“РОМАШКА”. СИРРИ МАҲБУБИЯТИ МАРКАЗ ДАР ЧИСТ?

18 август 2025, Душанбе
22
Дар миёни садҳо марказу клиникаҳои хусусии тиббӣ, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, исми “Ромашка” рӯз ба рӯз бештар вирди забонҳо мегардад. Он маркази ташхисӣ ва табобати физиотерапевтист, ки бо муносибати гарми кормандонаш, ки аксаран мутахассисони касбианд, дили садҳо нафарро ба даст овардааст.
Беморон ин ҷо на танҳо барои гирифтани табобат, балки барои эҳсоси оромӣ ва истироҳат низ меоянд. Дар замоне, ки бемориҳои сутунмуҳра, асаб ва мушакҳо миёни пиронсолон ва ҳатто ҷавонон паҳн шудааст, табобати дуруст ва оқилона яке аз роҳҳои асосии дур кардани дард ба шумор меравад. Физиотерапия роҳи бехатар ва самараноки табобатиест, ки дар “Ромашка” бо назардошти стандартҳои ҷаҳонӣ амалӣ мешавад.
Сардухтури клиника Пӯлод Собиров дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома омилҳои асосии муваффақиятҳои марказро чунин шарҳ дод:
– Маркази ташхисӣ ва табобати физиотерапевтии «Ромашка» 17-уми августи соли 2007, бо мақсади рушди тибби хусусӣ ва ба роҳ мондани табобати босифат, таъсис ёфт. Мутахассисони мо тавонистанд, ки бо кордониву муносибати хуш ба садҳо нафар бемор шифо бахшанд. Дар марказ ҳам калонсолон ва ҳам кӯдакони гирифтори бемориҳои системаи такягоҳу ҳаракат (остеохондроз, чурраи сутунмуҳра, артрит, артрози буғумҳо, коксартроз), асаб (невропатия, невралгия, плексити гиреҳҳои асаб, асабхастагӣ, синдроми мондашавии музмин), дил, фишорбаландӣ ва урологӣ ба табобат фаро гирифта мешаванд. Кӯдакони гирифтори бемории кафпаҳнӣ (плоскостопия), гарданкаҷӣ, сколиоз ва дисплазияи буғумҳои косу рон низ табобат мегиранд.
Ногуфта намонад, ки дар самти барқарорсозии беморони пас аз сактаи майнаи сар (инсулт) клиникаи мо натиҷаҳои ниҳоят хуб дорад ва беморони вазнин пас аз қабули 2-3 курс табобат то ҳадди ниҳоӣ барқарор мешаванд.
Клиника барои беморон, вобаста ба ташхис ва ҳолати умумиашон намуди табобати дар муддати солҳо санҷидашуда ва суфташударо пешниҳод менамояд. Ҷиҳати дигари фарқкунандаи клиникаи мо ҷалби мутахассисони ботаҷриба мебошад, ки собиқаи кории онҳо аз 8 то 20 сол аст. Инчунин, мо беморонро пеш аз оғози табобат меомӯзем ва дар ҳолати мавҷуд будани дигар бемориҳои ҳамрадиф ба онҳо табобатҳои иловагии физиотерапевтӣ ва доруворӣ мефармоем. Масалан, дар 70-80 дарсади беморони калонсоле, ки муроҷиат менамоянд, дорои бемориҳои ҳамрадиф: фишорбаландии шараёнӣ, ишемияи дил, номураттабии кори дил, холесисто-панкреатити музмин, простатити музмин, систит ва дигар бемориҳо ҳастанд. Дар давоми табобат фишори онҳоро муътадил месозем ва бемориҳои дигари онҳоро низ шифо мебахшем. Табобат дар марказ ба таври амбулаторӣ ва бистаринамоӣ ба роҳ монда шудааст. Бемороне, ки аз дохили шаҳри Душанбе мебошанду зиёд роҳ гаштан ба саломатиашон зарар надорад ва имконияти риояи пурраи дастурҳоро дар хона доранд, ба табобати амбулаторӣ фаро гирифта мешаванд.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.08.2025 №: 157