ОМӮЗГОРОНИ ТОҶИК СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ БАРНОМАИ «KLIC LEAD GLOBAL WORKSHOP 2025» ГАРДИДАНД

22 август 2025, Ҷумъа
9

13-уми август дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея даври омӯзишии Барномаи «KLIC LEAD Global Workshop 2025» ҷамъбаст гардид, ки дар он 30 омӯзгор аз Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби сертификат шуданд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Маврид ба зикр аст, ки Барнома машғулияти амалӣ оид ба зеҳни сунъӣ (AI), барномасозӣ, омӯзиши асосҳои рақамии таълим, истифодаи “EduTech”, тарҳрезии дарс, шиносоӣ бо муассисаҳои таълимии инноватсионӣ, ширкатҳои пешрафтаи технология ва фарҳанги Кореяро дар бар гирифт.
Даври омӯзишии Барнома 4-13-уми август, дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти маорифи шаҳри Сеҷонг гузаронда шуд.


ДАР БОХТАР МАҶМААИ ТАЪРИХИИ БИБИХОНУМ ТАЪСИС ДОДА ШУД
Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи қалъаи бостонии Бибихонум, воқеъ дар маркази шаҳри Бохтар, Муассисаи давлатии "Маҷмааи таърихии Бибихонум" таъсис ёфт, ки тобеи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ёдгории бостонии қалъаи Бибихонум ба категорияи ёдгориҳои нодири бостонии миллӣ мансуб буда, аз ибтидои асрҳои 1-и мелодӣ то давраи охири асри 19 ҳамчун истеҳкоми пурқудрат мавҷудият доштааст.
Имрӯзҳо кормандони Агентӣ дар ин ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ-бостоншиносӣ мебаранд. Ҳангоми пешбурди корҳои пажӯҳишӣ бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла давраи Сомониён ва давраҳои минбаъдаи таърихӣ дарёфт гардидаанд, ки саҳифаҳои таърихи миллатро ғанӣ мегардонанд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.08.2025 №: 160