ВОМБАРГҲОИ ДАВЛАТӢ. АҲАМИЯТ ВА АФЗАЛИЯТИ ОНҲО ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар суханрониҳои худ иброз доштаанд: “Пешрафту тараққиёти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишварамон ба бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ ва дар навбати аввал Неругоҳи барқи обии “Роғун” вобаста мебошад”.
Мусаллам аст, ки бунёди ин гуна иншооти бузурги стратегӣ хароҷоти калонро тақозо мекунад. Аз ҷумла, маблағгузории НБО “Роғун” як раванди хеле муҳим ва мураккаб аст, ки бе таҳия ва роҳандозии нақшаи стратегии молиявӣ ва ҷалби манбаъҳои гуногун амалӣ намудани он мушкил хоҳад буд. Бо вуҷуди мушкилиҳои молиявӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо ибтикор ва роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони лоиҳаи мазкурро оғоз намуда, то соли 2025, аллакай, ду агрегати онро мавриди истифода қарор диҳад.
Яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории НБО “Роғун” ин барориши вомбаргҳои давлатӣ, яъне евробондҳо, буданд. Соли 2017 дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ таъсис дода шуда, аз 28-уми август то 8-уми сентябри соли 2017 дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории Raiffeisenbank ва Citibank дар вохӯриҳо бо сармоягузорони бузурги давлатҳои ИМА, Аврупо, Ховари Миёна, марказҳои молиявии Англия ва Швейтcария ширкат варзида, барориш ва фурӯши коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 500 миллион доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” бомуваффақият муаррифӣ ва таъмин намуданд.
Аз ҷониби кишваре, ки дар соли 2017 иқтисодиёташ ҳамагӣ ба 7 миллиард доллари ИМА баробар буда, қарзи берунааш дар сатҳи 36 дарсад аз маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (25 дарсад дар соли 2025), буҷети давлатӣ ва тавозуни савдояш касри манфӣ дошт, баровардани вомбаргҳои худ дар бозори ҷаҳонӣ ин рӯйдоди таърихӣ ва дастоварди бузург ба ҳисоб мерафт.
Қобили тазаккур аст, ки фоизи купони вомбаргҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вомбаргҳои 10-солаи давлатҳои дорои рейтинги “B” дар солҳои 2014-2020 яке аз пасттаринҳо ба ҳисоб меравад. Омили асосии ба даст омадани чунин натиҷаи назаррас ин 9 маротиба зиёд шудани дархостҳо барои хариди вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби қариб 300 сармоягузори байналмилалӣ мебошад, ки ин аз боварии сармоягузорони байналмилалӣ дар бомуваффақият ба анҷом расондани сохтмони НБО “Роғун” ва аз дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии кишвар аз ин иқдоми наҷиби бесобиқа гувоҳӣ медиҳад.
Муваффақияту комгорӣ дар ҷалби сармоя ба воситаи вомбаргҳои давлатӣ имконият фароҳам овард, ки сохтмони НБО “Роғун” бо суръати зарурӣ идома ёбад. Махсусан, ҷалби маблағ бо чунин фоиз ва дар чунин шароити маҳдуди захиравӣ ва рейтинги паст нишон дод, ки механизмҳои идоракунии қарз, самаранокии сиёсати молиявӣ ва дипломатияи иқтисодии кишвар қобили рушди минбаъда ва таваҷҷуҳи сармоягузорони байналмилалӣ мебошанд.
Зимнан, зикри ин нуктаро зарур мешуморем, ки евробондҳои кишварамон бо вуҷуди таҷрибаи нахустин будан, дар муқоиса ба евробондҳои баровардаи дигар кишварҳои ИДМ, бо тарҳрезии беҳтар бароварда шудаанд, яъне сохтори он дар се соли охир бақияи қарзи камшаванда дорад, ки ин дар навбати худ хавфҳо, фоизи самараноки қарз (тақрибан 6,6 дарсади солона) ва сарбории фискалиро кам намуда, имконияти амалиёти бозтамвилро барои ҷумҳурӣ ҷолибтар месозад.
Имрӯзҳо, ки бо ҳадафи ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, тақвияти зерсохторҳои саноатию истеҳсолӣ ва рушди “иқтисоди сабз” бунёди НБО “Роғун” собитқадамона идома меёбад, аҳамияти евробондҳо дар таъмини суботи молиявии кишвар боз ҳам афзун мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда метавонад ин таҷрибаро густариш дода, бо риояи принсипҳои шаффофият, устуворӣ ва масъулияти молиявӣ, дигар лоиҳаҳои ҳаётан муҳими миллиро низ тавассути чунин абзори бозорӣ маблағгузорӣ намояд.
Беҳзод ҶӮРАЕВ,
н.и.и., дотсент, сардори шуъбаи
таҳлил ва ҷалби маблағгузории
ФҚХ “Фонди бозтамвил”,
Файзалии САФАРАЛӢ,
сараудитори ФҚХ “Фонди бозтамвил”
