ПАХТА. ҲОСИЛ ДАР ҚУБОДИЁНУ ШАҲРИТУС ФАРОВОН АСТ

25 август 2025, Душанбе
37
Дар ноҳияи Қубодиён чиниши пахта дар авҷ аст. Имсол заркорон мақсад доранд, ки ба хирмани Ватан 18150 тонна «тиллои сафед» резанд. Аз деҳоти Ҳаваскор Нурмуҳаммад Бегматов, сардори хоҷагии деҳқонии «Юрсуналӣ», ба воситаи телефон хабар дод, ки чиниши якуми ҳосилро анҷом доданд. Аз ним гектар қариб 2 тонна пахтаи аълосифат чиданд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст ва то охири мавсим уҳдадории ба зиммадоштаашонро барзиёд иҷро хоҳанд кард. Ҳамдеҳаи ӯ Абдулло Қундузхонов, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Қундузхон», аз 2,5 гектар майдон то имрӯз, яъне 20-уми август, зиёда аз 4,2 тонна пахта ҷамъоварӣ намудааст. Вай ҳам кӯшиш дорад, ки ҳосилнокии ҳар гектарро ба 30 сентнер расонад.
– Имсол ҳосили пахта фаровон аст, рустаниҳо пурборанд, ҳамчунин, аз полизиҳо, меваю сабзавот даромади зиёд ба даст омад. Аз фурӯши ҷуворимаккаи заминҳои президентӣ хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус аз 20 то 30 ҳазор сомонӣ даромад гирифтанд. Помидору бодиринг, қаламфури булғорӣ, боимҷон, каду, пиёзу картошка, себу ангури пешпазак, харбузаю тарбуз, ҳандалак фаровон. Бозорҳо ба шарофати заҳмати деҳқон пури анво, нархҳо дастрас. Имрӯз ҳам аз деҳаи Ҳаваскори мо ва аз дигар деҳоти ноҳия даҳҳо мошинҳои пурбор ба бозорҳои пойтахту Бохтар дастранҷи марди деҳқонро мекашонанд, алҳол дар майдонҳои аз маҳсулот тозашуда кишти сеюми ҷуворимакка гузаронда истодаем, – гуфт бо ифтихор Нурмуҳаммад Бегматов ва суханашро чунин хотима бахшид:
– Дар ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён чанд маротиба бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрдем. Сарварамон дӯстдори халқанд. Бо мо қитъаҳои заминро давр зада, мегуфтанд, ки водии Қубодиён майдонҳои фарохи кишт, оби фаровон, ҳавои мусоид дорад ва дар ин шароит аз як замин метавон зиёда аз се ҳосил гирифт. Мо ҳамин тавр кардем ва ҳоло ҷамъоварии ҳосили дуюм, ки ба ҷойи ҷуворимакка пиёз ва картошка кишт намудем, фаро расидааст. Баъзе деҳқонони ботаҷриба аз се ҳосил ҳам зиёдтар мерӯёнанд. Нахустин корвони мошинҳои пурбор аз моҳи май сар карда, аз водии мо ба пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ мебаранд ва то охири тирамоҳ кори онҳо қатъ намешавад. Ба наздикӣ корвони пахта низ ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ роҳ мегиранд. Ба шарофати сулҳу ваҳдат ба сарзамини мо баракат омад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.08.2025 №: 163