Иштироки Рамазон Раҳимзода дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа ҷараёни иҷрои Барномаи чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва Консепсияи рушди ҳамкории иттилоотӣ дар мубориза бо ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ содир мешаванд, баррасӣ гардиданд.
Вохӯрии сафир бо ҳамватанони муқими ҳавзаи федералии Шарқи Дур
12-уми август дар кишвари Хабаровск мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикони ҳавзаи федералии Шарқи Дур ҷиҳати шиносоӣ бо шароити зисту фаъолияти онҳо баргузор гашт.
Зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ байни созмонҳо, аз ҷумла мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, мавриди муҳокима қарор гирифта, риояи қонунгузории кишвари иқомат ва сари вақт ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои будубош масъулияти аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванди хориҷӣ дониста шуд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
Омодагиҳо ба Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025
12-уми август таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба баргузор намудани Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 баргузор шуд.
Дар шуъбаи рушди сайёҳии МИМҲД шаҳри Душанбе ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ки зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Намоишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ аз 18 то 20-уми сентябр доир мешавад. Дар он иштироки зиёда аз 200 субъекти хизматрасони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, инчунин, зиёда аз 400 меҳмон аз давлатҳои дуру наздик пешбинӣ гардидааст.
ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН
Тақвияти ҳамкории фарҳангӣ
12-уми август мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири умури хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ доир гашт.
АМИТ «Ховар» хабар дода, ки ҷонибҳо доир ба ҳамкорӣ дар самти фарҳангӣ ва дипломатияи умумӣ, аз ҷумла баргузории ҳафтаҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар кишварҳои якдигар, бузургдошти намояндагони илму адаб ва фарҳанги ду давлат ва масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.
Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Белгия дар самти саноати сабук
12-уми август дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо ҳайати минтақаи Фландрияи Подшоҳии Белгия мулоқот баргузор гардид.
«Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили таҳким ва густариши ҳамкориро дар соҳаҳои авлавиятноки саноат, аз ҷумла саноати сабук, нассоҷӣ, мошинсозӣ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ намуданд», – омадааст дар хабари интишорнамудаи АМИТ «Ховар».
Муаррифии Харитаи роҳи «Ояндабинии Осиёи Марказӣ-2050»
Лоиҳаи «Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳое, ки дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ-2050» амалӣ мешаванд, зимни ҳамоише, ки дар Агентии ислоҳоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид, баррасӣ шуд.
Тавре сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода тавзеҳ додааст, санади мазкур аз 18 банд иборат буда, дурнамои рушди минтақавии соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла ҳампайвандии нақлиёт, энергетика, захираҳои обу иқлим ва рушди иҷтимоиро дар бар мегирад.
Ғолибони Намоиш-озмуни «Беҳтарин лоиҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ» муайян гардиданд
Дар Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр»-и Данғара Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» ҷамъбаст гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки барои иштирок дар Намоиш-озмун 140 лоиҳа аз рӯйи номинатсияҳои «Биноҳо ва маҷмааҳои истиқоматии бисёрошёна», «Иншооти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ» ва «Асари меъмории донишҷӯён» пешниҳод гардид.
Аз ҷониби лоиҳакашони варзида зиёда аз 450 лоиҳаи беҳтарин ва макети биною иншооти таъиноти гуногун ба намоиш гузошта шуд.
Санаи нашр: 15.08.2025 №: 157
