ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОШКЕНТ. САФИР БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИКИСТОНӢ МУЛОҚОТ НАМУД

ТОШКЕНТ. САФИР БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИКИСТОНӢ МУЛОҚОТ НАМУД

02 май 2023, Сешанбе
57
0


Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар муассисаҳои мухталифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоянд, дидору мулоқот анҷом дод. Ин чорабинӣ ба далели он сурат гирифт, ки фаъолияти солонаи шурои донишҷӯёни тоҷикистонӣ таҳти баррасӣ қарор гирад ва сафири Тоҷикистон аз аҳволи донишҷӯён бевосита ошноӣ пайдо намояд.
Раиси шурои донишҷӯёни Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Ҳусейн Қосим аз фаъолияти солонаи шуро гузориши муфассал ироа намуд. Маълум шуд, ки донишҷӯён ба хотири аз худ намудани илму дониши замонавӣ ҷаҳду талош ба харҷ медиҳанд. Аксарият дар муассисаҳое, ки ба таълим фаро гирифта шудаанд, дар сафи пеш қарор доранд. 
Дар мулоқот аз ҷониби донишҷӯён чанд пешниҳоди судманд гузошта шуд, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода онро бо хушҳолӣ пазируфт ва гуфт, ки ҷиҳати татбиқи он донишҷӯёнро ҳатман дастгирӣ хоҳад кард.
Сафир ба иштирокчиён муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дод. Дар пайи он Абдуҷаббор Раҳмонзода дар робита бо ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ибрози андеша кард. 
– Ин ду пешниҳод аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Созмони Милали Муттаҳид ирсол гардида буд ва, хушбахтона, аз ҷониби 153 давлати ҷаҳон якдилона пуштибонӣ ёфт. Муҳимтар аз он, ба ин васила, мақому манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд арзёбӣ гардид, - изҳор намуд сафир.  
Дар рафти дидору мулоқот Абдуҷаббор Раҳмонзода, инчунин, роҷеъ ба пешравиҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои охир ибрози назар кард ва афзуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонони мамлакат ғамхориҳои беназир зоҳир менамоянд.
Аз донишҷӯёни ҳамватан даъват шуд, ки ба омӯзиши фанҳои дақиқ, технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус диҳанд ва дар ин ҷода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда босамар истифода намоянд.
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолшавии созмону гурӯҳҳои террористиву тундгаро ҳарф зад ва тақозо намуд, ки ҷавонони Ватан ҷиҳати пос доштани арзишҳои миллӣ, барқарории сулҳу субот, таъмини якпорчагии Ватан ва таҳкими дӯстиву рафоқат миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамеша ҷаҳд намоянд.

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент

Санаи нашр: 02.05.2023 №: 91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив