ЗАМИНҲОИ ФОНДИ ҶАНГАЛ. МУАММОҲОИ САРБАСТА ОЁ ҲАЛ МЕШАВАНД?

19 август 2025, Сешанбе
39
Бо фаро расидани мавсими ҷамъоварии писта, садҳо сокинони деҳот рӯ ба кӯҳу теппаҳои пистазор меоранд. Манзараҳои имрӯза нохост хотироти солҳои пешро зинда мекунад, замоне ки аҳолии деҳот бо бастани шартнома бо хоҷагиҳои ҷангал имкони озодона ва қонунии чидани пистаро доштанд ва аз ин ҳисоб рӯзгорро пеш мебурданд.
Имрӯз вазъият дигар шудааст: на танҳо дастрасӣ ба пистазорҳо, балки истифодаи чарогоҳҳо низ, ки қаблан чарондани чорво дар адир, пушта ва даштҳои васеъ иҷозат буд, мушкил гаштааст. Бисёре аз сокинони деҳот сабаби асосии ин ҳолатро дар фурӯшу хусусигардонии беадолатонаи заминҳои фонди ҷангал мебинанд, ки на танҳо масоҳати муайянро аз гардиши умумӣ мебарорад, балки ба пешбурди чорводорӣ ва дигар фаъолияти истеҳсолии деҳотиён низ халал мерасонад.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2014, №696, 264364 гектар замини чарогоҳи мавсимии шаҳру ноҳияҳо, ки дар ҳудуди маъмурии шаҳру ноҳияҳои дигар аз ҳисоби фонди давлатии ҷангал ҷойгир буданд, ба муҳлати 10 сол ба истифода вобаста карда шуданд. Муҳлати амалкарди ин қарор моҳи октябри соли 2024 ба анҷом расид. Аммо дар давоми даҳ сол на танҳо заминҳои ба таври қонунӣ ҷудошуда истифода гардиданд, балки шахсони дигар низ заминҳои фонди ҷангалро худсарона ҳамчун чарогоҳ ба қайд гирифта, онҳоро танҳо ба манфиати шахсӣ истифода мебаранд.
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, зимни нишасти хабарӣ дар ин бора ба суоли мо чунин изҳор дошт:
– Аксари заминҳои давлатӣ, бахусус заминҳои фонди ҷангал, худсарона ҳамчун чарогоҳ азхуд карда мешаванд. Мо якҷо бо Прокуратураи генералии кишвар оид ба бекор кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва баргардондани заминҳо ба фонди ҷангал тадбирҳо андешида истодаем. Аксари моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қонунвайронкунӣ ва риоя нагардидани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба замин рабт доранд. Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 7 562 ҳолати қонунвайронкунӣ дар ин самт ба қайд гирифта шуд. Илова бар ин, 584 ҳолат риоя накардани тартиби истифодабарии замин ва зиёда аз 3 000 ҳолат риоя накардани тартиби ҳуҷҷатгузории ҳуқуқии истифодаи заминро ташкил медиҳанд.
Давлаталӣ Шарифзода, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал, мегӯяд, ки дар самти ҳифзи заминҳои фонди ҷангал ва баргардондани онҳо ба ҳолати аввал ҳамкорӣ бо судҳои иқтисодӣ ва мақомоти прокуратураи маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои ӯ, то имрӯз 41 758,23 гектар заминҳои фонди давлатии ҷангал ба тавозуни ташкилоту муассисаҳои системаи Агентӣ баргардонда шудааст ва ин раванд идома дорад.
Бар асоси маълумоти расмӣ, заминҳои берун аз хоҷагиҳои давлатии ҷангал қарордошта ё худсарона азхудшуда бахше аз масоҳати умумии 1 миллиону 330 ҳазор гектари ҷангалҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Дар ин заминҳо на танҳо пистазору дигар дарахтони мевадиҳандаи ҷангал, балки чарогоҳҳои васеи сералаф ҷой доранд. Мутаассифона, садҳо гектари ҳамин заминҳо, ки дар номи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд, танҳо ба манфиати шахсӣ истифода мешаванд. Маблағи андози чарогоҳ (16 сомонию 32 дирам барои як гектар) пардохт шуда бошад ҳам, аз заминҳои ҳосилхез ва чарогоҳҳои фарох даромади калон ба даст меояд.
Аз тарафи дигар, дар мавсими ҷамъоварии писта, қитъаҳои замини фонди ҷангал бо қарори худи масъулони соҳа, асосан, ба ихтиёри шахсони аз лиҳози молиявӣ бартаридошта вогузор мешаванд, ки худ сабаби маҳдуд гардидани имконияти иштирок ва баҳрабардории сокинони деҳаҳо мегардад.
Вазъияти баамаломада зарурати танзими ҷиддии истифодаи заминҳо, бахусус заминҳои фонди ҷангалро, тақозо мекунад. Дар маҳалҳое, ки 5 033 ҳолати қонунвайронкунӣ сабт шудааст, сатҳи масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кумитаҳои идораи замин бояд баланд бардошта шавад, то заминҳои давлатӣ на ба манфиати шахсӣ, балки ба манфиати умум хизмат кунанд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.08.2025 №: 158