САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВОДИИ РАШТ ВА ШАҲРИ РОҒУН
Ба истифода додани хонаҳои нави истиқоматӣ дар ноҳияи Тоҷикобод
26-уми август Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ анҷом доданд.
Сафари кории Роҳбари давлат аз ноҳияи Тоҷикобод оғоз ёфт. Дар деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои нави истиқоматии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи заминларза зарар дида буданд, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Иттилоъ доданд, ки дар ин ҷо бо кумаку дастгириҳои Пешвои ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои зарардида қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, 14 манзили истиқоматии чорҳуҷрадор барои оилаҳои манзилашон пурра вайроншуда ва 22 хонаи дуҳуҷрадор барои оилаҳои қисман зарардида, дар маҷмуъ 36 хонаи истиқоматии муҷаҳҳаз бо ашёи рӯзгор ва лавозимоти зарурӣ сохта шудааст.
Хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳи нав ва истифодаи маҳсулоти босифати сохтмонӣ бунёд ёфта, дорои ҳуҷраҳои хоб, меҳмонхона, ошхона, ҳаммом ва дигар шароити зарурӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбии 13-уми апрели соли 2025 дар 13 деҳаи ноҳияи Тоҷикобод 471 иншоот, аз ҷумла 33 хонаи истиқоматӣ пурра ва 164 манзили истиқоматӣ қисман, 3 муассисаи таълимӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи минтақавӣ ва дигар иншооти ёрирасон, осеб дида буданд. Ҳаҷми умумии хисорот наздики 8 миллион сомониро ташкил дод.
Аз лаҳзаҳои аввали ба қайд гирифтани офати табиӣ дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муайян кардани ҳаҷми хисорот ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор Комиссияи доимамалкунанда таъсис ёфта, дар навбати аввал, барои дастрас намудани маҳсулоти сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод расонда шуданд. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва саҳми вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлати 4 моҳ дар деҳоти Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ барои 197 оила манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло деҳаи навбунёд бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ, роҳ, барқ, бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ, таъмин мебошад.
Барои дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ аз масофаи 11 километр хатти оби нӯшокӣ оварда шуда, 2500 метр роҳи дохили деҳа пурра мумфарш ва кӯчаҳои он чароғон гардидаанд. Аз сабаби дар мавзеъҳои осебпазир ҷойгир будани қисми зиёди деҳаҳои ҳудуди ноҳия, Сарвари давлат ба масъулон дастур доданд, ки минбаъд манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ бо риояи қоидаҳои меъмориву сохтмонӣ ва истифодаи маҳсулоти босифат бунёд шаванд, ки ба офатҳои табиӣ тобовар бошанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар бо лоиҳаҳои иншооти нав, ки ояндаи наздик дар ҳамин мавзеъ сохта мешаванд, шинос шуданд. Мувофиқи нақша, бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар деҳаи навбунёди Лангари Шоҳ муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 600 хонанда дар ду баст, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 100 кӯдак ва дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд мегарданд.
Президенти кишвар пас аз шиносоӣ бо шароити манзилҳои нави истиқоматӣ ва суҳбати самимӣ бо сокинон, ҳамзамон, 5 иншооти нав, аз ҷумла биноҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар деҳаи Сафедмун, бунгоҳи тиббӣ, хатти оби ошомиданӣ барои 557 хоҷагӣ, Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, бинои иловагии Маркази инкишофи кӯдаконро тариқи маҷозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.
Ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ ба сокинони аз заминларза зарардидаи ноҳияи Рашт
26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба водии Рашт аз ноҳияи Тоҷикобод ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро масъулин, сокинон ва намояндагони касбу кори гуногуни ноҳия гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт аз тақдими манзилҳои истиқоматӣ ба сокинони аз заминларза зарардида дар маҳаллаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак оғоз ёфт. Тавре иттилоъ дода шуд, заминларзаи 13-уми апрели соли 2025 ба сокинони деҳоти Аскалон ва Ҳиҷборак зарари зиёди моддӣ расонд. Ин офати табиӣ боиси пурра аз байн рафтани 34 манзили истиқоматӣ, қисман зарар дидани 116 хона ва 59 бинову иншооти ёрирасон гардид.
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории фаврӣ таъсис ёфта, корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларза, кӯчондани сокинон ба макони бехавф, таъмини онҳо бо манзилҳои муваққатӣ, лавозимоти рӯзгор, маводи ғизоӣ ва бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ ба роҳ монда шуд. Дар муҳлати кӯтоҳ таҳти сиёсати раиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани сокинони аз заминларза зарардида, дар яке аз мавзеъҳои муносиб ва зебои Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак маҳаллаи нави истиқоматии монанд ба шаҳрак бунёд гардид. Маҳаллаи навбунёд дар масоҳати 4,5 гектар бунёд ёфта, аз чор кӯча ва 38 манзили истиқоматӣ иборат аст. Манзилҳо дар масоҳати 8 садяк замин бо тарҳи зебову муосир сохта шуда, аз чор ҳуҷраи истиқоматӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборатанд ва бо тамоми лавозимоти рӯзгор таъмин мебошанд.
