ЛАХШ. ДАР ҲАР ҚАДАМ НАВГОНИСТ

28 август 2025, Панҷшанбе
16


Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Лахш якҷо бо роҳбарияти он иҷрои супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, пайваста ба дастоварду навгониҳои назаррас шарафёб мегарданд.
Тавре Каромиддин Холзода, раиси ноҳия иттилоъ дод, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 56,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 821 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Коргоҳҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 5,4 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд. Ҳаҷми истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 67 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ ба 124,4 дарсад баробар мебошад.
Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 88,3 дарсадро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба нақшаи пешбинигардида аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо 531,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ нагардидааст. Талафоти неруи барқ 4,9 миллион киловатт ё 28,1 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад ва 2 миллион киловатт/соат кам мебошад.
Дар посух ба саволи хабарнигори рӯзнома раиси ноҳия тавзеҳ дод, ки барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 410 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, бо ҷалби нафарони хайрхоҳу соҳибкорон таъмири ҷории 10 километр роҳҳои ҳудуди шаҳраку деҳот ба маблағи 125 ҳазор сомонӣ ба роҳ монда шуд.
Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо, аз ҷумла сармояҳои дохилӣ ва мустақим ҷиҳати бунёди бинову иншооти дигар 17,3 миллион сомонӣ аз худ карда шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 15,6 миллион сомонӣ сурат гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 миллион сомонӣ бештар аст.
Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. Дар доираи нақша-чорабиниҳои таҳиягардида бунёд ва таъмиру таҷдиди 124 иншооти гуногун ҷараён дорад. Аз ин шумора то ҳол 68 иншоот ба истифода дода шуд, ки 55 дарсади нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад ва дар 56 иншооти дигар корҳои сохтмонию лоиҳакашӣ идома доранд. Сохтмони биноҳои қасри фарҳанг, шуъбаҳои маориф, амният, мақомоти адлия, маркази бехатарии озуқаворӣ, идораи шабакаҳои барқ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, ошхонаю бинои санитарию гигиенӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, инчунин, корҳои кашидани хатти оби ошомиданӣ дар маркази ноҳия ва дигар иншооти хизматрасонӣ бомаром идома доранд.
Бо таъкиди Каромиддин Холзода, мардуми ноҳия минбаъд низ саъй мекунанд, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҷиҳати ободонии Меҳан ва расидан ба ҳадафҳои олии иқтисодию иҷтимоӣ, инчунин, истеҳсоли фаровони маҳсулоти кишоварзӣ беш аз пеш заҳмат кашанд. Сокинони Лахш аз иқдоми роҳбарони кишварҳои дӯсти Тоҷикистону Қирғизистон барои бозкушоии гузаргоҳҳои давлатӣ бо самимияти хос сипосгузоранду дӯстию рафоқатро омили асосии хушбахтӣ мешуморанд.
Т. САЪДУЛЛО, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.08.2025 №: 165-166