ПЕШВОИ МИЛЛАТ. МУАЛЛИФ ВА ТАШАББУСКОРИ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ

22 август 2025, Ҷумъа
26


Расму оин ва анъанаву маросим яке аз шаклҳои муҳимтарини шуури ҷамъиятии ҳар як миллату ҷомеа мебошанд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлоли давлатӣ, ба хотири расидан ба рӯзгори пурсаодат дар баробари ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва пеш гирифтани роҳи ободонию созандагӣ, боз як силсила монеаҳои маънавиро бояд бартараф менамуд, ки садди роҳи пешрафт ва болоравии сатҳи зиндагии халқ мегардиданд. Аз ҷумла, вазъи ташвишовари муносибат ба расму оинҳо ва баргузории маросиму анъанаҳои халқӣ буданд, ки дар роҳи пешрафту расидан ба ҷомеаи мутамаддини иҷтимоӣ монеаи ҷиддӣ эҷод мекарданд.

Бинобар ин, масъалаи ба тартибу низоми муайян овардани расму оинҳои миллӣ ва маросими диниро бори аввал Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросими динӣ моҳи июли соли 1999 мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар заминаи ин мулоқот 9-уми июли соли 1999 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 27-уми ноябри соли 1999 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллӣ» қабул гардиданд ва тавсиянома низ ба тасвиб расида буд. Вале вазъи маъракаороии мардум аз доираи меъёрҳои одоб ва ахлоқи исломӣ торафт беруну серхарҷ шуда, дар роҳи баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагӣ, бахусус оилаҳои камбизоат, ки зиёда аз нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медоданд, монеаҳои ҷиддӣ ба вуҷуд меоварданд.
Аксарияти расму оин ва маросим бештар моҳияти зиёфат, таом додану таом хӯрданро ба худ гирифта буданд ва маҳз ҳамин омил ҷаҳонбинӣ ва маърифати мардуми моро таҳти таъсир қарор дода, боиси зоҳирпарастӣ ва исрофкории аз ҳад зиёд мегардид.
Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки барои рафъи мушкилоти мардум мусоидат намуд.
Зиндагӣ собит сохт, ки қабули Қонуни миллӣ иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ буда, ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва рафъи мушкилиҳои мардум мусоидат намуд, манфиатҳои онҳоро дар шароити ҷаҳонишавии фарогир ва буҳронҳои пайдарпайи молиявию иқтисодӣ ҳифз кард.
Қонуни миллӣ, қабл аз ҳама шароити мусоиди баргузории маъракаҳоро фароҳам овард. Дар як муддати кӯтоҳ тӯйҳои домодию арусӣ ду баробар афзоиш ёфта, ҳазорҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон, ки бо сабаби надоштани шароити молиявӣ хонадор шуда наметавонистанд, оила барпо намуданд.
Амалишавии Қонун, ҳамчунин ба нигоҳ доштани захираҳои пулии шаҳрвандон дар бонкҳо, шароит фароҳам овард.
Шаҳрвандон имкон пайдо намуданд, ки ба беҳтар кардани шароити зист, бунёди манзилҳои истиқоматӣ, ободу зебо намудани хонаву кошона ва муҳимтар аз ҳама, ба тарбияи фарзандони худ диққати бештар диҳанд.
Ин ғамхориву талошҳои давлату Ҳукумат натиҷаҳои назаррас ба бор овард ва дар кишварамон насле ба камол расида истодааст, ки соҳиби дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ, забондон ва соҳибмаърифат мебошанд, дар арсаи байналмилалӣ аз давлату миллат намояндагӣ доранд ва барои тараққиёту ободии Ватани азизамон содиқона хизмат мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин пешравию муваффақиятҳо маҳз аз қабул ва амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарчашма мегиранд, ки муаллиф ва ташаббускори он Пешвои муаззами миллат мебошанд.

Илҳом ДОДАРЗОДА, сармутахассиси шуъбаи дин,танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 20.08.2025 №: 160