Маҳалла бо инфрасохтори зарурӣ, манзилҳо бо оби тозаи нӯшоӣ ва оби полизӣ барои истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ, хатти барқ, интернети баландсуръат, телефони хонагӣ ва зиёда аз 350 канали дохилию хориҷӣ таъмин буда, инчунин, масофаи наздик ба ду километр роҳҳои мошингарди маҳаллӣ мумфарш ва атрофи он сабзкорӣ шудаанд. Ҳамзамон, дар маҳалла муассисаи таҳсилоти томактабӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи машқу тамрин бунёд гаштааст. Сокинони аз офати табиӣ зарардида, ки имрӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ шуданд, муҳаббату самимияти хоси худро ба Сарвари давлат баён карданд.
Зимни суҳбат иброз гардид, ки сокини маҳаллаи навбунёд Раҳмон Қулонов фаъолияти 40-солаи омӯзгорӣ дошта, чор фарзанди худро низ соҳиби касби омӯзгорӣ кардааст ва онҳо имрӯз дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои фаъолияти бисёрсолаи омӯзгорӣ ва дар ин ҷода тарбияву ба воя расондани фарзандон ба Раҳмон Қулонов изҳори сипос намуданд.
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Чунонки маълум шуд, ин байти шеърӣ мисли шиор дар дилу майнаи аҳли ин хонавода маскан гирифтааст.
Зимни тақдими манзилҳои нави истиқоматӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи меъмории биноҳо, сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардидаи зист баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки таъмини рӯзгори осоиштаи шаҳрвандон дар авлавияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ноҳияи Рашт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии "Зарангак"
26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбунёди деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти томактабии "Зарангак"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ дар заминаи бунёди маҳаллаи нави истиқоматӣ барои сокинони аз заминларза зарардида сохта шуда, дар он, асосан, фарзандони ин маҳал ба зинаи аввали таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бинои нави соҳаи маориф бо тарҳи муосир ва мувофиқи завқи кӯдакон сохта шудааст. Он барои фаро гирифтани 50 тарбиягиранда пешбинӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз марҳалаҳои муҳимтарини рушди инсон ба ҳисоб рафта, на танҳо барои омодасозии кӯдак ба мактаб, балки ҷиҳати ташаккули малакаҳои иҷтимоию фикрӣ ва омӯхтани одоби муошират ниҳоят муҳим аст. Дар ин давра кӯдак қобилияти баланди омӯзиш дошта, муҳити тарбиявӣ метавонад ба рушди ӯ таъсири амиқ расонад. Аз ин рӯ, таҳсилоти босифати томактабӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоиву маърифатии давлат мебошад. Бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии "Зарангак" дорои ду ҳуҷраи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Саҳни Муассиса низ бо майдончаи бозиҳои гуногуни варзишӣ муҷаҳҳаз шуда, барои рушди ҷисмонии кӯдакон ва гузаштани раванди машғулиятҳо мусоидат мекунад.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали истиқлол ба таҳсилоти томактабӣ аҳамияти хосса дода, бо сиёсати устувор дар тамоми минтақаҳои кишвар шароити мусоид фароҳам меоварад. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд, ки аз марказ то деҳоти дурдасти кишвар ҳамаи ҷойҳои аҳолинишин бояд бо боғчаи кӯдакон таъмин бошанд, то ҳеҷ кӯдак аз ин имконият бенасиб нагардад. Бо дар назар гирифтани ин масъала, Сарвари давлат ба масъулон ва кормандони соҳаи маориф дастур доданд, ки бунёди чунин муассисаҳои таҳсилоти томактабиро дар дигар деҳаҳои дурдаст низ идома дода, барои тарбияи насли ояндасоз дар шароити муносиб ва руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар фароварди сафари корӣ ба ноҳияи Рашт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳаллаи навбунёд ва фаъолони ноҳия суҳбати самимиву кӯтоҳ анҷом дода, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша барои таълими арзандаи насли наврас, таъмини зиндагии шоиста ва шароити мусоиди кору рӯзгори сокинон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Сокинони ноҳия низ бо изҳори сипосмандӣ таъкид карданд, ки бо масъулият ва садоқати баланд сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, баҳри ободии Ватан, рушди бахшҳои гуногун ва тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саъю талош мекунанд.
