ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ФАЪОЛИЯТИ КИШОВАРЗОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ШИНОС ШУДАНД
16-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон, истифодаи мақсадноки заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини талаботи бозорҳои пойтахти кишвар бо маводи ғизоии хушсифати ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат аз заминҳои шолӣ, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосили гандум дар кишти такрорӣ парвариш меёбад, дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар шаҳри Турсунзода дар майдони 5200 гектар шолӣ кишт кардаанд, ки аз ин 4000 гектараш кишти такрорӣ мебошад. Тавре аён гардид, нашъунамои шолӣ хуб буда, ҳосилнокии интизорӣ аз ҳар гектар 65 сентнер мебошад.
Дар маҷмуъ, кишоварзони шаҳр мақсад доранд, ки имсол зиёда аз 40 ҳазор тонна ҳосили хушсифати шолӣ ҷамъоварӣ карда, дар баробари таъмини талаботи дохилӣ, ҳамзамон, содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.
Дар идомаи боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ангури Сомон” шинос гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои 500 гектар токзор буда, дар он вобаста ба шароити созгори иқлим навъҳои гуногуни ангур, ки бештар барои содирот ва истеҳсоли мавиз нигаронда шудаанд, парвариш ёфта, ҳамасола аз он ҳосили фаровону хушсифат ҷамъоварӣ мешавад.
Имсол ҳосили ангур дар токзори хоҷагӣ фаровон буда, аҳли заҳмати он мақсад доранд, ки зиёда аз 20 ҳазор тонна ҳосили аълосифати ангур ҷамъоварӣ карда, дар баробари таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ, ҳамзамон, 10 ҳазор тоннаи онро ба хориҷи кишвар содир намоянд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки майдони умумии токзор дар шаҳри Турсунзода 5300 гектар буда, токпарварон аз он соли 2024 зиёда аз 32 ҳазор тонна ангур ба хориҷи кишвар содир намудаанд.
Бо дарназардошти ҳосили фаровон имсол токпарварон мақсад доранд, ки ҳаҷми содироти ангурро ба хориҷи кишвар ба 40 ҳазор тонна расонанд.
Зимни боздид аз майдони ҷуворимаккаи дон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки имсол баъд аз ҷамъоварии ҳосили зироатҳои гуногун аз кишти асосӣ, дар шаҳри Турсунзода дар майдони зиёда аз 780 гектар ин зироат кишт шудааст. Нашъунамои ҷуворимаккаи дон хуб буда, кишоварзон аз он ҳосили фаровон умедворанд.
Дар фароварди боздид аз шаҳри Турсунзода Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Неъмат, ки, асосан, ба токпарварию ниҳолпарварӣ машғул аст, ташриф оварданд.
Зикр гардид, ки хоҷагӣ дорои 105 гектар токзор буда, дар он 6 намуд ангур парвариш меёбад. Токпарварони хоҷагӣ бовар доранд, ки имсол зиёда аз 5 ҳазор тонна ангури хушсифат ба даст меоранд.
Хоҷагӣ барои нигоҳдории 1200 тонна ангур сардхона низ дорад, ки барои захираи ангуру дигар меваю сабзавот ва пешниҳод ба бозор дар 4 фасли сол пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хоҷагӣ, ҳамчунин, шоҳиди оғози мавсими хушксозии ангур барои истеҳсоли мавиз шуданд.
Тавре иттилоъ доданд, токпарварони шаҳри Турсунзода солҳои охир ин таҷрибаи барои худашон навро хуб аз худ намуданд. Аз ҷумла, соли гузашта онҳо 1500 тонна мавиз ба хориҷи кишвар содир карданд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки аз 4-4,5 кг ангур як кг мавиз ба даст меояд ва фоидаи он нисбат ба фурӯши ангури тару тоза қариб як баробар зиёд аст.
Дар маҷмуъ, аз иттилооти расмӣ бармеояд, ки кишоварзони шаҳри Турсунзода дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа, татбиқи амалии Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва таъмини амнияти ғизоии кишвар саҳми намоён доранд. Онҳо, аз ҷумла барои таъмини фаровонию суботи бозори истеъмолӣ дар 4 фасли сол дар майдони 77 гектар гармхонаҳои сабзавотпарварӣ ва барои нигоҳдории 28 ҳазор тонна меваю сабзавоти тару тоза сардхонаҳо бунёд намудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарият ва кишоварзони шаҳр барои боз ҳам зиёд кардани нишондодҳои истеҳсолӣ, пешниҳоду паҳн намудани таҷрибаҳои пешқадами деҳқонони Турсунзода дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, афзун сохтани қудрати содиротии Тоҷикистон, фаровон захира кардани озуқаворӣ барои зимистон, пеш аз ҳама, барои эҳтиёҷоти пойтахт – шаҳри Душанбе, ба онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Таъкид гардид, ки бо мақомоти масъули шаҳри Душанбе барои таъмини фаровонию субот дар бозори истеъмолӣ ва захираи озуқаворӣ барои ҳамаи фаслҳои сол ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад.
Санаи нашр: 18.08.2025 №: 158
