“БАДАХШОН – ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН”

27 август 2025, Чоршанбе
18
Таҳти ҳамин унвон дар маркази ноҳияи Дарвоз – шаҳраки Қалъаихумб бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва меҳмонон аз чанд кишвари дуру наздики олам ширкат варзиданд.
Нахуст, меҳмонон дар комплекси сайёҳии «ЗЕВ. С» намоиши дастранҷи ҳунармандони маҳаллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва имкониятҳои минтақаро вобаста ба рушди сайёҳӣ тамошо карданд. Комплекси сайёҳии “Зев. С” дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ кор мекунад.
Дар ин маҷмааи сайёҳӣ барои муаррифии таъриху фарҳанги миллатамон 8 хонаи истиқоматӣ, осиёбҳои обию бодӣ, ҷувоз ва дигар намуди санъату анъанаҳои мардумӣ, ки дар давраҳои гуногуни зиндагӣ аз тарзи ҳаёт ва фаъолияти сокинони шаҳру навоҳии вилоят қисса мекунанд, бунёд шудааст. Ба гуфтаи таърихшиносон, 3 ҳазор сол пеш инҷониб мардуми тоҷик, бахусус сокинони Дарвоз, дар деҳот ҳамин хел зиндагӣ менамуданд.
Сипас, қисми расмии Форум оғоз ёфт. Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат, зимни суханронӣ иброз намуд, ки бо ташаббусу дастгириҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ба таври бесобиқа рушд ёфта, дар фосилаи начандон тулонӣ садҳо иншооти сайёҳӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар бозорҳои хизматрасонии сайёҳии ҷумҳурӣ имрӯз зиёда аз 356 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ва 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад ва ин нишондиҳандаҳо сол ба сол афзоиш меёбанд.
Ба гуфтаи муовини Сарвазири мамлакат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минтақаҳои пешрафтаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб рафта, Ҳукумати кишвар, хоссатан Президенти мамлакат, ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳру деҳоти вилоят, ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақаи дурдаст, вале ҷолибу афсонавӣ таваҷҷуҳи махсус доранд. Ин минтақа бо табиати афсонавӣ, кӯҳҳои осмонбӯс, кӯлу дарё ва чашмаҳои поку шифобахши худ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бештар ба худ ҷалб намудааст, вале ҳанӯз дар ин самт имкониятҳои истифоданашуда зиёданд.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои дахлдор ва аъзои гурӯҳи корӣ иштирок намуданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.08.2025 №: 164