ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА МИСЛИ ГӮШТУ НОХУН БО ВАТАН БУД

БА МИСЛИ ГӮШТУ НОХУН БО ВАТАН БУД

02 май 2023, Сешанбе
94
0

 
Ҳолиё, ки ба остонаи Осорхонаи адабӣ – ёдгории Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон, қадам мегузорам, як ҳиссиёти бо меҳру тарс омехта маро фаро мегирад. Агарчи дар ин макон хомӯшии мармуз ҳукм меронад, ба гӯшам садои ин устоди зиндаёд ва маҳбуб, бо дӯстону ҳампешагонаш аз чандин кишварҳои ҷаҳон мерасад.
Меандешам ва аз худ мепурсам, ки ин ҳиссиёт чӣ гуна вориди вуҷудам гардидааст. Мепурсам ва посух, посухе сазовор меёбам: бо навиштаҳо, шеърҳо, достонҳову манзумаҳои устод.
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон
Файз буд дар хонаи мо меҳмон?
Аз Ватан гап сар кунӣ, 
дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.
Ман ин хомӯшии шоири мубориз Файз Аҳмади Файзро, ки аз Покистон омада, мешунавам ва пеши рӯ меорам сӯхтани ҳезуми тарро. Бобо Тоҳири Урён гӯё ба мададам меояд:
Дили ошиқ мисоли чӯби тар бӣ,
Саре сӯза, саре хунова реза.
Аммо ба ӯ мегӯям: ман худ сӯхтани чӯби тарро борҳо дидаам ва тааҷҷуб ҳам кардаам. Оре, ба қавли устод:
Талх бошад гиряи фарзанди Шарқ,
Устод ба тасаллоям мегӯяд:
Осиё бедор шуд, бедор, тарки 
хоб кард,
Ростиву дӯстиро оқибат 
дарёб кард.
Ва ҳам чун чашмам ба ин як навишта, ки ба кадом мамолик сафар анҷом додааст, меафтад, боз садои устодро мешунавам:
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба 
сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам 
садои ту.
«Бузургон ин қудрат, ин неруро доранд», – мегузаронам аз зеҳнам.
Аз нигоҳи сарвари ин макони азиз Амирхӯҷа Абдураҳимов мехонам, ки ба чи ният, ба чи мақсад ба ин ҷо ташриф овардаам ва маҳз дар ин рӯзҳо, рӯзҳои фасли баҳор, фасли шукуфоӣ. Гуфтан ба мақсад мувофиқ нест, ки пас аз чанд рӯз, яъне 2 май, рӯзи тавлиди устод Мирзо Турсунзода аст. Балки шарм медорам аз гуфтан, чун барои худи устод рӯзи тавлид як рӯзи ёдоварии зиндагии рафта аст:
Баҳор омад, зи умрам боз як соли 
дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши 
назар бигзашт.
Устод, воқеан, дар фасли баҳор, фасли шукуфоӣ чашм ба олами ҳастӣ кушод ва дар фасли тирамоҳ, фасли хазон рахти зиндагӣ аз ин дунё барбасту рафт. Маҳбубияти ӯ дар ин рӯзу соли ҷонсӯз, яъне 24 сентябри соли 1977, бештару беҳтар ҷилвагар шуд.
Сару болои ту дар хок дареғ аст, дареғ,
Зери хок он гуҳари пок дареғ аст, дареғ.
Ҷойи он буд, ки ҷойи ту бувад дар дида,
Ростӣ, ҷой барои хок дареғ аст, дареғ.
Намедонам, овози кӣ аст, ки ба гӯшам, ба вуҷудам, чун як тасалло мерасад: 
Дар синаҳои мардуми ориф макони ӯст.
Ва ҳам:
Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.
Намедонам, барои чӣ ман ин гуфтаи охири ӯро рад мекунам. Не, на рад, балки андак ислоҳе мехоҳам бидарорам ба ин шакл: ӯ, яқин, ҳам дар дидаҳо буд, ҳам дар дилҳо ва инчунин мемонад. 
Мехоҳам, ки устод дар ин маврид чизе  бигӯяд, аммо мебинам, хомӯш аст. Ин хомӯшӣ суҳбатамро бо устоди равоншод Соҳиб Табаров, мунаққиди асил, Белинскийи тоҷик, ба хотир меорад. Ман аз ӯ мепурсам:
– Устод, Шумо баъди нашри достони «Ҳасани аробакаш» дар «Садои Шарқ» онро танқид кардед, бо гирифтани эродҳо барои пухтаву мукаммал шудани достон пешниҳодҳо намудед. Оё натарсидед, ки устод Мирзо Турсунзода бо он мақом ва шуҳрати ҷаҳоние, ки дошт, метавонист ба Шумо зарар бирасонад ва руҳан шуморо бишиканад?
