ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОНИ «АФРӮЗА» АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

19 август 2025, Сешанбе
26


15-уми август раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Афрӯза»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар ин бора хадамоти матбуоти МИҲД шаҳри Душанбе иттилоъ додааст.
Раиси шаҳр, нахуст, бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистон шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки Муассиса аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 120 нафар кӯдак дар 10 гурӯҳ пешбинӣ гардидааст. Он дорои синфхонаҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои кории маъмурият ва табибон, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, толорҳои фарҳангӣ ва варзишӣ мебошад. Барои истироҳату фароғат ва солимгардонии кӯдакон бошад, дар саҳни бино айвончаҳои тобистона ва майдончаи бозӣ бунёд гардидааст.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулонро вазифадор намуд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.08.2025 №: 159