ОСИЁИ МАРКАЗӢ. МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ФАРО РАСИД

19 август 2025, Сешанбе
37


14-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони “Осиёи Марказӣ – фазои ягонаи боварӣ, амният ва рушди устувор” Форум баргузор гардид, ки зиёда аз 20 коршиноси марказҳои таҳлилии 14 кишварро ба ҳам овард. Дар ин ҳамоиш Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода, директори Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масоили кишварҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Рустам Ҳайдарзода ва коршиносони мустақил намояндагӣ карданд.
Ҳадаф аз баргузории Форум баррасии дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва муайян намудани тадбирҳои мушаххаси рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ соли 2018 таъсис ёфта, ҳамчун як платформаи муҳим барои баррасии масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ хидмат мекунад.
– Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ дар муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати дӯстона ва ҳамсоядории некро пиёда мекунад. Мо тули асрҳо дар як марзу бум зиндагӣ кардаем, бо ҳам тиҷорат кардаву аз ғояҳои ҳамдигар истифода бурдаем, аммо ҳоло замони рушди ҳамкориҳои минтақавӣ фаро расидааст. Тоҷикистон бо аксари кишварҳои минтақа доир ба ҳамкориҳо, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ санадҳо ба имзо расондааст, ки омили муҳим барои тавсеаву рушди он мебошад, – гуфт Ораз Муртазозода.
Ӯ афзуд, ки формати вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз майдони муколама ба платформаи пурмаҳсул барои таҳияи қарорҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табдил ёфтааст. Он самтҳои асосии сиёсати минтақавиро муайян намуда, онро аз ҷиҳати мазмун бой мегардонад ва дар Осиёи Марказӣ бовариву ҳамсоядории некро мустаҳкам мекунад.
– Боиси ифтихор аст, ки иштирокчиёни Форум маҳз ба Созишномаи байнидавлатӣ дар бораи нуқтаи иртибототи марзҳои давлатӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки 31-уми марти соли 2025 дар Хуҷанд ба имзо расид, таъкид намуданд ва эътироф гардид, ки он барои рушди тамоми водии Фарғона аҳамияти бузургро касб хоҳад кард. Ин барои амиқтар кардани ҳамкориҳои иқтисодӣ, рушди робитаҳои нақлиётӣ ва тавсеаи кооператсияи саноатӣ, инчунин барқарор кардани фазои ягонаи таърихию фарҳангӣ имкониятҳои зиёд фароҳам меорад, – иброз дошт, Ораз Муртазозода.
Ба гуфтаи директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор Орифов субъективияти афзояндаи сиёсии Осиёи Марказӣ ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки дар арсаи байналмилалӣ бо як овоз ҳарф зананд ва манфиатҳои муштаракро муассир дифоъ кунанд. Ба таъкиди ӯ ташаббусҳое, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар СММ якҷоя пешбарӣ мекунанд, далели афзояндаи сатҳи субъективии минтақа мебошанд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими кооператсияи саноатӣ низ ба пешравиҳои назаррас ноил мегарданд. Аз соли 2016 дар минтақа рушди устувори саноатӣ тақрибан 6 фоиз мушоҳида шудааст. Илова бар ин, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак рӯ ба афзоиш овардааст. Аз ҷумла, фондҳои сармоягузории Ӯзбекистон – Қирғизистон ва Ӯзбекистон – Тоҷикистон таъсис дода шудаанд. Дар чаҳорчӯби ин сохторҳо лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои автомобилсозӣ, электротехника, саноати нассоҷӣ ва кишоварзӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар Форум роҷеъ ба фаъолият ва рушди Ҳалқаи ягонаи энергетикӣ низ сухан рафт. Гуфта шуд, ки рушди фазои ягонаи энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ як авлавияти стратегӣ мебошад, зеро кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон дорои захираҳои бузурги "энергияи сабз" мебошанд, ки метавонанд ба таври муассир ҳамдигарро пурра кунанд. Ҳалқаи ягонаи энергетикӣ имкон медиҳад, ки на танҳо эҳтиёҷоти ин кишварҳо қонеъ гардад, балки барои содироти неруи барқ ба Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо низ дастрасӣ пайдо шавад.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошкент

Санаи нашр: 19.08.2025 №: 159