ДАРЁБОД. ДАСТИ МАРДУМ ГУЛ АСТ

18 август 2025, Душанбе
27
Ҷиҳати тарғиб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пухтани таомҳои миллӣ, дӯхтани даврию сӯзанӣ ва ташвиқи либоси миллӣ байни занону бонувон дар маҳаллаи Дарёбоди ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии маърифатӣ доир гардид.
Тавре ТВ “Душанбе” иттилоъ додааст, сокинони ин маҳалла дар баробари корҳои ободониву созандагӣ, ба рушду тавсеаи ҳунармандӣ ва тадбирҳои дигари иҷтимоӣ низ саҳми муносиб мегузоранд.
Гуфта шуд, ки чунин чорабиниҳо барои омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона заминаи мусоид мегузорад. Ҳамин аст, ки мунтазам дар маҳаллаҳо аз ҷониби бонувони соҳибтаҷриба чунин тадбирҳо амалӣ мегарданд.
Дар чорабинии маърифатӣ масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарияти раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, масъулони сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ иштирок намуда, ба ҳунари кадбонуҳо баҳои баланд доданд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни қадимаи ниёгон, ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани ҳисси миллии ҳар як сокини маҳалла арзёбӣ гардид. Таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ боис ба он гардидааст, ки дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт шумораи зиёди ҳунармандон аз рӯйи ин касбу ҳунар фоидаи хуб ба даст меоранд ва дар муаррифии фарҳанги миллӣ саҳм мегузоранд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.08.2025 №: 157