ЗЕҲНИ СУНЪӢ. МО ВА ОЯНДАИ МО

18 август 2025, Душанбе
26
13-уми август дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дар ҳошияи қабули қатъномаи махсуси СММ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин бора маркази матбуоти Кумита хабар додааст.
Ҳамоишро раиси Кумита Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи зеҳни сунъӣ ба нафъи кишварҳои Осиёи Марказӣ аст ва қабули қатънома аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тадбирест, ки барои таъмини рушди иқтисоди минтақа мусоидат менамояд. Ин нахустин ташаббуси расмии ҷаҳонист, ки масъалаи этикаи зеҳни сунъӣ, амнияти рақамӣ, таҳкими ҳамкории илмӣ ва баробарии дастрасӣ ба технологияи рақамиро матраҳ мекунад.
– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисоти умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 24-уми сентябри соли 2024 изҳор доштанд, ки танҳо тавассути гуфтугӯ ва ҳамкории мутақобил ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба ҳадафҳои умумӣ ноил гардад. Бо ишора ба нақши ҳалкунандаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ Пешвои миллат иброз доштанд, ки Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ имрӯз ба заминаи муносиб барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор табдил ёфтаанд. Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, стратегия ва санадҳои муҳими консептуалиро ба тасвиб расонда, гузариш ба системаи рақамикунониро марҳала ба марҳала ба роҳ мемонад, – гуфт раиси Кумита.
Дар идома Ки Мин, коршиноси байналмилалӣ аз Сингапур, ба тариқи видеоӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки зеҳни сунъӣ имрӯз на танҳо як технология, балки падидаи тамаддунофар аст, ки дар таносуб бо рушди рақамӣ ва иттилоотӣ ҳадди навбатии таҳаввули зеҳнӣ ва иҷтимоии инсонро таъин мекунад. Дар давлатҳои муқтадир ва рӯ ба инкишоф зеҳни сунъӣ ба унвони муҳаррики асосии иқтисоди рақамӣ ва тавлиди арзиш шинохта шудааст.
“Зеҳни сунъӣ дар хизмати инсоният, махсусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва ғайраҳо қарор дорад ва он пайваста рушд хоҳад ёфт. Масалан, дар соҳаи таҳсилот зеҳни сунъӣ имконият медиҳад, ки муҳити омӯзишӣ барои ҳар донишҷӯ фардӣ, мониторинг ва арзёбӣ дақиқтар ва дастрасӣ ба дониш бе маҳдудият таъмин шавад”, – гуфт коршинос.
Дар хотимаи ҳамоиш академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид кард, ки бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз 1-уми сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши фанни "Истифодабарандаи зеҳни сунъӣ" ба роҳ монда мешавад ва барои ин, аллакай, заминаҳои моддию техникӣ, барномаву нақшаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фаннӣ омодаанд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.08.2025 №: 157