ХАТЛОН. БУРДУ БОХТИ СОҲАИ МАОРИФ БАРРАСӢ ШУД

25 август 2025, Душанбе
27
Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон баргузор гардид. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, зимни суханронӣ аз дастовардҳои соҳаи маориф, фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорон ёдовар шуда, ҳамагонро ба муносибати фарорасии оғози соли нави таҳсили 2025-2026, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ шодбош гуфт.
Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои илму маориф тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамояд.
– Дар доираи барномаҳои соҳаи маориф ва нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилоят бунёд, таъмир ва навсозии 139 иншооти соҳаи маориф иборат аз 1277 синф барои 31925 ҷойи нишаст дар як баст ва барои 63850 ҷойи нишаст дар ду баст идома дорад, – гуфт раиси вилоят.
Маълумот дода шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол маблағгузории соҳаи маориф зиёд гардида, бо дарки муҳимияти соҳа Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят низ ҷиҳати маблағгузорӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони ин соҳаи афзалиятнок диққати хос зоҳир менамояд. Агар соли 2019 маблағгузории соҳа 1 миллиарду 17 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, яъне 59,3 фоизи буҷети умумии вилоятро ташкил дода бошад, он дар соли 2025 ба 2 миллиарду 740 миллиону 578 ҳазор сомонӣ, яъне ба 60,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоят расонда шуд.
– Натиҷаи фаъолияти омӯзгорони вилоят дар соли таҳсили 2024-2025-ум 800 медали даври ниҳоии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мебошад, ки нисбат ба соли таҳсили 2022-2023-юм 259 медал зиёд мебошад. Ҳамзамон, натиҷаи хонандагон низ дар ин даври олимпиадаҳо сифатан беҳтар гардидааст. Барои мисол, агар соли 2024 хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ҳамагӣ 14 медали тилло гирифта бошанд, ин нишондиҳанда дар соли 2025 ба 49 адад расид. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҳам иштироки фаъолона доштанд. Дар сатҳи байналмилалӣ 2166 хонанда сафарбар гардида, 903 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 457 медал зиёд мебошад, – афзуд раиси вилоят.
Бо вуҷуди дастовардҳо, Давлаталӣ Саид доир ба беҳбуд бахшидани сифати таълим, беҳтар намудани шароити корӣ барои омӯзгорони ҷавон, иҷрои барномаҳои давлатӣ, татбиқи стратегияҳои нав ба масъулон дастуру супоришҳо дод.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, оид ба низоми рақамӣ ва рақамикунонии системаи маорифи кишвар то соли 2030, дастоварду камбудиҳои соҳаи маориф ибрози назар кард.
Пас аз шунидани суханрониҳо, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор омӯзгорон ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф – Омӯзгори ифтихории Хатлон ва ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ нишони Соҳибватан ва мукофотпулӣ супурда шуд. Ғайр аз ин, раиси вилоят ба 23 омӯзгори ҷавон шаҳодатномаи замини наздиҳавлигӣ тақдим кард.
Тибқи хулосабарории ҳайати тадорукот “Парчами сайёри ғолиб” насиби ноҳияи Данғара гардид ва роҳбарияти ноҳия дар ҳаҷми 20000 сомонӣ мукофот гирифт.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
“АНДАЛЕБ-2025”. 111,3 ХОЛИ ҲУНАРМАНДОНИ ШАҲРИ ҲИСОР САЗОВОРИ ТАҲСИН АСТ
Дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор даври минтақавии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2025” баргузор гардид.
Ба ин муносибат дар ҳавлӣ ва долонҳои муассиса кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаву ташкилот ва хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, расму мусаввара ва меваю сабзавот баргузор карда, сазовори баҳои баланди ҳакамон шуданд.
Сипас, дар толори Қасри фарҳанг Бунафша Юлдошзода, муовини раиси шаҳр, суханронӣ карда, меҳмонону ҳунармандонро аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр хайрамақдам гуфт.
Ҳунармандону ҳаваскорони санъати шаҳр, ки 12 ҷамоати шаҳраку деҳот, муассисаву корхонаҳои ҳудуди шаҳрро намояндагӣ мекарданд, аз рӯи 12 номинатсия баромад намуданд. Ҳакамон ба ҳунари санъаткорон мунсифона баҳогузорӣ карда, дар ҷамъбаст ба онҳо 111,3 холро лоиқ донистанд.
Тавре, сардори ҳакамон дар ҷамъбасти Фестивал-озмун иброз дошт, ин рақам байни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баландтарин холе буд, ки ҳунармандони шаҳри Ҳисор ба он сазовор дониста шуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 22.08.2025 №: 162