СИТОРАИ ТОБОНЕ ДАР ҲИНДШИНОСӢ

Доктори илмҳои филология, профессор Ҳабибулло Раҷабов 58 соли умри бобаракати хешро дар ҷодаи ҳиндушиносӣ сарф намудааст.
Соли 1962 ӯро дар қатори панҷ донишҷӯи дигар, ки имтиҳонҳои дохилшавиро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо баҳои аъло супурда буданд, барои таҳсил ба шуъбаи ҳиндӣ ва урдуи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) фиристоданд.
Шаш донишҷӯро директори вақти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР академик Бобоҷон Ғафуров дар фурудгоҳи шаҳри Москва пешвоз гирифтанд.
– Бобоҷон Ғафуров моро ба хонаи худ бурда, ҳамчун меҳмонони олиқадр пазироӣ карданд. Сипас, насиҳат карданд, ки аз таҳти дил хонем ва дар ҷодаи илм мутахассиси варзида шуда, ба Ватан баргардем. Он муносибати самимӣ ва шафқату меҳрубониҳои Ғафуровро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, – ба ёд меорад Ҳабибулло Раҷабов.
Баъди хатми Донишгоҳ Ҳабибулло Раҷабов ва ҳамсабақонаш ба Тоҷикистон баргаштанд. Барои фаъолияти илмии мутахассисони ҷавон дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бахши омӯзиши Ҳиндустон ва Покистон таъсис ёфт. Баъди як сол Ҳабибулло Раҷабов ҳуҷҷатҳояшро ба аспирантураи назди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР супурда, рисолаи илмиашро бомуваффақият ҳимоя намуд. Сипас, фаъолияташро дар Академияи илмҳои Тоҷикистон идома дод. Баъдан, дар ҷумҳуриҳои Ҳиндустон ва Афғонистон ҳамчун тарҷумон адои вазифа намуд.
Тули фаъолияти илмии худ Ҳабибулло Раҷабов беш аз 20 китоб ва 300 мақолаи илмиро нашр намудааст, ки «Новеллистикаи Моҳан Ракеш» (1977), «Прем Чанд», «Ташаккул ва инкишофи ҳикояи муосири ҳиндӣ» (1998), «Се насли ҳикоянависони ҳиндӣ» (2001), «Ин аст Ҳиндустон» (2007), «Ҳиндустон кишваре, ки бояд дид» (2023) аз ҳамин ҷумлаанд.
Дар 13-умин маҳфили илмӣ-адабии «Хирад», ки чанде пеш дар Маркази мероси хаттии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери унвони «Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда» баргузор гардид, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода чунин гуфт:
– Ҳукумати Ҳиндустон барои хизматҳои босазо дар омӯзиши забону адабиёти ҳинд ва рушди робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон Ҳабибулло Раҷабовро соли 2018 бо ордени Падма Шри сарфароз гардонд, ки яке аз бонуфузтарин мукофотҳои шаҳрвандӣ дар Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. Олими тоҷик аз Осиёи Марказӣ нахустин нафарест, ки ба ин ордени бонуфуз сарфароз гардидааст.
Устод Ҳабибулло Раҷабов баробари пеш бурдани фаъолияти илмию омӯзгорӣ, инчунин, дар корҳои ҷамъиятӣ низ намуна буда, беш аз 30 сол аст, ки роҳбарии Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро ба уҳда дорад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон
Санаи нашр: 12.08.2025 №: 155
