ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «BRICS AND SCO» БА НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН

25 август 2025, Душанбе
28
Лаборанти калони шуъбаи физикаи кометаҳо ва астероидҳои Институти астрофизикаи АМИТ Парвизи Орзуқул дар номинатсияи «Таҳқиқот ва инноватсияи сол» барандаи ҷоизаи роҳбарони ҷавони БРИКС ва СҲШ гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки озмун дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон баргузор гардида, ба кашфи истеъдодҳои ҷавон ва эътирофи саҳми мутахассисони ҷавон дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ нигаронда шудааст. Соли 2025 барои як ҷойи озмун тақрибан 45 довталаб мубориза бурда, ба он беш аз 450 дархост пешниҳод гардид. Ҷоиза ба лоиҳаҳо ва таҳқиқоте тақдим шуд, ки ба густариши илми астрономия ва паҳн намудани донишҳои илмӣ равона шудаанд.
Санаи нашр: 25.08.2025 №: 163