ТОҶИКИСТОН. КИШВАРИ ПЕШТОЗ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНӢ
Соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 34-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил мекунад, ки ҳамасола 9-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад. Қобили зикр аст, ки халқи тоҷик таърихи тулонии шашҳазорсола ва фарҳанги ғанӣ дорад. Ин таҷрибаи ғании фарҳангиву адабӣ ва хотираи таърихии миллати тоҷик, ки фарзандони фарзонае, чун Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо бузургмардони дигарро ба воя расондааст, имкон дод, ки дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистони имрӯз ҳамчун давлати соҳибихтиёру дунявӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шавад.
Имрӯз Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманд барқарор кардааст.
Гузашта аз ин, Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари навовар ва пешоҳанг дар ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст.
Ҳоло мардуми тоҷик аз он ифтихор доранд, ки то имрӯз панҷ ташаббуси башардӯстонаи кишварашон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, дар саросари ҷаҳон амалӣ мешавад.
Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои фаровони обӣ буда, беш аз 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ аз 13 ҳазор пирях, дарёҳо ва чашмаҳои зебои кӯҳии ин кишвари афсонавӣ ташаккул меёбад. Ба шарофати манобеи обӣ ва зебоиҳои табиии аҷиб Тоҷикистон дар раванди муосири рушди “иқтисоди сабз” ва “энергетикаи сабз” яке аз кишварҳои пешқадам ва намунавии ҷаҳон мебошад.
Тоҷикистон бо назардошти табиати зебо, сарватҳои бузурги маъданӣ ва таъриху фарҳанги ғании мардуми худ яке аз кишварҳои ҷолибтарин барои сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ ба шумор меравад.
Дар робита ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Миср бояд гуфт, ки давоми 32 соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ду кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ин дар ҳолест, ки мардумони ду давлатро на танҳо муносибатҳои дипломатӣ, балки робитаҳои дерина тавассути Роҳи абрешим ва Роҳи лоҷувард ба ҳам мепайванданд. То имрӯз тиҷорат ва сармоягузории мутақобила миёни Тоҷикистону Миср рӯ ба афзоиш аст ва ин раванд баъд аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қоҳира ва Шарм-уш-Шайх дар соли 2022 вусъати нав пайдо кард.
Парвиз Мирзозода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Миср дар пайи суръат бахшидани гузариш ба "энергияи сабз" ҳастанд. Миср бо Стратегияи миллии энергияи устувор, ки як тарҳи пешқадам дар минтақа аст, мехоҳад то соли 2035 вобастагӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергияро то 37 фоиз боло барад.
Дар ҳамин замина, Парвиз Мирзозода таъкид кард: “Тоҷикистон азм дорад, то соли 2037 ба як кишвари комилан сабз табдил ёбад. Дар ҳоли ҳозир аз рӯи захираҳои обӣ дар ҷаҳон, ҷойи ҳаштум ва аз лиҳози истифодаи неруи тоза дар ҷойи шашум қарор дорад”.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба тағйирёбии об ва иқлим мавқеи пешсафро ишғол кардааст. Созмони Милали Муттаҳид то имрӯз чаҳор ташаббуси мушаххаси пешниҳодкардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қабул кардааст, ки барҷастатарини онҳо Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад.
Тавре сафири Тоҷикистон дар Миср мегӯяд: “Тоҷикистон маркази ҷуғрофии Осиёи Марказӣ буда, беш аз 50 дарсади масоҳати умумии пиряхҳои минтақа, тақрибан 8500 километри мураббаъ ва зиёда аз 8000 пиряхҳоро дар бар мегирад. Мутаассифона, ин пиряхҳо бар асари тағйирёбии иқлим босуръат об шуда, ба амнияти оби минтақаи мо ва ҷаҳон таҳдид мекунанд”.
Парвиз Мирзозода иброз дошт, ки Миср дар масоили гуногун, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист ва об аз Тоҷикистон ҳимоят мекунад. Сафир ба нақши Қоҳира дар Ховари Миёна ва Африқо баҳои баланд дода, аҳамияти шарикии Миср ва Тоҷикистонро дар масъалаҳои байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак, бахусус дар бахшҳои об, энергетика ва муҳити зист, муҳим арзёбӣ намуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар ҳоле ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ аст, дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва таъмини мардуми сайёра бо ин неъмати бебаҳо мавқеи башардӯстона нишон дода, таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонро ба он ҷалб месозад, ки қобили эҳтиром аст.
Фотима БАДАВӢ,
муҳаррири калони нашрияи
“Ахбор-ул-явм”-и Миср,
аз арабӣ тарҷумаи
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.08.2025 №: 163