Муаррифии лоиҳаи сохтмони пули мошингузар дар ноҳияи Нуробод
26-уми август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт пас аз ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт дар ноҳияи Нуробод идома ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз истиқболи самимии роҳбарият ва сокинони ноҳия, нахуст, бо лоиҳаи пули мошингузар шинос шуданд. Иншоот аз лиҳози тарҳу услуб бузургтарин пули мошингузар дар миқёси ҷумҳурӣ буда, бо дарозии 920 метр ва паҳноии 15 метр сохта мешавад. Лоиҳа давоми 4 соли оянда татбиқ шуда, иҷрои он на танҳо воситаи ба ҳам пайвастани ду соҳили дарёи Сурхоб, балки аз лиҳози замина гузоштан ба истифодаи васеи имкониятҳои саноативу сайёҳӣ дар ташаккули иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Ташаббус ва иқдоми навбатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёди бузургтарин пули мошингузар дар водии Рашт дар амалӣ гаштани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ қадами устувор аст. Бунёди пули мазкур дар заминаи татбиқи марҳалаи сеюми лоиҳаи роҳи Оби Гарм – Нуробод ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалии роҳсозӣ сурат мегирад. Барои асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва омӯзиши намунаи сохтмони пули мошингузар, муҳандисони ватанӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳандисону роҳсозонро барои иҷрои саривақтии корҳо, истифодаи масолеҳи сохтмонии баландсифат ва саҳм гузоштан дар табдили Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ дастуру тавсияҳо дода, барои сохтмони бузургтарин пули мошингузар санги асос гузоштанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 75 километр роҳҳои маҳаллии мумфаршшудаи деҳоти шаҳри Роғун ва ноҳияи Нурободро фосилавӣ ба истифода доданд. Ин роҳҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи масири Оби Гарм – Нуробод таъмиру навсозӣ шуда, ҷамоатҳои деҳоти Муҷихарф, Меҳробод, Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод, Оби Меҳнати ноҳияи Рашт ва Ҷамоати шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғунро ба шоҳроҳи асосӣ мепайванданд. Ҳолати хуби ин ҷодаҳо ба беҳшавии шароити зиндагии наздик ба 100 ҳазор сокини деҳоти шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод замина мегузорад. Чун дастрасӣ ба таҳсилот, хизматрасониҳои тиббӣ ва интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои пойтахт аз ҷумлаи масъалаҳое маҳсуб меёбанд, ки бо вазъи хуби роҳҳо вобастагии амиқ доранд.
Ин тадбир, ки дар заминаи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба некуаҳволии мардум амалӣ гардид, хушҳолӣ ва сарафрозии сокинони ин деҳотро афзун намуд.
Дар асоси дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин лоиҳа то моҳи ноябри соли 2027 бояд пурра татбиқ шавад. Пули мошингузар дар оянда на танҳо воситаи ба ҳам пайвастани ду соҳили обанбори Роғун дар маҷрои рӯди Сурхоб, балки аз лиҳози замина гузоштан ба истифодаи васеи имкониятҳои саноативу сайёҳӣ дар ташаккули иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Ба истифода додани роҳи байналмилалии Роғун – Оби Гарм – Нуробод
26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид аз ноҳияи Нуробод ба фаъолияти муҳимтарин иншоот дар водии Рашт – роҳи Оби Гарм – Нуробод оғоз бахшиданд.
Лоиҳа дар идомаи таваҷҷуҳи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳсозии шароити рӯзгори мардум иҷро шуда, Тоҷикистонро ба татбиқи ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздик мекунад. Ин масир пойтахтро бо марказҳои маъмурии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст намуда, равобит дар ҳама самтҳо, аз ҷумла гардиши савдо байни Тоҷикистону Қирғизистон ва транзити минтақавиро густариш мебахшад.
Ҳаракат дар масири қаблӣ ба самти ноҳияҳои водии Рашт ронандагону мусофиронро дар бештари ҳолат рӯбарӯи ҳаводиси нохуш менамуд. Фаслҳои баҳору зимистон дар ин ҷодаҳои кӯҳӣ ва фосилаи наздик ба нишебиҳои тулонӣ резиши сангу кӯҳпора, яхбандӣ, лағжиши замин ва дигар ҳолатҳои пурхатар шиддат меёфт. Вазъи мураккаби роҳ ба рушди соҳаи иқтисоду иҷтимоиёт низ дар ин ноҳияҳо монеаҳои ҷиддӣ мегузошт. Ташаббус ва иқдоми наҷиби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёди роҳи ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ба ҳалли ин мушкил мусоидат намуд.
Дарозии роҳ 75 км буда, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил мешавад ва паҳноии стандартии он 12 метр аст.
Бо ҳадафи бартараф намудани монеаҳои табиӣ дар доираи лоиҳа се нақби мошингузар сохта шудааст. Нақби «35-солагии Истиқлолият» дар Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ бо дарозии 2605 метр, нақби «Ваҳдат» дар маҳаллаи Луғур бо дарозии 1700 метр ва нақби «Ориёно» дар мавзеи дараи Ҳавз бо дарозии 1600 метр масофаи роҳро 24 км кӯтоҳ намуда, масрафи сӯзишворӣ ва талафоти вақтро коҳиш медиҳад. Ин се иншооти муҳташами роҳу нақлиёт бо хатти алоқа ва шабакаҳои рӯшноидиҳӣ ва поксозии ҳаво пайваст буда, аз лиҳози сифат ва иншооту инфрасохтори зарурӣ ҷавобгӯи меъёру талаботи роҳсозии байналмилалӣ мебошанд.
Барои пешгирӣ аз хатари ҳодисаҳои табиӣ ба ҳаёту саломатии ронандагону мусофирон дар мавзеъҳои селомади маҳаллаҳои Қандак, Луғур, Себнок, деҳоти Ҳакимӣ ва Муҷихарф, деҳаҳои Себак, Тутхор ва дигар минтақаҳои ҳудуди шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод 14 пули мошингузар сохта шудааст. Дарозии пулҳо наздик ба 1150 метр буда, интиқоли молу маҳсулот ва рафтуои мардумро бидуни танаффус таъмин мекунанд.
