ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТРО ФАРОМӮШ НАМЕСОЗЕМ!

28 август 2025, Панҷшанбе
20

АЗ СУҲБАТҲОИ САРИРОҲӢ БО СОКИНОНИ РАШТУ ТОҶИКОБОД

Заминҷунбии шадиде, ки 13-уми апрели соли 2025 дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ба вуқуъ пайваст, хисороти зиёд ба бор овард. Аз лаҳзаҳои аввали ба қайд гирифтани офати табиӣ дар ин ду ноҳия бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории фаврӣ таъсис ёфта, корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларза, кӯчондани сокинон ба макони бехавф, таъмини онҳо бо манзилҳои муваққатӣ, лавозимоти рӯзгор, маводи ғизоӣ ва бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ ба роҳ монда шуд.

Инчунин, барои муайян кардани ҳаҷми хисорот ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор Комиссияи доимамалкунанда таъсис дода шуда, дар навбати аввал, маҳсулоти сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ – кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони зарардида расонда шуд.
Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва саҳми вазорату идораҳои дахлдор дар муддати кӯтоҳ барои сокинони аз заминларза зарардида хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ, роҳ, барқ, бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзиш ва дигар иншооти зарурӣ, таъмин мебошанд. Манзилҳо бо тарҳи зебову муосир бунёд шуда, аз чор ҳуҷраи истиқоматӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборатанд ва бо тамоми лавозимоти рӯзгор таъмин шудаанд.


 

Сокинони аз офати табиӣ зарардида, ки соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ гардиданд ва дигар ашхоси касбу кори гуногун дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома миннатдорӣ, муҳаббату самимияти хоси худро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд:

Назаралӣ МАШРАБОВ, 
сокини деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт:


– Аз рӯзи аввале, ки заминларза рух дод, ба таҳлука наафтодем, зеро, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва маҳал, инчунин, ҳамсояҳо моро танҳо намонда, дар паҳлуямон буданд. Мардҳо дар ҳашар иштирок доштанду занону модарон хӯрок меоварданд. Бинед, ки дар муддати кӯтоҳ хонаҳои нав бо тамоми шароит бароямон муҳайёст. Хонаҳо дар баробари зебову муосир будан, яхдон, телевизор, чангкаш, плита, мизу курсӣ ҳам доранд. Дар сохтмони хонаҳо ҳама саҳм гирифтанд. Ёриву сарпарастии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозем.

Мирзомуддин ОРИФОВ,
сокини деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт:


– Бунёди чунин хонаҳои хуштарҳ, муассисаи томактабӣ, бунгоҳи саломатӣ, роҳ, канали обгузар ва дигар ободкориҳоро танҳо орзу кардан мумкин буд. Ҳар рӯз мардуми ноҳия омада, ёрии худро мерасонданд, то танҳо набошем. Хурду калони маҳалла дил лабрези фараҳу шодмонӣ ва ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи дурдастамон ёрӣ расонда, хона сохтанд. Бо он имконияти бесобиқае, ки муҳайё гашт, мо сатҳу сифати таълими фарзандонамонро бояд бамаротиб боло барем. Дар пойдории оилаҳо саҳм гирем. Бовар аст, ки баъди як-ду сол хонандагони маҳаллаи навбунёди мо низ аз иштирокчиёни муваффақи олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои таъсисдодаи Сарвари давлат мешаванд, зеро ҳама шароит ҳаст, танҳо хуб хондану баланд бурдани обрӯи зодгоҳ мондааст.

Азизаи ОЛИМ,
сокини деҳаи Гулхани деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт:

 
– Пештар дар хонаи гилӣ зиндагӣ мекардем. Дар офати табиие, ки 13-уми апрели соли равон рух дод, хонаҳоямон вайрон шуданд. Бо дастури Роҳбари давлат дар як муддати кӯтоҳ хонаҳои нав сохтанд, ки ҳеҷ тасаввур намекардем. Чунин хонаҳои замонавию барҳаво бо тамоми ашёи рӯзгор аз мост. Ба қадри ин ҳама дастгириҳои Пешвои миллат бояд расид!
Мо на танҳо соҳиби хона шудем, балки соҳиби муассисаи томактабӣ ва бунгоҳи тиббием. Акнун фарзандонамро дар боғча гузошта, бо дили пур ба кор меравам. Инчунин, минбаъд барои муолиҷа ба ноҳия нарафта, дар маҳаллаи худ табобат мегирем.

Ҳомия САМАДОВА,
хонандаи МТМУ № 15-уми деҳоти Ҳиҷборак:


– Ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиш мекунем, ки дар озмунҳои таъсисдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон– Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат” ширкат варзида, дар донишгоҳҳо таҳсилро идома медиҳем ва оянда ба халқу Ватанамон хидмати содиқона менамоем. Ҳамин ки дар хонаи нав “Шоҳнома” ҳам ба дастамон расид, худ ишорату ҳидоятест ба хубу аъло хондани мо.

Меҳринисо ГАДОЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод:


– Дар деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод ҳам заминларза шуд ва хонаҳои мардум зарар диданд. Бо супориши Сарвари давлат Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳия омад ва аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор Комиссияи доимамалкунанда таъсис дода шуд. Мардуми зарардида, ки ҳолати нохуби равонӣ ҳам доштанд, аз таваҷҷуҳ ва ёриҳо зуд ба худ омаданд. Донистанд, ки Ҳукумат ва роҳбарияти олии он ягон шаҳрванди худро дар рӯзҳои сахт танҳо намегузорад. Ҳатто аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мардуми азиятдида ёрии башардӯстона расид. Тасаввур кунед, ки як гӯшаи санглох дар давоми 5 моҳ ба як маҳаллаи таъмин бо тамоми инфрасохтор табдил ёфт. Инро гӯянд: дасти одамӣ – гул. Аз ҷумла, бунгоҳи саломатӣ, маркази инкишофи барвақтии кӯдак, муассисаи таълимӣ барои сокинони навомада дарвозаи бузурги умедро кушодааст. Мардуми маҳаллаи нав дар заминҳои назди ҳавлии худ, аллакай, кишти дуюми зироатҳоро сар кардаанд.

Фарзона ҲУСЕЙНЗОДА,
мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Тоҷикобод:


– Миннатдории худро ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки бо дастурашон хонаҳои замонавӣ бунёд шуд. Имрӯз хурсандии моро ҳаду канор нест. Мо – занону модарони тоҷикободӣ, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки фарзандҳои худро дар руҳияи ватандӯстӣ ба воя расонем. Бовар дорем, ки фарзандони ин маҳаллаи навбунёд бо баҳои хубу аъло хонда, деҳа ва ноҳияи худро на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар дигар кишварҳо муаррифӣ менамоянд.

Қодирҷон МАНСУРЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод:


– Пас аз як соати заминларза мардуми ноҳия муттаҳид шуда, ба ёрии ҳамдигар шитофтанд. Тавре аён аст, ҳоло ин мавзеъ ба шаҳраки нав табдил ёфтааст. Ёриҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт расиданд. Имрӯз мардум аз шароити фароҳамшуда шукргузор буда, дар чеҳраашон хушнудӣ ҳувайдост. Танҳо шукргузор будану талош намудан барои пешрафт зарур аст.

Кароматулло АТО, “Ҷумҳурият”,
Душанбе – Рашт – Тоҷикобод – Душанбе

Санаи нашр: 27.08.2025 №: 165-166