ҶИГАРГӮШАИ МИЛЛАТ. БОЗТОБ АЗ ХИЗМАТҲОИ МОНДАГОРИ ДОКТОР ҲАМИД МАНСУРОВ

13 август 2025, Чоршанбе
68
На танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва ҳатто дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба истилоҳ “Клиникаи Мансуров”-ро медонанд ва эътироф мекунанд. Аммо кам касе медонад, ки Мансуров кист ва чи хидматҳое карда, то ин бемористони бонуфузи пойтахт ба номи ӯ гузошта шавад. Азбаски мутахассиси варзидаву нотакрори узвҳои дарунӣ, бавижа ҷигар, буд, ӯро ҳампешагону адибон ҷигаргӯшаи миллат гуфта, месутуданд.
Вақте солҳои 1992-1994 дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб касалии дистрофияи гелиотропии ҷигар авҷ гирифта, ҳазорон кас бистарӣ шуданд, маҳз ин марди хирад ба гирду атрофи Кӯлоб экспедитсияи илмӣ ташкил намуда, сабабҳои пайдоиш, хусусияти ниҳоӣ ва роҳи табобати ин бемориро дақиқ сохт. Хулосаҳои илмӣ эпидемияи гепатити гелиотропиро аз байн бурд. Бо назардошти аҳамияти баланди илмӣ доштани методи муолиҷаи ин намуди беморӣ, соли 1994 дар Конгресси бемориҳои дохилӣ ба ин иллат номи “Мирочник – Мансуров” дода шуд. Соли 2003 асари офаридаи ӯ “Гелиотропная гепатоангиопатия – болезни Мирочника – Мансурова” ба гирифтани Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Е.Н. Павловский ноил гашт.
– Ҳамид Мансуров аз пайвандони устод Садриддин Айнӣ буда, бо ҳидояти устод ӯ дар мактаби русӣ таҳсил карда, онро бо баҳои аъло хатм менамояд ва маҳз ҳамин қадамҳои нахустин дар ҳаёти минбаъдаи ӯ сарнавиштсоз мешаванд.
“Завқи беандозаи вориси Сино будан, ӯро водор месозад, ки пайиҳам Коллеҷи тиббӣ (1942) ва Донишкадаи тиббии ба номи И. П. Павлови шаҳри Самарқандро (1947) бо дипломи аъло хатм намояд. Дуои падаронаи устод Айнӣ мустаҷоб гашта, Ҳамид Мансуров аспиранти Пажӯҳишгоҳи терапияи АИТ Иттиҳоди Шуравӣ (1947-1950) мегардад”,– менависад яке аз шогирдони мавсуф Саидилҳом Аҳмадов, доктори илмҳои тиб.
Ҳамид Мансуров зери роҳбарии олими бузург академик А. Л. Мясников соли 1950 рисолаи номзадӣ ва соли 1958 рисолаи доктори илмҳои тибро дар мавзуи “Фаъолияти олии асаб ҳангоми як қатор бемории узвҳои дарунӣ” ҳимоя менамояд. Рисолаи Ҳамид Мансуров дар илми тиб таҳаввулот ба миён оварда, ба нодуруст маънидод кардани омӯзиши И.П. Павлов доир ба пайдоиши як қатор бемориҳои дарунӣ хотима мебахшад.
Маҳз эътибори баланди Ҳамид Мансуровро ба назар гирифта, раёсати Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди Шуравӣ таъсиси нахустин Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияро дар Душанбе ва баъдан, дар Днепропетровску Москва иҷозат медиҳад.
Бино ба гуфтаи олим Комилҷон Саидолимов, дастоварди бузурги мактаби Ҳамид Мансуров – ин кушодани гиреҳи муаммои норасоии ҷигар ҳисоб меёбад. Дар ин замина, пешниҳоди таснифи норасоии ҷигар ва ба се гурӯҳ ҷудосозии он усули табобати ин бемориро ба куллӣ дигаргун намуд. Хизмати бузурги Ҳамид Мансуров – ин муайян намудани ҳолат, ташхис ва роҳҳои табобати тафриқавии бемориҳои мавзеӣ, паразитӣ, сиррозӣ, саратонӣ ва машруботии ҷигар ба ҳисоб меравад. Ташхис, табобати беморони гепатити вирусӣ, сиррози ҷигар ва аворизи он асоси фаъолияти илмии кормандони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология боқӣ мемонад.
Ҳамид Мансуров илми тибби тоҷикро дар 48 давлати олам муаррифӣ намудааст. Академик муаллифи 900 кори илмӣ, 20 монография ва 48 патенти ихтироотӣ буда, зери роҳбарии ӯ 20 рисолаи докторӣ ва 80 рисолаи номзадӣ ҳимоя гаштааст. Номбурда аз Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Полша, Молдавия, Туркманистон ва Ҳиндустон низ шогирдон тарбият намудааст. Асосгузор ва сармуҳаррири маҷаллаи махсуси «Проблемы гастроэнтрологии» (1990) низ буд.
Ҳамид Мансуров солҳо роҳбарии илмии Пажӯҳишгоҳро бар дӯш дошт. Дар заминаи Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология марказҳои зиёди илмӣ (дорусозӣ, пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ) ва Академияи илмҳои тиб таъсис ёфтанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.08.2025 №: 156