Ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Шурои қонунгузории Давлати Фаластин
«22-юми август Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Давлати Фаластин Адҳам Муҳаммад Алӣ Ҳасан Зайналадин мулоқот намуд», – хабар додааст АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот фаъолияти гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Шурои қонунгузории Давлати Фаластин барои ҳамоҳанг намудани робитаҳои дӯстӣ байни мардумони ду давлат муҳим арзёбӣ гардид.
Имзои Созишномаи қарзи байни Тоҷикистон ва Хазинаи Қатар
23-юми август вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад ас-Сулайтӣ вохӯрд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар» зимни мулоқот маросими баимзорасии Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Қатар оид ба рушд дар ҳаҷми 50 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони НБО «Роғун»» баргузор шуд.
Ҷаласаи коршиносони Шурои роҳбарони Хадамоти гумруки ИДМ
Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ дар ҷаласаи навбатии коршиносони Шурои роҳбарони Хадамоти гумруки ИДМ, ки дар шаҳри Москва баргузор шуд, баррасӣ гардиданд.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумрук иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушди низоми табодули иттилоот, мубориза бо қонуншиканиҳо дар соҳаи гумрук, инчунин, дигар масъалаҳои муҳими соҳа муҳокима шуданд.
ТОҶИКИСТОН ВА АМРИКО
Ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ
Густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико дар мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон маҷмуи масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории ду давлатро дар соҳаи тандурустӣ муҳокима намуда, дар ин самт изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
ДУШАНБЕ
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар 20 фоиз зиёд мешавад
Бо мақсади мукаммалгардонии хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ шуруъ аз 1-уми сентябр шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Аз оғози соли нави таҳсил, аз ҷумла шумораи автобусҳо ба 380, троллейбус 65 ва шумораи нақлиёти микроавтобусҳо (маршрут) ба 1100 расонда шуда, ҳамзамон, 500 нақлиёти хурди такси зиёд мегардад.
Дар ин хусус раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши тарғибгарони илм дар Чин
Дар шаҳри Урумчи дар доираи чорабинӣ вобаста ба мубодилаи илмию техникӣ ва гуманитарӣ байни Чин ва Осиёи Марказӣ ҳамоиши мубодилаи таҷрибаҳо доир ба баланд бардоштани саводнокии илмӣ баргузор гашт.
Дар ҳамоиш масъалаҳои ҳамкорӣ, мубодилаи захираҳо ва тарбияи мутахассисони ҷавон баррасӣ шуданд. Ҳамоиш «Саҳифаи нав дар таблиғи илм дар Роҳи абрешим» унвон гирифта, дар он беш аз 50 коршиносу олимони давлатҳои хориҷӣ ҷамъ омаданд.
Дар ин бора ба хабарнигори мо аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Беш аз 9 миллион китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ
Дар соли таҳсили 2025-2026 барои тамоми шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳия, чоп ва ирсоли 9 миллиону 154 ҳазор китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ба хабарнигори мо дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм тавзеҳ доданд, то 20-уми август ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат 3 миллиону 855 ҳазору 724 китоби дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ дастрас карда шуд.
Таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ дар пиряхҳои Помири шарқӣ ва марказӣ
Мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ бо иштироки мутахассисони Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария дар ду пиряхи репрезентативӣ – пиряхҳои Помири шарқӣ ва марказӣ, таҳқиқоти комплексӣ гузаронданд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки таҳқиқот 30-юми июл оғоз гардида, то 15-уми август идома ёфт. Таҳқиқот вобаста ба ҳолати яхбандии абадӣ гузаронда шуда, динамикаи ҳарорати қишри замин муайян гашт. Зимни гузарондани экспедитсияи комлексии байналмилалӣ ҳайати гурӯҳи экспедитсионӣ маълумоти нодири илмӣ ба даст овард.
Санаи нашр: 25.08.2025 №: 163
