Сурайё Ҳакимова, Гулҷаҳон Турсунзода, Гулҷаҳон Маҳкамова, Маъмурахон Самадова, Шоира Салимова, Файзуллохон Обидов, Шаҳбону Олимова, Роҳатхон Эшонова, Нодир Турсунзода, Суҳроб Отазода ва Фурқатҷон Олимов фаъолияти рӯзноманигории худро идома дода, дар пешрафти кори рӯзнома саҳми шоиста мегузоранд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки аз оғози таъсис рӯзномаро ашхоси соҳибқалами варзида, ба мисоли С. Носиров, М. Султонов, А. Ниёзов, А. Маниёзов, М. Ҳасанов, А. Паҳлавонзода, Т. Усмон, М. Рустамов, Ю. Бобоев, Ҳ. Содиқ, Н. Абдуллоев, Ғ. Яҳёхӯҷаев, У. Тоҷибоев, Ғ. Рустамов, Ф. Атохоҷаев, М. Воҳидов ва Д. Раҷабӣ сарварӣ намуда, ҳар яке аз онҳо дар пешрафт ва такомули рӯзнома саҳми шоиста гузоштаанд. Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ин даргоҳи адаб ва маърифатро Маҳмудҷон Иброҳимов, Саодатхон Каримова, Карим Шариф, Мухтор Абдуллоев роҳбарӣ намудаанд. Айни ҳол Аминҷон Шарифзода сармуҳаррири рӯзнома мебошад.
Рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мазмуну муҳтавои худро куллан тағйир дода, дар ташаккули матбуоти тоҷик мавқеи таърихӣ дорад. Баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қадами устуворе дар эъмори давлати навини тоҷикон саҳми арзишманд ва таърихӣ гузошт. Вакилони ин Иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Ин интихоб нуктаи ниҳоии вакилони Иҷлосия ба шумор рафта, дар саҳфаи таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ нигошта мешавад. Зеро вакилони Иҷлосия дар интихоби худ хато накарданд, нафареро ба майдони сиёсат оварданд, ки миллатро аз вартаи нобудшавӣ эмин нигоҳ дошт. Шарафмандона иброз медорем, ки нақши кормандони рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар инъикос ва нашри рӯйдодҳои таърихии ин Иҷлосия беназир мебошад.
Акбар АБДУСАМАДОВ,
сардори шуъбаи МД
“Хонаи китоби Тоҷикистон”-и
Вазорати фарҳанг
Санаи нашр: 12.08.2025 №: 155
