ФАРХОР. БАРАКАТИ РӮЗГОРИ МАРДУМ АЗ ОРОМИСТ!

13 август 2025, Чоршанбе
25
Мардуми сарбаланди ноҳияи Фархор чун дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар фазои сулҳу оромӣ ба сар бурда, барои фардои дурахшону таъмини зиндагии шоиста пайи ободии диёранд. Ин аст, ки сол ба сол ноҳия рушд мекунаду натиҷаи заҳмати мардумаш сари ҳар қадам ва дар ҳар оила баръало мушоҳида мешавад. Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Фархор, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома аз бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқ чунин гуфт:
– Нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 111 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 45,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 4,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Вобаста ба таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» қарори раиси ноҳия ба имзо расид ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, гурӯҳҳои корӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои дигари қарзии ноҳия дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва нуқтаҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳӣ, огоҳкунӣ ва назоратиро ба роҳ монданд.
Дар ҳудуди ноҳия шумораи постерминалҳо ба 75-то расонда шуд. Дар шаш моҳ аз ҷониби филиали №61-уми КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ба 1340 сокини ноҳия корти бонкӣ дастрас гардид. Дар ноҳия 8439 субъекти хоҷагидор фаъолият менамояд, ки аз ҳисоби онҳо ба буҷет 46,1 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
Филиали №61-уми КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳия ба маблағи 10,3 миллион сомонӣ қарзҳои хурд додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 1,8 миллион сомонӣ бештар аст.
Дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 15,6 миллион доллари ИМА амалӣ мегардад. Вобаста ба амалигардонии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва бо мусоидати роҳбарони ташкилоту муассисаҳо корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Аз 198 лоиҳаи Барномаи болозикр, ки 572,7 миллион сомониро ташкил медиҳад, ба ҳолати 1-уми июл 161 лоиҳа иҷро гардида, 37 лоиҳаи дигар мавриди амал қарор дорад ва ба онҳо 458,6 миллион сомонӣ пардохт шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 877,6 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 28 ҳазору 053 гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт шуданд. Аз ҷумла, дар майдони 9732 ҳазор гектар пунбадона коштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 гектар бештар мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 145,8 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2024 18,6 миллион сомонӣ бештар аст. Дар ноҳия 40 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, дар давраи ҳисоботӣ 5 корхона аз фаъолият бозмондааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмиру бунёди 435 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 300 иншоот ё 69 дарсади онҳо сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Умед аст, ки иншооти боқимонда то таҷлили ин Ҷашни муборак бунёд ва таъмир мешаванд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.08.2025 №: 156