АВВАЛИН ФОРУМ. ГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ МУКОЛАМАИ ЗАНОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
- Баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа аз оғози Истиқлоли давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳоло иштироки онҳо дар умури давлатдорӣ, мақомҳои роҳбарӣ ва корҳои идоракунӣ хеле фаъол ба назар мерасад. Илова ба он, ки имрӯз бонувони тоҷик дар бахшҳои сиёсат, тандурустӣ, маориф, илму фарҳанг ҳузури хеле васеъ доранд, ҳамчунин, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ, сарбаландона ба давлату миллат хидмат менамоянд ва сафи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ рӯз ба рӯз меафзояд.
Ин матлабро Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нахустин Форуми минтақавӣ таҳти унвони “Нақши занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа дар Осиёи Марказӣ”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён намуд. Дар Форум, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ доир шуд, намояндагони ниҳодҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбарону намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ширкат доштанд. Ҳайатҳои ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар ин ҳамоиш ба таври маҷозӣ иштирок ва маъруза карданд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Форум иброз дошт, ки ташаббуси мазкур бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди амалисозии санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи кишвар дар самти барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон, таъмини иштироки баробари занону мардон дар раванди қабули қарор ва сулҳофарӣ, дар амал татбиқ намудани Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030 рӯи даст гирифта шудааст. Ин иқдом, ҳамчунин, ба таҳкими нақш ва ҷойгоҳи занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа нигаронда шудааст, - изҳор дошт Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Дар умум, иштирокчиёни Форуми минтақавӣ масъалаҳои ҷалби занон ҳамчун субъекти фаъол дар раванди идоракунӣ, қабули қарор, зиёд намудани ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа, аз ҳисоби занон таҳкими ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори роҳбарии бонувон, рафъ намудани қолабҳои гендерӣ вобаста ба нақши мардону занон дар ҷомеа, ташаккули симои зан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Оламбегими НЕКҚАДАМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.05.2023 №: 91