ВАХШ. МАҚСАД ҶАМЪОВАРИИ 23150 ТОННА ПАХТА
Аҳли заҳмати 3490 хоҷагии деҳқонии пахтакори ноҳия имрӯзҳо баҳри оростани хирмани 23150 тонна «тиллои сафед» кӯшиш доранд.
Махсусан, дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти «20-солагии Истиқлол», Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзи Истиқлол, Зарнисор ва Машъал дар 1530 гектар майдон ҳосил фаровон аст ва, аллакай, бисёр хоҷагиҳо чиниши якуми пахтаро ба охир расонда, ба 7 корхона пахта дастранҷи худро барои харид пешниҳод намуданд. Дар ин хусус Қаюм Алимов, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, ба воситаи телефон хабар дод.
- Дар чиниши якум хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Зокир», «Аслам», «Файзи Қувват», «Шодии халқҳо» аз деҳоти Рӯдакӣ ва Файзи Истиқлол, аз ҳар гектар аз 18 то 25-сентнерӣ ҳосил ҷамъ оварданд. «Шодии халқҳо» аз иҷрои нақшаи солонааш мужда расонд, - иброз дошт сардори раёсати кишоварзӣ ва илова намуд, - ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст ва то анҷоми мавсими пахтачинӣ зиёда аз 23150 тонна пахта ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Деҳқонони пешқадами пахтакор ваъда додаанд, ки нақшаи солонаашонро ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ду баробар барзиёд ба иҷро мерасонанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.08.2025 №: 164