Сохтмони такядеворҳои оҳану бетонӣ, насби лӯлаҳои обпарто ва мустаҳкамкунии нишебиҳои ноустувор истифодаи тулонии роҳро таъмин намуда, нуқтаҳои истироҳат бо ниҳолу дарахтони ороишӣ ба ин ҷодаи хуштарҳу нав зинат мебахшанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи бинокорон, ки дар бунёди роҳи Оби Гарм – Нуробод саҳм гузоштаанд, сипосу миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки иншоот дар рушди тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди минтақаҳо ва дар маҷмуъ, ба беҳбудии сифати зиндагии мардум нақши муассир мегузорад.
Мавриди истифода қарор гирифтани роҳ аз гардиши Роғун – Нуробод то маркази шаҳри Роғун
26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи таъмиру навсозишударо, аз гардиши Роғун – Оби Гарм то маркази шаҳри Роғун ба истифода доданд.
Ин масир 11 км буда, дар доираи корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтори зарурӣ дар шаҳри Роғун мумфарш карда шудааст ва ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёту иртиботи шаҳр бо дигар минтақаҳоро беҳтар менамояд. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳҳо омили асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ буда, ба таъмини зиндагии шоистаи мардум замина мегузоранд. Бунёд ва навсозии роҳҳо дар шаҳри Роғун низ дар заминаи ҳамин сиёсати созандаи Роҳбари давлат амалӣ карда мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ин масирро ба рушди корҳои сохтмонӣ дар бузургтарин иншооти аср – Неругоҳи барқии обии «Роғун» низ муассир арзёбӣ намуданд. Чун ҳамарӯза ба иншоот садҳо тонна маводи сохтмонӣ, таҷҳизот ва техника интиқол меёбанд, ки ин талабот танҳо дар сурати мавҷуд будани роҳҳои ҳамвору муосир иҷро мегарданд. Дар ин баробар, роҳҳои нав барои таъмини ҳаракати озоди коргарон, муҳандисон ва мутахассисон шароит фароҳам меоранд, ки ин метавонад аз ҷумлаи омилҳои суръатбахш дар раванди кор бошад.
Ба истифода додани хатти оби нӯшоии шаҳри Роғун
26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун хатти оби ошомиданиро ба истифода доданд.
Ин лоиҳа дар идомаи ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастрасии сокинон ба оби тозаи ошомиданӣ татбиқ гаштааст.
Хатти оби нӯшоӣ аз деҳоти Фақирободи ноҳияи Файзобод тавассути лӯлаҳои гуногунҳаҷм оварда шуда, имкон медиҳад, ки 38 ҳазор сокини шаҳр ва 17 ҳазор корманди НБО «Роғун» бе танаффус ба оби тоза дастрасӣ дошта бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки истифодаи тулонӣ ва бетаъмир давоми солҳои охир ҳолати лӯлаҳои обгузари шаҳри Роғунро хароб карда, сокинон аз норасоии ин манбаи асосии ҳаёт азият доштанд.
Аз ин лиҳоз, дар асоси супориши Ҳукумати кишвар вобаста ба таъмини сокинон бо оби тоза лоиҳаи барқарорсозӣ ва зиёд намудани тавоноии шабакаи обтаъминкунии шаҳр татбиқ карда шуд.
Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶСК ТГЭМ иҷро гардиданд.
Дарозии лӯлаҳои обгузар 19 ҳазору 925 метрро ташкил намуда, тавассути он оби чашмаҳо ба шабакаи обтаъминкунии шаҳри Роғун расонда мешавад.
Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди НБО «Роғун»
26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», нахуст, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанд шинос шуданд.
Сарбанди НБО «Роғун» баландтарин сарбанди хокию сангӣ дар ҷаҳон буда, сатҳи болоии он дар баландии 1300 метр ва сатҳи поёниаш дар баландии 965 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Сарбанди Неругоҳ аз якчанд қисм, ба монанди призмаи такядевори болоӣ, призмаи такядевори поёнӣ, борсанги призмаҳо, филтрҳои минтақаи гузариш ва ядрои сарбанд иборат аст. Ядрои сарбанд қисми асосии сарбанди хокию сангӣ маҳсуб ёфта, аз маводи гилхоки сангрезадори қобилияти обгузаронияш хеле паст дар маркази сарбанд барои нагузарондани об сохта мешавад.
Дар минтақаи сарбанди НБО «Роғун» кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизми пуриқтидор сафарбар карда мешавад. Дар ин қитъаи сохтмонӣ дар баробари муҳандисону бинокорон геодезистон ва кӯҳнавардон низ шабонарӯзӣ фаъолият намуда, барои бехатар гардондани қитъаҳои сохтмонӣ бо симбандии ёнаҳои кӯҳ машғуланд.
Зимни сафари кории қаблиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба НБО «Роғун» дастур дода буданд, ки ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ядро бо истифода аз техникаву технологияҳои замонавӣ суръат бахшида шуда, масъулон дар моҳи августи соли 2025 ба сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбандро таъмин намоянд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин муддат хобондани шағал дар призмаҳои такядевори болоӣ ва поёнии сарбанд ва мувофиқи технология қабат ба қабат хобондани маводи гилхоку филтрҳо дар ядрои сарбанд то сатҳи 1105 метр аз сатҳи баҳр иҷро гардидааст. Яъне, дар муддати як сол сарбанд 70 метр баланд бардошта шуд.
