КОНИБОДОМ. ТАЛОШҲОИ ПАЙГИРОНА БАРОИ ТАШКИЛИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ

13 август 2025, Чоршанбе
38
Бекорӣ яке аз масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки боиси паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва афзоиши муҳоҷират мегардад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳалли масъалаи бекорӣ пайваста чораҳои муассир меандешад. Таъсиси ҷойҳои нави кор, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва беҳтар кардани низоми таълими касбӣ аз шумори тадбирҳои судманди амалишаванда мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом низ дар самти коҳиши сатҳи бекорӣ ва беҳтар намудани шароити шуғли аҳолӣ тадбирҳои пайгирона меандешад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, захираи меҳнатӣ дар шаҳр 126700 нафарро ташкил дода, аз онҳо 67324 нафар дар соҳаи иқтисодиёт кор мекунад. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар Конибодом 398 ташкилоту корхона фаъолият карданд ва дар ин марҳала мақомоти марбута, бахусус шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳ ба даст оварданд.
Дар давраи зикршуда 838 шаҳрванд ба шуъба муроҷиат намуда, 670 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуд. Ин нишон медиҳад, ки шумораи зиёди шаҳрвандон хоҳиши фаъолият ва дарёфти ҷойи корро доранд.
Бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои шуғли аҳолӣ ва беҳтар кардани равобити корфармоён бо корҷӯён, дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 9 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид. Дар натиҷаи ин чорабиниҳои муҳим 101 шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин ва 15 нафари дигар ба курсҳои касбомӯзӣ равона шуданд. Илова бар ин, барои дастгирии шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкориро доранд, дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок низ фароҳам аст. Дар ин давра ба 11 нафар чунин шаҳрванд ба маблағи умумии 57 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Албатта, ин иқдом метавонад ба ташкили ҷойҳои нави кор ва тақвияти бахши соҳибкории хурду миёна мусоидат намояд.
Талошҳо барои барқарорсозии фаъолияти шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта низ самти муҳим дар сиёсати шуғли аҳолии шаҳр мебошад. Аз 42 муҳоҷири баргашта 12 нафар ба кори доимӣ, 29 нафар ба касбомӯзӣ ва 1 нафар ба кори ҷамъиятӣ ҷалб шуданд. Ин раванд ба барқарорсозии мақоми иҷтимоии онҳо мусоидат карда, имконияти истифодаи таҷрибаи андӯхтаи меҳнатии онҳоро дар дохили кишвар фароҳам меорад.
Айни замон, дар шаҳри Конибодом барои такмили ихтисос ва касбомӯзӣ низ шароити мусоид муҳайё аст. Филиали Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон ва Маркази таълими омӯзиши модулии шаҳри Душанбе дар деҳаи Маҳрам фаъолият доранд, ки дар шаш моҳ тавассути онҳо 155 нафар бо роҳхат ба омӯзиши касбӣ ҷалб гардид.
Дар маҷмуъ, тамоми тадбирҳои андешидашуда ба коҳиши сатҳи бекорӣ, афзоиши фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон равона шудаанд. Бо вуҷуди зиёд будани муҳоҷирати меҳнатӣ дар ин минтақа, идомаи чунин талошҳои ҳамоҳангшуда метавонад ояндаи беҳтари шуғли аҳолиро дар шаҳри Конибодом таъмин намояд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.08.2025 №: 156