Ҷаласаи Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти рушди сайёҳӣ 

19 август 2025, Сешанбе
27


Дар ноҳияи Дарвоз таҳти роҳбарии муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои ободонию сабзазоркунӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумахонзода натиҷаҳои иҷрои қарори қаблӣ ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти МИМҲД ВМКБ ва ноҳияи Дарвоз ҳисобот оид ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи лоиҳаҳои сабзазоркунӣ ва ташкили чорабиниҳои фарҳангию сайёҳӣ пешниҳод гардид.


Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Го Жиҷун вохӯрд.
Маркази матбуоти Вазорат иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба табодули афкор намуда, барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи робитаҳои байнидавлатӣ ибрози омодагӣ намуданд.


Муаррифии имконоту зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Швейтсария
Чанде пеш дар шаҳри Сюрихи Конфедератсияи Швейтсария вохӯриҳои ҳайати Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои бахши хусусии мамлакат бо намояндагони «SwissToursim» баргузор шуд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, ки дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди устувори бахши сайёҳӣ, ташаккули омори таҳлилу мониторинги соҳа, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ташвиқу тарғиб ва ҷалби сайёҳон аз кишварҳои нав, таҳияи харита ва хатсайрҳои сайёҳӣ муҳокима гардиданд.


Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ
Дар шаҳри Алмаато ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ баргузор гашт.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои об ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба реҷаи фаъолияти обанборҳо дар ҳавзаи Амударё ва Сирдарё дар давраи мавсими кишт ва иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал пеш гузошта шудаанд, баррасӣ гардиданд.


Баррасии вазъи омодагиҳо ба соли нави хониш дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
Масъалаҳои омодагӣ ба соли нави хониш, аз таъмири ҷорӣ баровардани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҷалб ва дастгирии омӯзгорони ҷавон 18-уми август зимни ҷаласа дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардиданд.
Дар Кумита ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа масъалаҳои ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор, бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва таъмини хонандагону донишҷӯён бо мавод ва китобҳои дарсӣ муҳокима шуданд.

Сохтмони ҳафт эстакадаи нав дар пойтахт
Барои татбиқи ин лоиҳаи инфрасохторӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии донорҳои байналмилалӣ 58 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Дар ин бора муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ дар нишасти матбуотӣ хабар дода буд.
Вобаста ба ин масъала дар МИҲД шаҳри Душанбе ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки эстакадаҳо бо мақсади кам кардани тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва беҳбуди инфрасохтори роҳҳо дар минтақаҳои сераҳолии шаҳр сохта мешаванд. Бунёди онҳо дар чорроҳаҳои кӯчаҳои Соҳилӣ ва Ҷанубӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Абдулаҳад Қаҳҳоров, Абай ва Абдулаҳад Қаҳҳоров, Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, Муродалӣ Шерализода ва Ҳофизи Шерозӣ, Моёншо Назаршоев, Айнӣ ва хиёбони Саъдии Шерозӣ, хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Неъмат Қарабоев ба нақша гирифта шудааст.


Муаррифии рамзи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ рамзи расмии Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия 2025-2030-ро муаррифӣ менамояд, – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин рамз на танҳо унсури ҳувияти визуалӣ, балки рамзи қавии иродаи давлати мо дар роҳи бунёди экосистемаи пуриқтидори рақамӣ ва тақвияти инноватсияҳо буда, пешрафти технологиро ба манфиати ҳар шаҳрванди мамлакат фароҳам меоварад. Тарҳи рамз афзалияти асосии пайвастагӣ, рушд ва ҳамгироии технологияҳои пешрафтаро ба тамоми соҳаҳои иқтисод дар сартосари мамлакат инъикос менамояд.


Ҳамоиш бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ
Бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳ дар раёсати ин навъи қӯшуни Артиши миллӣ бо иштироки масъулони Ситоди генералӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар ҳамоиш иброз гардид, ки Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ яке аз ҷузъҳои калидии қудрати дифоии давлат маҳсуб шуда, таъмини амнияти фазоии мамлакат, ҳифзи марзу буми Ватан ва осоиши шаҳрвандонро таъмин менамоянд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ ба як қатор афсарону сарбозон медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Санаи нашр: 19.08.2025 №: 159