Иттилоъ доданд, ки дар минтақаи сарбанди Неругоҳ давоми соли 2025 дар ҳаҷми 12,7 миллион метри мукааб ва дар маҷмуъ, 33,7 миллион метри мукааб ҷинсҳои кӯҳӣ, шағал, гилхоки сангрезадор ва филтрҳои минтақаи гузариш хобонда шудаанд, ки онҳо 42,6 фоизи ҳаҷми лоиҳавиро ташкил медиҳанд.
Кормандони муҳандисию техникии Неругоҳ дар ин майдони нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат, иродаи қавӣ, заҳмати шабонарӯзӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон дода, рӯзи таърихии ба итмом расидани сохтмони ин иншооти асрро наздик менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба хотири мустаҳкаму устувор намудани сарбанди ин иншооти бузургтарини гидроэнергетикӣ сифати корҳои сохтмонӣ дар мадди аввал гузошта шуда, корҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд. Чунки НБО «Роғун» аз лиҳози экологӣ тоза эътироф гардида, ин иншооти стратегӣ аз ҷиҳати экологӣ, техникӣ ва бехатарӣ яке аз беҳтарин неругоҳҳои барқи обӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Вақт ҳамчун довари ҳақиқӣ собит менамояд, ки иқдоми қатъӣ, устуворона ва азму иродаи ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳарчи зудтар бунёд намудани НБО «Роғун» барои зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон чӣ нақшу қимате доштааст. Зеро танҳо дар натиҷаи бунёди НБО «Роғун» соҳаҳои иқтисоди миллӣ рушди бесобиқа менамоянд ва сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон ба куллӣ дигаргун мегардад.
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обрасони
агрегатҳои 1-ум ва 2-юми обқабулкунаки доимӣ
26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обрасони 1-ум ва 2-юми НБО «Роғун» шинос шуданд.
Корҳои нақбканӣ ва устуворсозии обрасонҳо дар ҳоли анҷомёбӣ буда, сементрезии мустаҳкамкунанда ҷараён дорад. Барои насби оҳанфилизот ва бетонхобонии дохили обрасонҳо лӯлаҳои филизӣ, ки қутрашон 7 метрро дар бар мегирад, омода карда мешаванд. То ин вақт дар қисмати поёнии обрасони агрегати №4 бо дарозии 64 метр ва дар қисмати поёнии обрасони агрегати №3 бо дарозии 16,2 метр лӯлаҳои филизӣ насб шудаанд.
Имрӯз коргарону мутахассисони НБО «Роғун» бо дарки аҳамияти ин иншооти энергетикии кишвар барои ояндаи дурахшон дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолият намуда, бо неруи созанда ҳамарӯза ба натиҷаҳои баланд ноил мешаванд. Ҳолати воқеии корҳои сохтмонӣ нишон медиҳад, ки бунёдгарони ин иншооти тақдирсози миллат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ заҳмат кашида, ҳадаф якдилона барои ҳарчи зуд ба анҷом расондани сохтмон равона карда шудааст.
Нақбҳои обрасон, ки 6 адад мебошанд, аз иншооти асосии таҳти фишори баланд қарордошта дар Неругоҳ ба ҳисоб мераванд. Яъне, тавассути ҳамин нақбҳо об то чархҳои Неругоҳ интиқол меёбад. Бо назардошти ҳамин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳаи энергетикаи кишвар ва коргарону мутахассисонро ҷиҳати мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ босифат ба иҷро расондани сохтмон вазифадор намуданд.
Шиносоӣ бо обқабулкунакҳои доимии НБО «Роғун»
26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар обқабулкунаки доимии НБО «Роғун» шинос шуданд.
Вазифаи аслии обқабулкунаки доимӣ вобаста ба сатҳи об дар обанбор аз 3 зина ворид намудани об ба нақбҳои обрасон, мустаҳкам нигоҳ доштани қабати кӯҳпора ва пешгирии кӯчиши ҷинсҳои кӯҳӣ баъди бо об пур шудани обанбор мебошад. Об тавассути ҳамин иншооти соҳили чапи Неругоҳ то ба чархи агрегатҳо расонда мешавад. Дар навбати аввал, барои ба кор даровардани агрегатҳои №3 ва №4 нақбҳои обрасон аз баландии 1152 метр аз сатҳи баҳр об мегиранд. Ба нақбҳои обрасони агрегатҳои №№1, 2, 5 ва 6 бошад, об аз баландии 1172 метр аз сатҳи баҳр дохил мегардад.
Барои танзими оби воридшаванда дар мавзеи обқабулкунаки доимӣ дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр болои ҳар нақб шахтаҳои амудии қутрашон 13,6 метр сохта шудаанд. Дар ин иншоот нақбканӣ ва мустаҳкамсозӣ анҷом ёфта, сементхобонӣ бо мақсади устуворгардонӣ дар ҳоли анҷомёбӣ аст. Дар ин баландӣ аз нақбҳои амудӣ тавассути дарвозаҳо раванди резиши об танзим мешавад.
Бо назардошти нақши муҳими нақбҳои амудӣ дар идора намудани раванди фаъолияти Неругоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сари вақт ва босифат ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ ба масъулини дахлдори соҳа ва мутахассисон супориш доданд.
