ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

01 сентябр 2025, Душанбе
38


30-юми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.
Нахуст, дар Донишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳу ошхонаи донишҷӯёни Донишгоҳро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои 8-ошёнаи таълимии Маркази рушди малакаҳо дорои 92 синфхона ва 24 ҳуҷраи корӣ мебошад, ки метавонад дар як вақт то 3200 донишҷӯро ба таълиму тарбия фаро бигирад. Таъсиси маркази таълимӣ барои таъмини идоракунии самтҳои гуногуни Донишгоҳ, ҳамгироии самтҳои гуногуни фаъолият ва муосирсозии раванди таълим нақши асосӣ дорад.
Дар Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар марҳалаи аввал 4500 нафар ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Дар ин ҷо, дар маҷмуъ, аз рӯи 14 ихтисос донишҷӯён ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Ҳар як синфхона бо назардошти талаботи касби интихобнамудаи донишҷӯ бо таҷҳизот ва аёниятҳои мувофиқи хониш таъмин карда шудааст.
Марказ дар доираи татбиқи Барномаи давлатии касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд баҳри соҳибкасб намудани шаҳрвандон бунёд ёфтааст.
Бинои 5-ошёнаи хобгоҳ, ки имрӯз ифтитоҳ ёфт, бо 92 ҳуҷра барои 368 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Ҳар як ҳуҷра мутобиқ ба талаботи зарурӣ ҷиҳозонда шуда, дар он барои будубоши донишҷӯён шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.
Дар бинои 3-ошёнаи таълимӣ, ки қисме аз Маркази рушд мебошад, толори барҳавои варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ҷойгир шудааст, ки бо истифода аз ин шароит 5 намуди мусобиқаи варзишӣ ба роҳ монда мешавад.
Ошхонаи нави Донишгоҳ дар як вақт ба 336 донишҷӯ хизмат мерасонад. Дар толори ошхона вохӯрии Роҳбари давлат бо 80 донишҷӯи ятим баргузор гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҳидоят намуданд.
Бояд гуфт, ки дастгирии ятимон зери таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар қарор дошта, фароҳам кардани шароит ҳавасмандии донишҷӯёнро барои омӯзиши илмҳои муосир дучанд мегардонад. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир фароҳам овардани имконияти зарурӣ барои илму донишомӯзии ҷавонон муҳимтарин василаи омода намудани кадрҳои баландихтисоси хештаншинос ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз баъди шиносоӣ бо лоиҳаҳои як қатор иншоот барои бунёди бинои таълимии 12-ошёна дар ҳудуди Донишгоҳ ва бинои таълимии 7-ошёнаи Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон асос гузоштанд. Бинои иловагии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 72 синфхонаи барҳаво иборат хоҳад буд ва барои 1500 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш доданд, ки иншоотро бо назардошти талаботи муосири таълим, меъмории миллӣ ва босифат бунёд намоянд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз коргоҳи таълимию истеҳсолии дӯзандагии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин ҷо барои 200 кас мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст, ки донишҷӯён дар баробари омӯзиш ба кори музднок ҷалб карда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинову иншооти нав дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҷамъомад ба муносибати Рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намуданд.

Санаи нашр: 01.09.2025 №: 168