НАМОИШИ ЁДГОРИҲОИ ТОҶИКОН ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ЧИН
Дар Осорхонаи миллии Чин Намоиши байналмилалии «Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай» ташкил шуд, ки дар он ёдгориҳои осори миллии тоҷикон муаррифӣ гардид.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 24 осори пешниҳоднамудаи Тоҷикистон барои намоиши «Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай» беназир буда, фарогири асрҳои V–IV то мелод то асри XX мебошанд.
Қадимтарин экспонати гӯшаи Тоҷикистон ҷузъи тахти шоҳӣ дар шакли сари гӯсфанди кӯҳӣ мебошад, ки дар Исфарасойи шаҳри Конибодом ёфт шуда, ба асри V то мелод тааллуқ дорад. Миҷмар (курилница) бо тасвири Буддо, ки ба давраи давлатдории Кӯшониён (асрҳои I–IV мелодӣ) марбут аст, фарҳанги қадим ва таҳаммулпазирии халқро таҷассум менамояд.
Ёдгории Панҷакенти Қадим (асрҳои V–VII мелодӣ), ки дар ҷаҳон ҳамчун «Помпейи Шарқ» маъруф мебошад, аз муҳр ва санге бо катибаи суғдӣ иборат аст. Кӯзаву зарфҳои сафолӣ ва мисӣ бо катибаҳо аз авҷи аълои ҳунарҳои мардумӣ дар «асри тиллоӣ» — давраи Сомониён (асрҳои IX–X мелодӣ) дарак медиҳад. Ҳамчунин, дар намоиш намунаҳои ашёи мисӣ, аз қабили кӯза ва дастшӯйҳо бо тасвирҳои оҳу ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Қаламдонҳо низ дорои пандҳои ахлоқӣ мебошанд. Намунаҳои асбоби мусиқӣ, ки дар ин намоиш пешкаш шудаанд, бозгӯи маҳорати баланди санъати мусиқии тоҷикон мебошад.
Бояд гуфт, ки Намоиши байналмилалии «Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай» то 16-уми ноябри соли 2025 идома меёбад.
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БАРНОМАСОЗИ ҶАВОН»
Дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Барномасози ҷавон» баргузор шуд.
Тавре Вазорати маориф ва илм хабар додааст, хонандагони боистеъдод аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳорати худро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ пешниҳод намуданд.
Озмуни мазкур ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардидани солҳои 2020-2040 доир гардид.
Бояд гуфт, ки тибқи талаботи низомнома, Озмун барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат ташкил шуда, 4 бахшро дар бар гирифт: барномасозӣ, веб-барномасозӣ, сохтани манбаи маълумот (базаи додаҳо) ва сохтани шабакаҳои иттилоотӣ.
Ғолибон бо туҳфаҳо ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
«НАВСОЗИИ ЧИН»
Чанде пеш зери ин унвон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсия баргузор шуд.
Дар оғоз зикр гардид, ки лоиҳаҳои дуҷониба, ки ба навсозии ҳар ду мамлакат мусоидат менамоянд, боз ҳам фаъолтар рушд намуда, дар доираи ҳамкории муштарак оид ба сохтмони «Камарбанд ва роҳ» миқёси ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Чин пайваста афзоиш меёбад. Ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаҳои манбаъҳои нави энергия, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва тиҷорати электронӣ афзал шуморида, барои пешбурди чунин самтҳо изҳори назар намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти ҳамоиш байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тсинхай ва Донишгоҳи касбӣ-техникии Тсинхай Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Дар охир меҳмонон бо Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи Лубан, ки соли 2022 дар доираи амалишавии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бунёд карда шудааст, шинос шуданд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.09.2025 №: 169