Ҳоло дар чоҳҳои заҳкаш хокбарорӣ, бетонпошӣ, лангарбандӣ ва пармагарии чоҳҳои заҳкаш дар ду баст идома доранд. Дар маҷмуъ, дар ин қисмат хокбарорӣ 92, бетонпошӣ 49, пармагарию гузоштани анкерҳо 81, бетонхобонӣ 23 ва пармагарии чоҳҳои заҳкаш 18 фоиз ба иҷро расонда шудааст.
Дар Неругоҳ мутахассисону коргарон ҳоло ба таври шабонарӯзӣ фаъолият карда, бо дилгармӣ кӯшиш доранд, ки сохтмонро тибқи нишондодҳои лоиҳавӣ дар вақти муайяншуда босифат ба анҷом расонанд.
Ҳамзамон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили чап ва рости сарбанди Неругоҳ рафти бетонрезию лангарбандии деворҳоро мушоҳида намуданд, ки мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ идома дорад.
Боздид аз ҷараёни корҳо дар баромадгоҳи нақби нақлиётӣ
26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба НБО «Роғун» аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар баромадгоҳи нақби нақлиётии Т-91 боздид намуданд. Иншооти муҳим дар баландии зиёда аз 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, имрӯз бо заҳмати садҳо мутахассиси ватаниву хориҷӣ босуръат бунёд меёбад.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар баромадгоҳи нақби нақлиётии Т-91 корҳои таҳкимдиҳӣ, насби лӯлаҳои дренажӣ, сохтмони шабакаҳои равшанидиҳӣ ва системаҳои ҳавокашӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир анҷом дода шудаанд. Ба иттилои муҳандисон, иҷрои босифати нақбҳо, иншооти гидротехникӣ ва зерсохторҳои муҳандисӣ омили асосии ба истифода додани агрегатҳои навбатии Неругоҳ хоҳад буд. Ҳар як қисмати иншоот бо меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфта, то имрӯз сохтмони даҳҳо километр нақбҳои кӯҳӣ ба анҷом расидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон таъкид карданд, ки сифати корҳо бояд ҳамеша дар мадди аввал қарор дошта бошад. Дастур дода шуд, ки назорат аз болои раванди сохтмон пурзӯр карда шавад ва ҳамаи талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар иншоот риоя гардад, зеро НБО «Роғун» танҳо як сохтмон нест, балки рамзи ифтихор ва ояндаи ободу шукуфони Тоҷикистон мебошад.
Бунёдкорӣ дар НБО «Роғун» идома дорад. Ҳар рӯз садҳо нафар бо ифтихори ватандорию меҳнати содиқона ва бо мақсади таъмини ояндаи равшани Тоҷикистон дар ин майдони бузург фаъолият доранд. Нақби нақлиётии Т-91 яке аз унсурҳои муҳими НБО «Роғун» маҳсуб ёфта, иҷрои босифати он заминаи мусоид барои пешрафти дигар марҳалаҳои сохтмонӣ хоҳад гузошт. Иҷрои чунин корҳои бузург бо заҳмати шабонарӯзии бунёдкорон имконпазир аст. Барои садҳо бинокорон, муҳандисон ва мутахассисон «Роғун» на танҳо ҷои кор, балки макони ифтихор ва рисолати ватандорӣ аст.
Бунёди НБО «Роғун» ин саҳифаи тоза дар таърихи давлатдории тоҷикон аст. Ин иншооти муҳим на танҳо қувваи барқ, балки қувваи руҳ ва неруи маънавии миллатро афзун мекунад. Иншооти бузурги аср имрӯз ба рамзи ваҳдату созандагӣ табдил ёфтааст. Аз ин ҷо садои кору заҳмати беист ба тамоми минтақа паҳн мешавад ва ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон паёми умеду ифтихор мефиристад.
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар сарбанди рӯди Оби Шӯр
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдончаи назоратии рӯди Оби Шӯри НБО «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар сарбанди ҳимоявӣ шинос шуданд.
Сарбанди рӯди Оби Шӯр бо мақсади пешгирӣ аз хатари селу обхезӣ дар рӯд, ки ҳамасола дар мавсими боронгарӣ ба вуқуъ меояд, бунёд гаштааст. Сохтмони ин сарбанд аз соли 2010 то соли 2015 идома ёфта, то сатҳи 1115 метр, ки баландии 60 метрро ташкил медиҳад, сохта шуда буд. Ҳаҷми бетони дар он давра хобондашуда 253 ҳазору 720 метри мукаабро ташкил медиҳад. Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳо дар сарбанди ҳимоявии рӯди Оби Шӯр ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мувофиқи лоиҳа дар соли 2025 сарбанд то сатҳи 1135 метр аз сатҳи баҳр, яъне, ба баландии боз 20 метри дигар бунёд гардид. Ҳаҷми лоиҳавии бетони хобондашуда ба ин баландӣ 31 ҳазору 181 метри мукаабро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки сарбанди ҳимоявии Оби Шӯр дар масофаи 1500 метр болотар аз соҳили дарё дар баромадгоҳи нақбҳои обпартои Неругоҳ сохта шудааст. Бунёди он вуруди сангҳои гаронвазн ва регу лой ба нақбҳои обпартои Неругоҳро пешгирӣ намуда, ба таъмини фаъолияти муназзами иншооти аср – НБО «Роғун» мусоидати фаъол менамояд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади бунёди иншооти нави ҳимоявӣ дар шохобҳои болоии Оби Шӯр мутахассисон корҳои омӯзиширо анҷом доданд. Дар сурати муайян намудани минтақаҳои мувофиқ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ сохтмони иншооти иловагии ҳимоявӣ оғоз мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин таъкид намуданд, ки иҷрои босифати корҳо дар ҳама мавзеъҳои Неругоҳ касбият, масъулият ва садоқати воқеӣ ба миллату давлатро талаб мекунад.
