САРВАРЕ ДАР ФИКРИ МИЛЛАТ

28 август 2025, Панҷшанбе
15


(шодиёнае андар тақсими “Шоҳнома” дар Нуробод)

Фикри миллат мекунад чун Сарвараш,
Бошад ин миллат ҳамеша дар бараш.
Армуғони Сарвари давлат – китоб –
"Шоҳнома"- бахту тахту минбараш.
Мерасад бар дасти ҳар пиру ҷавон,
Номаи пешиниён чун гавҳараш.
Баҳри ҳифзи марзу буми Меҳанаш,
Доимо омода меҳу кеҳтараш.
"Шоҳнома" хондаву хуш парварад
Кӯдаконашро ба доман модараш.
Миллате рӯ оварад бар маърифат,
Дар ду олам сарбаланд ояд сараш.
Пешвои миллати озодагон,
Доимо рахшанда бодо ахтараш!

ПЕШВОИ МИЛЛАТАМ, ХУШ ОМАДЕД!

Марҳабо бар мулки Нуробод,
эй марди матин,
Беҳтарин фарзанди бонангу
виқори сарзамин.
Шаҳсутуни Тоҷикистон,
Пешвои миллатам,
Бо ту дорад миллати ман фахр
то чархи барин!

Давлат ҚУВВАТ,
эҷодкор аз ноҳияи Нуробод

БӮИ ВАТАН МЕКУНАД

Мисраи шеъри тарам бӯи Ватан мекунад,
Ҳар варақи дафтарам бӯи Ватан мекунад.

Нақшу нигори чакан ҳаст ба мисли чаман,
Пираҳани дилбарам бӯи Ватан мекунад.

Модари ҷонам бирафт, монд маро бо Ватан,
Хоки бари модарам бӯи Ватан мекунад.

Гӯшаи ин кишвар аст деҳаи ободи ман,
Хонаву бому дарам бӯи Ватан мекунад.

Сӯхтаму сохтам дар пайи ободиаш,
Лахчаву хокистарам бӯи Ватан мекунад.

Давлат АЛӢ, эҷодкор аз ноҳияи Лахш

Санаи нашр: 27.08.2025 №: 165-166