“ШОҲНОМА” – ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИҚДОМЕ, КИ АЗ ҶОНИБИ ФОРСИЗАБОНОНИ ҶАҲОН ИСТИҚБОЛИ ГАРМ ЁФТ

25 август 2025, Душанбе
28
Хабари оғоз ёфтани тақсимоти нашри нави шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ – “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, на танҳо фазои иттилоотии Тоҷикистонро тасхир кард, балки дар расонаҳои байналмилалӣ низ инъикос шуд. Аз ҷумла, сомонаи хабаргузории BBC зери унвони “Ҳар хонавода дар Тоҷикистон “Шоҳнома”-ро ройгон дарёфт мекунад” гузориши муфассале нашр кард.
Манбаъ хабар медиҳад, ки то кунун ду ҷилди “Шоҳнома” бо хатти кириллӣ ба ҳар як хонавода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва минтақаи Рашт тақдим шудааст.
Дар гузориш омадааст: “Қарор аст як миллиону 700 ҳазор оила дар саросари Тоҷикистон ду ҷилди “Шоҳнома”-ро ройгон дарёфт кунад. Ин китоб дар нашриёти “Шарқи озод”, як ниҳоди вобаста ба дастгоҳи Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо теъдоди 3 миллиону 400 ҳазор нусха чоп шудааст.”
Дар идома зикр мешавад, ки дастури нашр ва ба мардуми Тоҷикистон ба таври ройгон туҳфа кардани “Шоҳнома” моҳи декабри соли 2023 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 150-умин солгарди зодрӯзи Бобоҷон Ғафуров, муаллифи китоби “Тоҷикон”, дода шуда буд.
ВВС тақдими нахустин нусхаҳои “Шоҳнома”-ро ба занону духтарон, ки дар остонаи Рӯзи Модар – 8-уми марти соли 2025 сурат гирифт, нек арзёбӣ мекунад.
Гуфта мешавад, ки барои омода ва нашри ин китоб дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як гурӯҳи вижа ташкил шуда буд, ки ба он шоҳномашиносон, матншиносон, филологҳо ва муҳаққиқони тоҷик шомиланд.
Илова бар ин, сомона менависад, ки интизор меравад, то таҷлили Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 2026 баргузор мешавад, ҳар як хонавода соҳиби ду ҷилди “Шоҳнома” шавад.
Дар матлаб ба таври хос зикр мешавад: “Ҳадаф аз ин чорабинӣ, ба гуфтаи Ҳукумати Тоҷикистон, ошноии мардуми кишвар бо достони ҳамосавии “Шоҳнома”, қадршиносии таъриху адабиёт ва фарҳанг, тарбияи насли нав дар руҳияи ватандӯстӣ, тарғиби ҷасорату шуҷоат ва омода кардани ҷавонон ба ҳифзи марзу буми Ватан мебошад; мавзуъҳое, ки аз аввал то охири "Шоҳнома" инъикос ёфтаанд.”
Дар заминаи арзёбии ин расонаи байналмилалӣ маълум мегардад, ки тақдими “Шоҳнома” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба ҳар як хонаи тоҷик, ки боиси болоравии завқи китобхонии мардум мегардад, аз ҷониби кулли форсизабонони дунё хуб пазируфта шуд.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.08.2025 №: 163