«Роғун» на танҳо як иншооти бузурги энергетикӣ, балки рамзи иттиҳоду созандагии миллӣ аст. «Роғун» мактаби ҷавонмардонест, ки зери роҳбарӣ ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳаббати бузург ба Ватан кор мекунанд. Ҳар як мутахассис ва ҳар як бинокор медонад, ки заҳмати ӯ ҷузъи таърихи навини Тоҷикистон мешавад.
Боздид аз майдончаи сохтмонии №5 А
26-уми август дар идомаи боздиди корӣ дар НБО «Роғун» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳо дар майдончаи сохтмонии №5 А шинос шуданд.
Дар майдончаи сохтмонии №5 А лӯлаҳои обкаши шахтаҳои обқабулкунакҳои доимӣ барои агрегатҳои Неругоҳ омода карда мешаванд. Корҳои асосии омодасозии лӯлаҳои обпартои НБО «Роғун»-ро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавии механикӣ»-и шаҳри Норак ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидромонтаж» иҷро менамоянд. Ҳоло дар ин қитъаи сохтмонӣ корҳои кафшергариву омодасозии лӯлаҳо идома доранд. Ин лӯлаҳо дар обқабулкунаки агрегатҳои №3 ва №4 истифода мешаванд. Лӯлаҳои мазкур дар шакли нимдавра дар Заводи гидромеханикии шаҳри Норак бо истифода аз масолеҳи баландсифат омода гардида, ба Неругоҳ ворид карда шудаанд.
Дар майдончаи мазкур мутахассисони Заводи таҷрибавию механикии шаҳри Норак ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидромонтаж» васли лӯлаҳои шахтаи обрасонӣ – турбинаи агрегати рақамҳои 3 ва 4-ро бо суръату сифати баланд ба роҳ мондаанд.
Вазифаи асосии ин ширкатҳои ватанӣ омодасозӣ ба васли турбинаҳои обрасонии агрегатҳои рақамҳои аз 1 то 6 мебошад. Ҳоло корҳо барои таъмини турбинаҳои обрасонии агрегатҳои 4-3 идома доранд. То имрӯз барои турбинаи обрасонии агрегати № 3 дар ҳаҷми 1945 тонна оҳанфилизоту лӯлаҳо омода гардида, аз ин 141,5 тонна васл шудааст. Омодасозии турбинаҳои обрасонии агрегати 4-ро ҶСК “Тоҷикгидромонтаж» ба зимма дошта, то имрӯз ба андозаи 1885 тонна оҳанфилизот кафшер карда шудааст. Аз ҳаҷми умумӣ 554,5 тонна оҳанфилизот васл гардидааст.
Бо дар назар гирифтани талабот мутахассисони ширкатҳои ватанӣ талош доранд, ки лӯлаҳои мазкурро дар муҳлати муқарраргардида омода созанд. Васлу омодакунии лӯлаҳои шахтаҳои обрасонӣ – турбинаҳо ва шахтаи обқабулкунакҳои доимии агрегатҳо тибқи нақшаи пешбинигардида ҷараён дорад. Теъдоди коргарон дар ин қитъаи сохтмонӣ аз ҳисоби ҶСП «Заводи таҷрибавии механикӣ» 90 нафар дар ду баст мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти кор дар ин иншооти мураккаби муҳандисӣ, бунёдгузори «Роғун» – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳар бинокор дар ин корзори нангу номусро мояи сарфарозӣ арзёбӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҶСП «Заводи таҷрибавии механикӣ» тайи чанд моҳи охир дастгоҳу таҷҳизоти муосирро харидорӣ карда, ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои кафшергарӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Махсусан, аз оғози соли равон ба майдони сохтмон 4 дастгоҳи худкори кафшергарӣ ва магнитӣ харидорӣ шудааст. Фаъолияти дастгоҳҳои мазкур назаррас буда, барои пешрафти босамари кор мусоидат кардааст. Таҷҳизоти замонавӣ насли нави технологияи инноватсионӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Сифати тадбирҳои кафшергарӣ тавассути дастгоҳҳои ултрасадо аз ҷониби мутахассисон санҷида шуда, аз тарафи фармоишгар қабул карда мешавад. Инчунин, кормандони ҶСП «Заводи таҷрибавии механикӣ» бо гузаштани давраҳои омӯзишии кафшергарӣ аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин қитъаи сохтмонӣ ба мутахассисон дастур доданд, ки, пеш аз ҳама, ба сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро ин иншоот бояд садсолаҳо барои наслҳои оянда хизмат намояд. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти ҶСП «Заводи таҷрибавии механикӣ»-и шаҳри Норак воридоти хатҳои истеҳсолии муосирро васеъ ба роҳ мондааст. Илова ба харидории роботҳои кафшергар, инчунин таҷҳизоти муосири дигар, ки тавассути об иқтидори то 12 сантиметр буридани оҳанро дорад, ворид карда шудааст. Технологияи навтарин кори бинокоронро чандин маротиба бештар суръат бахшидааст.
