ҶАШНИ САДА МЕРОС АЗ НИЁГОНИ МОСТ
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон, Сада ва Наврӯзро ҷашнҳои расмии миллӣ эълон намуданд, ки бо як шукӯҳу манзалати ба худ хос ҷашн гирифта мешаванд.
Воқеан, Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30 ва оғози 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро мерасад.
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши Ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ, Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонд ва Ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургзошти оташро ба ҷо овард.
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз…
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд пешчанг…
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг…
Бигуфто: «Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ»…
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр.
Ин маросим Ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди кашфи оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истеҳсоли филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, бар зидди аҳриманзодаҳову девҳо аслиҳа сохт.
Ҷашни сада дар замони Ҳахоманишиҳо ва Сосониёну Сомониён хеле густариш ёфта, ба дигар кишварҳо бо роҳи муомилоти савдои Роҳи Абрешим паҳн мегардад.
Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин Ҷашн оғоз мешавад. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушоракат мекунанд ва ба ин тартиб Ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии халқ аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти бадастомада Ҷашни Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар кишвар 30-юми январ ҷашн мегиранд.
Ш. КАДИРОВА,
корманди Муассисаи давлатии
«Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии
ба номи А. Рӯдакии шаҳри Панҷакент»