ТАНТАНАИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

03 сентябр 2025, Чоршанбе
31

Ҳамасола 1-уми сентябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи дониш бо шукӯҳу манзалати хосса таҷлил гардида, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар ин рӯз Дарси сулҳ гузаронда мешавад.

Бахшида ба ин сана, дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов, бо иштироки Диловар Ҳайдарзода, сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорати Вазорати фарҳанг, Салоҳиддин Раззоқзода, директори муассиса ва омӯзгорону донишҷӯён чорабинии идона баргузор шуд.
Д. Ҳайдарзода донишҷӯён ва омӯзгоронро ба ин рӯзи фархунда табрик карда, зикр намуд: "Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон ва боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва судманд амалӣ мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром мегузорем. Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад".
Таъкид шуд, ки омӯзгорон уҳдадоранд, бар ивази ҳамаи ин ғамхориҳо шогирдонро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намуда, қадри сулҳу оромӣ ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус ҷавонон, боз ҳам бештар тарғиб намоянд.

Дарвеш ҚУРБОНОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.09.2025 №: 169