– Не. Ин сифати шахсиятҳо, устодони бузурги дунё нест. Ин зумра касон, агар танқид дуруст бошад, бо ҷону дил онро мепазиранд ва дар пайи рафъи камбудиҳо мешаванд. Агар танқид нодуруст бошад, хомӯш мемонанд. Устод Мирзо Турсунзода ин достонро таҳрир кард, мукаммал намуд ва баъд барандаи олитарин ҷоизаи давлати Шуравӣ, яъне Ҷоизаи ленинӣ, шуд, ки албатта, ин ифтихори тамоми мо – аҳли адаб ва миллати тоҷик буд. Як бор ба наздаш даромадам ва ба ӯ гуфтам: Мирзо Турсунович, медонем, ки устод Шарифҷон Ҳусейнзода он гуна асаре, ки сазовор барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ бошад, надорад. Аммо асарҳои пурарзишаш шогирдонашон мебошанд. Чӣ мешавад, ки барои дарёфти ин ҷоиза танҳо ӯ пешбарӣ шавад, яъне ҳариф надошта бошад? Устод Мирзо Турсунзода ин пешниҳодро хуш пазируфт ва ҳамин тавр ҳам кард. Ин аз дили поку бекина, шахсияти баланду нотакрораш гувоҳӣ медиҳад.
Оре, пас аз истиқлолият чи сангҳо, хосса аз ҷониби бархе аз аҳли адаб, ба сӯяш андохта шуд ва таъну маломаташ карданд. Вале ӯ, ҳамчунон, хомӯш буд, посух гуфтанро раво надид. Ҳол он ки дар мо мақолест: Худозада бошу арвоҳзада не.
Дар оғози асри нав диданд, ки сангафканон зери сангҳои худ монданд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хидматҳои шоёнаш 7 майи соли 2001 ба устод Мирзо Турсунзода унвони олии Ватан – Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Сарвари Осорхона маро бо шарҳу тавзеҳи худ аз гузаштанҳо бармегардонад: – Дар ин хона 20 соли ҳаёти устод, яъне аз соли 1949 то соли 1969, сипарӣ шудааст. 
Хона аз ду даромадгоҳ ва панҷ ҳуҷра иборат мебошад.
 Мехоҳам ҳарчи зудтар ба ҳуҷраи кории устод ворид шавам ва бори дигар онро аз нигоҳи имрӯз бубинам.
(Идома аз саҳ. 1)
Ба мизи ӯ, яъне мизе, ки дар рӯи он асарҳои «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё», «Ҷони ширин», «Мавҷи табрикҳо», «Ман аз Шарқи озод», силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва дигар асарҳояш навишта шудаанд, менигарам. Эҷоди ин ҳама фурсат ва илҳомро тақозо доранд. Махсусан, ба қавли Мавлоно «Фурсати хуш бояду умри дароз». Устод пас аз соли 1969 ба дарду ранҷҳо ва то ин замону баъдҳо ҳам дар сафар буд. Осон нест ба иловаи ин ҳама кору қабули меҳмонҳои олиқадр эҷод кардан, навиштан. Дар ин ҳол ҳам боз худи устод ба мадад меояд:
Агарчи хона ором аст дар шаб,
Ба шоир ҷойи илҳом аст дар шаб. 
Аз зеҳнам мегузарад, ки ҳамаи асарҳои устодро хондаам, аз эҷодаш шеърҳои зиёд, достони «Ҷони ширин», «Қиссаи Ҳиндустон» - ро аз ёд кардаам. Аммо маълумоти додаи сарвари Осорхона андешаамро дигар мекунад. Дар ин осорхона 1327 мактуб, 113 блокнот (дафтари қайди сафарҳо), 213 мақола (39 адад тоҷикӣ ва 156 адад русӣ), 27 баромад, 146 шеър, 10 достон, 41 тарҷума маҳфуз аст. Як шеъри хубе ҳам аз духтараке ба номи Гулрухсор аз шаҳри Кӯлоб дар васфи устод нигоҳдорӣ мешавад. 
