РОҒУН АЗ “РОҒУН” НУР МЕГИРАД

25 август 2025, Душанбе
18
Имрӯзҳо дар шаҳри Роғун, ба шарофати бунёди азимтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ – НБО “Роғун”, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷ аст. Симои шаҳр рӯз ба рӯз зеботару дилрабо мегардад. Роҳҳои мумфарш, хиёбону кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои саноатию муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ далели ин гуфтаҳоянд. Мардуми заҳматпешаи шаҳр ин ҳама комёбиҳоро аз сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, дилгармона ба сӯйи фардои дурахшон гом мениҳанд.
Бовар аст, ки дар ояндаи наздиктарин Роғун ба як шаҳри бузурги замонавӣ, босуръат рушдёбандаи саноатию энергетикӣ табдил ёфта, дар миёни қуллаҳои сарбафалак ва канори баҳр чун гулбоғи навини Тоҷикистон ҳазорон ҳамватану сайёҳи хориҷиро мафтун хоҳад сохт.
Дар робита ба сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии нимсолаи аввали соли ҷорӣ, бо раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода суҳбате оростем.
ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА
Бино ба гуфтаи Сунъатулло Саидзода боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат корҳои сохтмонӣ идома дошта, диёрамон рӯз ба рӯз зебою обод мегардад. Роғун чун яке аз шаҳрҳои зебоманзари Ватан, аз ҳама муҳим, макони ҷойгиршавии иншооти аср – НБО “Роғун” мавриди таваҷҷуҳи мардуми кишвар ва хориҷиён қарор дошта, дар ин ҷо ба муносибати Ҷашни таърихӣ, иншооти хуштарҳу замонавӣ бунёд ёфтааст. Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сохтмону азнавсозии 105 иншооти гуногунсамт ба нақша гирифта шудааст, ки то ин вақт 70-тои он ба истифода дода шуд. Инчунин, имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар маркази шаҳр ва деҳоти атрофи он бомаром идома дошта, дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ пайвастанд. Ҳамзамон, сокинони шаҳр аз ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат истиқбол намуда, дар эҳё ва рушди соҳа камари ҳиммат бастаанд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилии маркази шаҳр ба маблағи 371 ҳазору 100 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аллакай, корҳо дар ин сам оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ба истифода дода мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чораҳои зиёд роҳандозӣ карда, рафти иҷрои корҳо ва сифати онҳоро зери назорати қатъӣ қарор додааст. Дар шаҳр бунёду азнавсозии иншооти ҷашнии соҳаҳои тандурустӣ, маориф, марказҳои хизматрасонӣ ва пулу роҳҳои мошингузар анҷом пазируфтаанд.
Баҳри амалӣ намудани дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмати кишоварзон дар шаш моҳи соли ҷорӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, бамаротиб афзуд. Бо мақсади таъмини фаровонии маводи ғизоӣ дар бозорҳои дохилӣ кишти зироатҳо ба 1075,55 гектар расонда шуд.
Роғун яке аз шаҳрҳои зебоманзари кишвар буда, минтақаи сайёҳӣ эълон гардидани он тасодуфӣ нест. Бо имкониятҳои бузурги табиӣ ва фарҳангию таърихӣ шаҳри нурофар барои рушди сайёҳӣ мусоид мебошад.
Бо назардошти аҳамияти таърихию фарҳангӣ, мавҷудияти захираҳои бузурги табиӣ, аз қабили ҳайвоноти нодир, кӯҳҳои дорои гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои мусаффо ва мавзеъҳои истироҳатӣ, ин мавзеъ барои рушди сайёҳии табобатию кӯҳнавардӣ тавсия дода мешавад. Инчунин, минтақаҳои дигари мувофиқ барои сайёҳӣ бо номи Гули Сурх, дараи Луғур, кӯҳи Яхдон, Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ ва дар оянда обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ мувофиқи мақсад мебошанд.
Барои сайёҳон дар шаҳр шароити мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, беш аз 40 мавзеи ҷолиби сайёҳӣ, 4 меҳмонхона, 7 осоишгоҳ, 5 тарабхона, 7 истироҳатгоҳ ва 2 боғи фарҳангию фароғатии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Дар шаш моҳи аввали соли равон аз маконҳои сайёҳии шаҳр 2750 сайёҳ боздид намудааст, ки 385 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад.
Гуфтан ба маврид аст, ки таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷиро, пеш аз ҳама, иншооти азими аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун», шаҳраки Оби Гарм ва мавзеи Муллошайх, ки дорои обҳои гарми табиии шифобахш мебошанд, ҷалб месозанд.
Неругоҳи барқи обии “Роғун” яке аз иншооти муҳими стратегӣ ба ҳисоб рафта, иқтидори лоиҳавии он 3600 мегаваттро дар бар мегирад. Ин иншооти бузург дар оянда барои рушди соҳаи сайёҳӣ замина фароҳам меорад. Хусусан, обанбори Неругоҳ, аллакай, диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр карданд: "Роғун” омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад".
Албатта, бо бунёди Неругоҳ шароити рушду инкишофи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ муҳайё мегардад. Бо дарназардошти обанбор сайёҳии экологӣ низ рушд намуда, Роғун ба минтақаи сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 22.08.2025 №: 162