РӮШОН. ИСТИҚЛОЛ ВА ОБОДӢ
Рӯшон яке аз ноҳияҳои калонтарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб меёбад. Аз ҳудуди ноҳия 150 км роҳи байналмилалӣ мегузарад, ки бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз – Хоруғ – Кулма, бо анҷоми сохтмони қитъаи ноҳияи Дарвоз – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон марҳалаи таҷдиду навсозии он шуруъ мегардад.
Ба гуфтаи раиси ноҳияи Рӯшон Илҳом Аҳмадзода, ноҳия ҳарчанд солҳои сиюми асри пеш ташкил шуда бошад ҳам, дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар қиёс ба солҳои қаблӣ хеле пешрафт кард. Хосса, сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Рӯшон такони ҷиддӣ бахшиданд. Бунёдкориҳову созандагиҳои солҳои охир на танҳо симои ноҳияро зебо карданд, балки ба пешрафти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум низ мусоидат намуданд. Ин аст, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ имрӯз ҳам аз вазифаҳои афзалиятноки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (МИМҲД) маҳсуб меёбад. МИМҲД имсол ҳам аз оғози сол диққати асосиро ба иҷрои бемайлони дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ва дар мулоқот бо фаъолони вилоят ироа гаштанд, равона намуда, тамоми қувваи қобили меҳнатро ба иҷрои нақша-чорабиниҳои МИМҲД ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатӣ равона кард.
Барномаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2021-2025, ки аз 61 банд иборат мебошад, дар маҷмуъ, аз рӯи фарогирии лоиҳаҳо то ҳол 83,3 фоиз иҷро шудааст. Айни замон 49 банди Барнома иҷро гардида, 6 банд дар ҳоли иҷро қарор дорад. Дар маҷмуъ, барои амалисозии Барнома қариб 145 миллион сомонӣ масраф гардида, амалисозии бандҳои боқимондаи он идома дорад.
Дар нимсолаи аввали соли равон дар амалисозии ҳадафи чоруми стратегиии давлат – саноатикунонии босуръат қадамҳои устувор гузошта шуданд. Дар шаш моҳ панҷ коргоҳи нави саноатӣ бо 50 ҷойи кор ба фаъолият оғоз кард. Айни замон дар ноҳия 19 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 608 ҳазор сомонӣ зиёдтар маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Икром Аҳмадзода иброз дошт, ки дар марҳалаи кунунӣ ҳаҷми маҳсулоти саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз даҳ фоиз камтар аст. Тибқи дастури Роҳбари давлат, ин омор бояд аз даҳ фоиз кам набошад. Барои расидан ба ин ҳадаф соле бояд афзоиши истеҳсоли маҳсулот аз 20 фоиз кам набошад. Имрӯз дар маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ бештар аз 50 фоизро ташкил медиҳад. Дар шаш моҳ кишоварзон ба маблағи зиёда аз 22,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб як миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Раиси ноҳия бо ифтихор ва хушнудӣ зикр намуд, ки тибқи нақша то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли далатӣ дар ноҳия бунёди 165 иншооти таъиноти гуногун дар назар аст. То имрӯз 136 иншоот бо таъсиси 365 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуда, берун аз нақша 47 иншоот бунёд гардид.
Дар ин давра 4 муассисаи томактабӣ барои 200 кӯдак, бинои прокуратураи ноҳия, ду неругоҳи хурди обӣ, муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, корхонаи коркарди шир ва дигар иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ бунёд ёфта, дар доираи сафари қарибулвуқуи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия мавриди истифода қарор гирифтанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.08.2025 №: 163