Ҳолиё шояд ҳеҷ кас дар ин ҷо намедонад, ин духтарак кист ва баъдҳо чи сарнавиште дошт, пазироии ин шеър ва муаллифаш аз ҷониби устод чӣ гуна буд. Ин ҳама таҳқиқ, таҳқиқи ҷиддиро хостор мебошад. Алҳол ба омода ва нашри ин 1327 мактуб кормандони Осорхона машғуланд. Аз рӯи нақша дар шакли ду китоби алоҳида пешкаши ҳаводорон мегардад. Албатта, нашри онҳо барои муҳаққиқон, хонандагон бисёр зарур мебошад. Ба ин васила, ба зиндагӣ ва фаъолияти эҷодӣ, маҳбубияту саҳмаш дар бедории халқҳои мазлуми Осиёву Африқо бештару беҳтар ошно мешавем.
Диққати моро як фортепианои бисёр зебо, истеҳсоли Олмон, яъне аз нигоҳи сифат беҳтарин ҷалб мекунад ва, ҳамзамон, мепурсам: «Оё устод ин сози мусиқии аврупоиро менавохт?».
– Не, – мегӯянд. – Ин туҳфаи  аллома Бобоҷон Ғафуров ба набераи 6 – солаи устод  дар  рӯзи  таваллудаш мебошад. Гоҳо  ин духтараки  он  замон  6 – сола ба ин ҷо ташриф меорад ва созро менавозаду хумор мешиканад. Ёди он рӯзҳои ширин осон нест, талх асту дардовар ва ғамафзо.
Дар ин макон дарахти чормағзе сар ба боло карда. Ман ба он менигарам, дуру дароз ва навиштаеро ҳам мехонам.
– Дарахти нишондаи устод аст. Ҳанӯз ҳам ҳосил медиҳад. Як рӯз дар фасли тирамоҳ биё ва рехтани онро бинигару чанде ки мехоҳӣ, бишикану бихӯр,– мегӯянд ба ман.
«Ҳатман меоям», – мегузаронам аз дил. 
Дар лаби кати ин устоди зиндаёд, ки болои он қолини ватанӣ густурда шудааст, чанде менишинам ва гӯиё ҳамроҳи он устод нишастаам, ки ифтихор мекунам.
Осорхонаи адабӣ – ёдгории Мирзо Турсунзодаро бо қарори махсус 21 марти соли 1978 таъсис дода буданд. 25 сентябри соли 1981 ба ифтихори 70 – умин солгардаш дари онро ба рӯи ҳаводоронаш кушоданд. Он дар тавозуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст, аммо аз Вазорати фарҳанг маблағгузорӣ мешавад. Дар нақша аст, ки Осорхонаро таъмири пурра менамоянд. Албатта, зарур аст, ки шумораи кормандони он бо маоши вазифавӣ низ, афзуда шавад. Дар толори он пайваста маҳфилҳои илмӣ, фарҳангиро доир бикунанд.
Ҳамаи хонандагони синфҳои болоии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт, донишҷӯёни факултаҳои филологияи тоҷики донишкадаҳову донишгоҳҳо ва коллеҷҳои фарҳангу омӯзгорӣ ҳатман ақаллан як бор аз ин Осорхона дидан кунанд. Ҳамин қисмат, яъне Осорхона, бояд ба кӯчаи ба номи худи устод Мирзо Турсунзода тааллуқ дошта бошад. Ин кор ҳеҷ гуна мушкил эҷод намекунад, чун  чанд  қадам болотар кӯчаи ба  номи Мирзо Турсунзода аст. Барномаи махсуси  ҳукуматӣ ба муддати  7 сол  (солҳои 2024 – 2031), яъне то Ҷашни 120 – солагии устод, ба хотири омӯзиши бойгонии шоир, нашрҳои махсус: ҳам академӣ, ҳам оммавӣ ва васеи он бо ҷудо кардани маблағи зарурӣ қабул карда шавад.
Масъули пурра ва ҳамаҷонибаи он Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аммо бо доштани суратҳисоби махсус бояд бошад ва барои дидани он маблағи муайяне сари ҳар тамошобин муайян ва ба ин суратҳисоб ворид бикунанд. Дар Низомномаи Осорхона сабт гардад, ки маблағҳои пулии ҷамъомада, барои ҳавасмандгардонии кормандону ободонии ин макон, нашри китобҳо, баргузории чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ сарф карда шаванд. Як нуқтаи дидани сайёҳони хориҷӣ низ, ҳатман бояд ин Осорхона бошад.
Бешак, чунин тадбирандешиҳо руҳи устодро аз мо хушнуд месозад ва муҳаббати ин Ватан, ин сарзаминро дар дилҳои наслҳои нав ва пасиниён меафзояд.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 02.05.2023 №: 91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив