ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ВАРЗИШ, ҶОМЕА ВА ҶАВОНОН

25 август 2025, Душанбе
21
Интихоби тарзи ҳаёти солим, ба роҳ мондани барномаи касбии тамрин ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат имкон дод, ки варзишгарони шаҳри Турсунзода имсол низ қариб дар ҳама намуди риштаи варзиш комёбу дастболо гарданд. Варзишгарони шаҳр сол ба сол қуллаҳои баландтарро дар соҳа фатҳ карда, дар рушди бесобиқаи он саҳм мегузоранд.
Ҳабибулло Абдуллозода, мудири бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, роҷеъ ба дастовардҳои соҳа ба «Ҷумҳурият» чунин гуфт:
– Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ варзишгарони шаҳри Турсунзода дар ҳафт мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, 11 медал: 4 тилло, 1 нуқра ва 6 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин, онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 90 медали тилло, 62 нуқра ва 50 медали биринҷӣ гардиданд. Майлу рағбати варзишгарони шаҳри Турсунзода бештар ба намудҳои варзиши гӯштинҳои ҷудо ва кураш, каратэ-до, кикбоксинг, футбол, волейбол, шоҳмот ва дигар навъҳои варзиш равона гардидааст. Дар шаҳр устодони варзиши дараҷаи баланди соҳибтаҷриба фаъолият дошта, дар омода намудани варзишгарони ҳирфаӣ нақши муҳим мебозанд.
Бино ба иттилои Ҳ. Абдуллозода, ҳоло дар шаҳр 124 майдончаи варзиш, 71 толори варзиш, ҳавзҳои шиноварӣ, маҷмааи варзишӣ ва варзишгоҳи марказӣ – «Талко-Арена» фаъолият дошта, ҳамарӯза наврасону ҷавонон дар онҳо тамрин мекунанд. Инчунин, тибқи нақшаи таҳиягардида, бахшида ба Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назар аст, ки 31 иншооти варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор бигирад. Имсол бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳр чор майдончаи варзиш сохта ба истифода дода шуд. Феълан сохтмони толорҳои замонавии варзишӣ ва майдончаҳо дар маҳаллаҳои маркази шаҳр ва деҳаи Батоши деҳоти Қаратоғ идома дорад. Ҳамчунин, дар доираи Барномаи давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Турсунзода барои солҳои 2022-2026, ки сирф баҳри оммавӣ гардондани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст, дар маркази шаҳр ва деҳот мунтазам байни наврасону ҷавонон аз рӯи намудҳои варзиши сабук, гӯштигирӣ, вазнбардорӣ, қувваозмоӣ ва дигар намуди варзиш мусобиқаҳо гузаронда мешаванд.
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.08.2025 №: 163