Боздид аз рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4
26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар НБО «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.
Иншоот дар соҳили рост воқеъ буда, ҳамчун нақби обпарто вазифаи партофтани обҳои зиёдатии обанборро дар мавсими серобӣ аз сатҳи 1090 метр боло иҷро мекунад.
Нақби сохтмонии қабати чорум аз даромадгоҳ то қисмати мобайнӣ якшоха буда, то баромадгоҳ ба ду шоха тақсим мешавад ва 1700 метр дарозӣ дорад. Дар мавзеи даромади нақб камераи дарвозаҳои шакли ҳамвор, ки иборат аз ду дарвоза аст, васл гардида, дар мавзеи душоха бошад, дар ҳар як шоха камераи дарвозаҳои шакли ҳамвор ду адад ва нимдоира ду адад васл карда мешаванд.
Дар нақби мазкур корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамнамоӣ пурра иҷро шуда, тадбирҳои бетонхобонӣ идома доранд. Корҳои бетонхобонӣ аз ҳаҷми умумии 99 ҳазору 306 метри мукааб, дар ҳаҷми 81 ҳазору 480 метри мукааб иҷро гардидаанд, ки 82 фоизро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди корҳои сохтмонӣ дар шохаи А-и нақби сохтмонии қабати чорум ва бинои идоракунии дарвозаҳои таъмирии ин иншоот дидан карданд.
Нақби сохтмонии қабати 4 аз шохаҳои А ва Б иборат буда, вазифаи онҳо тақсим намудани ҳаҷми об ва паст кардани шиддатнокии ҷараёни он мебошад. Иншоот ба истиснои баромадгоҳ 1770 метр дарозӣ дошта, қутраш 15 метрро ташкил медиҳад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сония мебошад.
Дар минтақаи камераи дарвозаҳои шохаи А кор тибқи лоиҳа идома дошта, то имрӯз корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамнамоии муваққатӣ дар ҳаҷми умумии 69 ҳазору 572 метри мукааб иҷро гардида, корҳои бетонхобонӣ ва сементатсионӣ бошад, аз ҳаҷми умумии 39 ҳазору 984 метри мукааб, 25 ҳазору 859 метри мукааб иҷро шудаанд. Иншооти мазкур барои васл ва идора кардани дарвозаҳои нақб хизмат менамояд. Дар асоси лоиҳа, дар ҳар як шохаи нақб камераи дарвозаҳои шакли ҳамвору нимдоира васл карда мешаванд.
Аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намуда истодааст ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат дар самти расидан ба ин ҳадафи стратегӣ мебошад.
Неругоҳ барои таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди истеҳсоли неруи «барқи сабз» аҳамияти бузурги стратегӣ дорад.
Инчунин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид бо раванди корҳои то имрӯз анҷомёфта ва идомаи васли таҷҳизоти механикию арматурбандӣ дар баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.
Дар ин қисмати сохтмон корҳои заминӣ дар ҳаҷми 569 ҳазору 400 метри мукааб иҷро шудааст. Корҳои бетонпошӣ, васли анкерҳо ва заҳкашӣ дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда марҳала ба марҳала анҷом дода мешаванд.
Тибқи лоиҳа, корҳои мустаҳкамнамоии баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати чорум бо дар назар доштани баромадгоҳҳои се нақби обпартои дар оянда бунёдшаванда сохта шуда, дар он корҳои заминӣ, анкергузорӣ, симтӯрбандӣ ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ идома доранд.
Дар ҳудуди баромадгоҳи нақбҳои обпарто дар маҷрои дарё тибқи лоиҳа ҳавзи мавҷшикан сохта шуда истодааст, ки барои паст намудани фишори оби аз нақб бароянда хизмат мекунад. Оби партофташуда баъди паст шудани фишораш боз ба маҷрои дарё равона мегардад. Дар ин мавзеъ корҳои заминӣ идома дошта, бо ҳаҷми 997 ҳазор метри мукааб иҷро шудааст. Бетонпошӣ бошад, аз масоҳати умумии 36 ҳазору 555 метри мураббаъ, 24 ҳазору 944 метри мураббаъ иҷро гардидааст, ки 68, 3 фоизро ташкил медиҳад. Васли анкерҳои оҳанубетонӣ аз дарозии 296 ҳазору 887 метр, 61 ҳазору 565 метраш иҷро шудааст. Сифати корҳои сохтмонӣ ҳамарӯза назорат шуда, мутобиқ ба талабот анҷом дода мешавад.
Иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум аз тарафи паймонкор – ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» иҷро шуда истодаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ва суҳбат бо бинокорон аз натиҷаи кор дар ин минтақа изҳори қаноатмандӣ намуда, барои сари вақт ва мувофиқ ба талабот иҷро кардани корҳои боқимонда дастурҳои мушаххас доданд.
Зимни боздид аз Неругоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ҳамчунин, Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.
Санаи нашр: 27.08.2025 №: 165-166
